Бахшҳо

Зоиршо аз Ироқ: Очаҷон, хато кардам, аз ин ҷо мегурезам...

Раҳима Ҷаборова, як сокини ноҳияи Кӯлоб, ки баъди гирифтани хабари даргузашти писараш дар Ироқ, тамоми маросими азодориро анҷом дода буд, ахиран бо шунидани зинда буданаш, бе ҳузури вай аз мавлуди ӯ ҷашн гирифтааст.

Хонум Ҷабборова дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ба онҳо хабар расид, ки Зоиршо дар ҷангҳои Ироқ ба ҳалокат расидааст, аммо ӯ занг зада, гуфтааст, зинда аст ва талош мекунад, ки гурехта ба Ватан биёяд.

Зоиршо Ҳайитов, сокини ҷамоати Зарбдори деҳаи Панҷосиёб моҳи сентябри соли 2014 баъди хатми омӯзишгоҳи касбии шаҳри Кӯлоб барои мардикорӣ Русия меравад. Ба гуфтаи модараш, писари калонаш ҳам дар мардикорӣ буд, аммо Зоиршо назди ӯ нарафтааст: “Баъди шаш моҳ пул фиристод. Гуфт, ки нав кори хуб пайдо кардааст. Зуд-зуд телефон мекард, мегуфт, ки оча як хонаро ба ман монед, омада худам онро таъмир мекунам. Инҷо ҳунарҳои хуб ёд гирифтаам”.

Раҳима Ҷаборова афзуд, моҳи апрели соли 2015 ҳамроҳони писараш, ки низ аз шаҳри Кӯлоб будаанд, ба писари калониаш Сунатулло занг зада мегӯянд, бародарат бо шахсони номаълум дар бораи сафар ба Сурия ва Ироқ суҳбат мекунад: “Сунатулло рафта, ӯро назди худаш меорад. Мегӯяд, ки барои ту билет мехарам ба Тоҷикистон меравӣ, аммо Зоиршо аз ҷойи хоби ӯ мегурезад. Баъди як ҳафтаи ҷустуҷӯҳо ба хона занг зада гуфт, ки ӯро пайдо накардам”.

Ба қавли модари Зоиршо бо гузашти чанд моҳ як рӯз писари ҳамсоя ба хонаашон омада, мегӯяд, Зоиршо бо вай дар шабакаи иҷтимоии “одноклассники” суҳбат мекунад: “Бо кумаки писари хурдиам ба вай паём навиштем. Аз он тараф навишт, ки дар Ироқ ҳастам ва сахт пушаймонам. Баъди се рӯзи ба он ҷо рафтан фаҳмидам, ки хато кардам. Оҷаҷон, коре карда, аз ин ҷо мегурезам. Як моҳ нагузашта, навишт ки гурехтааст ва мо ба мақомот хабари фирор карданашро расонидем. Аммо баъди як рӯз паёмаке гирифтем, ки навишта буданд, Зоиршо шаҳид шуд”.

Хонаводаи Зоиршо баъди ин хабар тамоми маъракаҳои азодориро анҷом додаанд: “Як рӯз ба падараш телефон карда мегӯяд, ки зиндаву саломат ҳаст ва бо чӣ азобе набошад, фирор мекунад. 31 июл зодрӯзи писарам буд, бе ҳузури ӯ ҷашн гирифтем. Бовар дорам, ки писарам бармегардад”.

Як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба “Озодагон” гуфт, теъдоди афроде, ки аз ҷамоати Зарбдори ноҳияи Кӯлоб дар ҷангҳои Ироқу сурия иштирок доранд, ба 8 нафар мерасад.


Зоиршо аз Ироқ: Очаҷон, хато кардам, аз ин ҷо мегурезам...

Зоиршо аз Ироқ: Очаҷон, хато кардам, аз ин ҷо мегурезам...
Мӯҳр
Чамла
Мурданат бех аз онки хамон сарулибоси душманони исломро пушидайи!
Боз хамин давлати халкпарвар аст, ки аз гунохат мегузарад.

чуяндаи хакикат
Афсус сад афсус ки бархе аз чавонони мо то ба ин дарача гумроханд!!!! Эй рохгумкарда вазифаи ту хифзи ватани азиз ва эхтироми волидон аст!!!! Дар хар сурат умед дорем ислох хохи шуд!!!! Агачи хиёнаткори ватан, миллат ва нажодро касе надахшидааст, вале ин кухумати хайрхохи мо туро хохад бахшид!!! Баргард хамватанон туро бо акидаи солим антизоранд!!!

Нохияи Кулоб? Баъдан шахри Кулоб! Ое дар шахри Кулоб нохияе хаст ба номи Кулоб? Е ин факат хатогие ки аз нофахмии нависанда рох дода шудааст?

Гашта биё!
Бисёр не, 5-6 сол турма мешини боз мебуройи.
Ай уҷа ки омади хонат сухт.... Ҳукумат кӣро бахшидай ки тура бахшад.

Бо салом
Ин гуна афрод баъди омаданашон хам ба амнияти кишвари азизамон хатар доранд.Чун ин гурухи котил хело аз хуни мардуми бечораи Ирок ва Сурияро рехтаанд ва хохарони зиёдеро ба унвони "чиходи никох" тачовуз намудаанд ва табиатан он рухияи хайвониашон боки аст.Барои хамин бояд Хукумати кишварамон чунин афродро якумра зиндони кунад, то хам чомеа аз шари онхо эмин буда ва низ барои дигароне,ки ахёнан дар сар чунин хаёл доранд, оинаи ибрат шавад.

мехмон
Рухшона,
Шахри Кулоб хам хаст нохия низ хаст. Гирду атрофи шахри Кулоб нохияро тащкил медихад ки чанд хочаги ( колхозу совхозхои пешина) ба он итоат мекунад .

Бародарон бояд онхоро низ фахмид. О дар чое кор набошад ва маош набошад ва хама чиз кимат ва хто махсулоте, ки дар точики истехсол мешавад аз нархи Россия низ кимат мебошад. Набояд ба онхо хандид. Гушна ба шер мезанад. Холо дар тече маъош гирифта намешавад. Бонкдорони мо кори худа монда ба корхои дигар даст зада бонкхоро муфлис кардаанд. Бародарон сарфаи зимистона кунед, чунки ман медонам, ки хол бадтар мешавад. Гушнаги аз солхои 90-ум батар мешавад. Инро ман гуфтам фаромуш накунед. Озодагон ба шумо, низ дахл дорад. Чунки ин навиштаро чоп намекунед акалан худ казоват кунед. Дар мо ягон расонахои озод хаст? Чаро Алимардонов барои муфлисии Агробонк чавоб намедихад. Боз катаги карда то бонк бо телефони мобилиаш бози карда медарояд. Чоп кунед.

алик
Агар ояд хатми махбас шавад, чунки одамкуш аст. Як умр ин амалаш нобахшиданист.

Абабакр
Одами солим акл ба Сурия намеравад. Як бор ахамият тиед чавонони кам савод ё тамоман бе савод ба Сурия мераванд!


Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)