Бахшҳо
16 авг 2016 10:02Тоҷикистон / Сиёсат / Видео

(ВИДЕО) Корманди “Тоҷиксодиротбонк”: Раиси нав маро буғӣ кард

Абдулмӯъмин О., сардори хадамоти ҳифзи меҳнат, мудофиаи гражданӣ ва назорати бехатарӣ аз сӯхтори “Тоҷиксодиротбонк” мегӯяд, рӯзи 8 августи соли равон Мирҳаёт Ёқубов, раҳбари муваққатии бонк ӯро буғӣ кардааст.

Абдулмӯъмини 63-сола, ки феълан дар беморхонаи марказӣ бо далели бемории асаб бистарӣ аст, 15 август дар суҳбат бо “Озодагон” далели латту кӯб шуданашро пайдо гардидани дастгоҳи сабти пинҳонӣ ё “жучок” дар утоқи раиси Мирҳаёт Ёқубов гуфт. Ӯ мегӯяд, 8 август баъди анҷоми кор сардори хадамоти бехатарии бонк ӯро ба утоқи раиси муваққатӣ даъват кард: “Маъмурияти муввақатии “Тоҷиксодиротбонк” ҳамроҳи 2-3 корманди пешин истода буданд. Як “провода” дар ҳамон ҷо кашол буд. Ростӣ гап раиси мувақатии бонкро як ду бор дида будам, хуб нашинохтам. Як одам аз байни онҳо ҳамон раис, яъне Мирҳаёт Ёқубов будааст, гуфт, “ин чӣ аст?” ва аз гулӯям қапид. Баъд гирифу дар болои як миз гулӯямро хафа кард. Гуфт: “Гап зан, инро ҳамроҳи кӣ мондӣ? Моро “жучок” мондед. Гӯш мекунед”.

Абдулмӯъмин афзуд, раиси нави “Тоҷиксодиротбонк” ба ӯ имконияти суҳбат кардан надодааст: “Нафасам гирифта буд. Қариб, ки мемурдам. Онҷо қариб 10-12 нафар буданд, аммо ягон кас моро халос накард”.

Ӯ гуфт, раис баъдан ба Сафар ном муҳофизи худ амр додааст, вайро бурда дар Бонки миллӣ маҳкам ва баёноташро бигиранд: “Сафар маро маҷбуран даруни ҳоҷатхонаи бонк бурда, қулфи онро аз дарун шикаст ва маро онҷо қариб 2 соат нигоҳ доштанд. Ба писарам телефон кардаму гуфтам, ки маро қариб мекушанд”.

Ба нақли Абдулмӯъмин пас аз дидори писараш бо раиси “Тоҷиксодиротбонк” ӯро озод мекунанд, вале 2 соати дигар баёноташро мегиранд: “Соатҳои 22:30 баёнотнависӣ тамом шуд. Баъд моро ҷавоб доданду хона рафтем”.

Ин корманди “Тоҷиксодиротбонк”, ки акнун аз бемории асаб ранҷ мебарад ва дучори бехобӣ шудааст, пайомдаи латту кӯбашро чунин гуфт: “Баъди ҳамин кор маро дигар хоб набурд. Ҳамин рӯзи аввал аст, ки пас аз хурдани доруҳо аз соати 9 то соати 5-и бегоҳ хоб кардам. Ягон бор мо инхел таҳқирро надида будем. Қариб 10 сол шуд дар ҳамонҷо кор мекунам. Дар онҷо 3,5 ҳазор одам кор мекунад. Ҳамаи ҳамон маро мешиносад. Ман миёни ҳамкорон шарманда шудам”.

Абдулмӯъмин мегӯяд, аз ин қазия ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ариза навиштааст. “Онҳо гуфтанд, ки ин кори мо нест. Мо ин корро намебинем, аммо мо ҳуқуқ надорем, ки аризаи одамонро қабул накунем. Аризаи маро қабул карданд. Гуфтанд мо таҳти назорат мегирему ба прокуротура равон мекунем”,-илова кард вай.



Ӯ ба суоли ин ки пас аз ин қазия хоҳиши кор кардан дар “Тоҷиксодиротбонк”-ро дорад, гуфт: “Агар нисбати ҳамин одам ягон чора набинанд, вай сардор бошад ман чӣ хел кор карда метавонам: “Ту аз болои мо ариза навиштӣ”гуфта маро кор кардан намемонанд. Ман 63 сол дорам. То нафақаам ҳамагӣ 3-4 моҳи дигар монд. Наздик ба 15 сол дар як ҷо кор кардам. Кӣ дар ду се моҳи мондагӣ корро мепартояд? Ҳисоби миёнаи музди меҳнат барои нафақа лозим аст-ку?! Агар имконият бошад, корамро давом доданӣ ҳастам”.

Абдулмӯъмин афзуд, дар қазияе, ки ӯро гунаҳкор кардаанд, ба вазифаи хизматии ӯ шомил намешавад: “Якум, бояд ҳамаи инро месанҷиданд, ки инро кӣ кардааст? Аз куҷо ба куҷо бурдаанд? Дар вазифаи хизматии кӣ медарояд? Ҳамин корро накарданд ва ба ман зарбаи маънавӣ заданд”. Ӯ гуфт, гузашта аз ин баъди санҷиш маълум шуда, ки ҳамаи дастгоҳҳои сабти пинҳонӣ, ки аз утоқи раис пайдо шуд, корношоям будааст.

Талоши мо барои суҳбат бо раҳбарияти муваққатии "Тоҷиксодиротбонк" то ин лаҳза бенатиҷа буд. Дар сурати дарёфти назари онҳо "Озодагон" онро нашр мекунад.

Бонки миллии Тоҷикистон 18 майи соли равон дар “Тоҷиксодиротбонк” барои се моҳ маъмурияти муваққатӣ таҳти роҳбарии Мирҳаёт Ёқубовро таъин кард. Ҳадафи ин тасмим "беҳтар кардани вазъи молиявии бонк ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳони он" унвон шуд.

“Тоҷиксодиротбонк”, дуюмин бонки калонтарини Тоҷикистон аст, ки дороиҳояш 483 миллион доллар баҳогузорӣ шудаанд. Моликони саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк” 5 ширкат - “Евразия”-58,89%, “Мелодиён”-11,65%, “Эҳсон”-10,99%, “Медиа Плюс”-7,38% ва “Восток”-1,11% мебошад, ки аз инҳо ширкати “Евразия” ба Тоҷиддин Пирзода, раиси “Тоҷиксодиротбонк” марбут дониста мешавад.
Мӯҳр
Бемасулияти. Наход хамихели оадама раис мони. Чаноби оли фахмад коротон безеб мешад

Ин раиси нав расо сараш вайрон будаст-ку... Ин чидди нест!

Шахбоз
Мухтарам Абдулмӯъмин! Назди раиси шахри Душанбе мухтарам Махмадсаид Убайдуллоев равед. Он кас шуморо хали мушкилиатонро меёбад.

Вафо
Шармандаги ана барои чи кризис........

Хама харакат бадномкунист
Омада харакат доран, ки обод намояндай Бонки милли

Чамшед .Дангара
Вакте Раис намедонад,ки кадом кор дар масъулияти кадом коргар хаст,чи гуна метавонистааст,ин бонкро аз муфлисшави начот дихад.Ачаб дунё!
Мулк сангистону мо бе сангарем,
Сар ба сар сардору,мо бе сарварем.
Ваё ё хато шуда ба Точик таввалуд шуданам.....

Dilshod
Behtar hast ki raisi Bonki Mili ba istifo ravad chynki masyli aval va akhir dar taino in kadrhoi kriminql sifat raisi bonk hast. Agar kamtar obry doshta boshad ba dasti xydash ba istifo boyad ravad.

Бародар он раис тоҷики тоза аст расми хуби тоҷиконаро нишон медиҳад агар милати дигар бошад ҳеҷ вақт ин корро намекунад,

OБООООООООООООО БО НАКШИ МАРДАКИ ХУБА. БАРОИ ИН КОРРО АНИК КАРДАН МАКОМОТИ КУДРАТИ ХАСТ ДАР КИШВАР. Ё БА ШУМО МУХТАРРАМ РАИСИ МУВАККАТИ КАСЕ ИН ВАКОЛАТРО ХАМ ДОДААСТ ЧИ.???

Рости гап ин бечораи оби гарми рузаш сиёҳ мешавад чи да баломонд шогирдои бачаҳои болора да овоза кард

Хайрон
Агар раиси мувакати ин жучокора мондаги шудаст, значит на долго аз Бонк рафтани нест??? Кани ичозати суд барои ин корхо? Е ин ки бонкро то охир гутонданианд? Озодагон ташаккур

Раиси нав бояд ба макомот мурочиат мекард, мувофмкм конун чамъоварии мавод нисбати шахси дигар (сабти овоз, видео, акс...) бе ичозати макомоти дахлдор гайриконунист! Агар ягон далел дошт, пас акалан ба СБ-и худаш мурочиат мекард ва дар асоси далелхои шайъии СБ-и бонк ба милиса хабар медоданд! Аммо лату куб кардани марди 63 соларо касе ба у хукук надодаст! Аз падари худаш фикр кунад хамин раиси бонк, агар падари уро дар деха раиси махалла хамин хел лату куб кунад, у хамчун писар бо раиси махалла чи кор мекард? Одамонро ба табакаи якуму, дуюм чудо кардан лозим нест !

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)