Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 26 апрел 2017, 18:54

Фарид Сафармамад: Муваффақтарин модели маориф дар фазои носозгор мепӯсад

16 август 2016, 09:47

Фарид Сафармамад. Як ҳамватани 34-солаи мост, ки ҳоло дар яке аз бонуфузтарин донишгоҳҳои иёолоти Вирҷиниёи ИМА, Донишгоҳи Олд Доминион (Old Dominion University) ҳам устод аст ва ҳам дар давраи дуктуро таҳсил мекунад. Фарид дар тахассуси таҳсилоти ибтидоии касбӣ-техникӣ машғули тадрис ва пажуҳиш аст. Давраи мостарии худро ҳам дар ҳамин донишгоҳ фаро гирифтааст. Қабл аз рафтан ба Амрико дар Тоҷикистон ва Итолиё дар лоиҳаҳои гуногуне дар заминаи рушд ва ислоҳоти маориф кор кардааст. Бештар аз 1,5 сол ҳамоҳангсози Барномаи омӯзишҳои фаромарзии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ буд. Иршод Сулаймонӣ, хабарнигори “Озодагон” бо Фарид Сафармамад суҳбате анҷом дод, ки пешниҳоди хонандаҳо мешавад.

Озодагон: Шумо огоҳед, ки чанде пеш Агентии омори Тоҷикистон бо такя ба омори Вазорати маорифи кишвар теъдоди аҳли саводро 98,2 фоиз эълон кард. Меъёри доштани саводро ин кумита хондан ва навиштан гуфт. Бисёриҳо ба ин омор шак оварданд. Аз назари Шумо, ки як унвонҷуйи давраи дуктуро дар ИМА ҳастед, ин омор то куҷо метавонад дуруст бошад ва дар низоми маорифи ҷаҳонӣ меъёри савод чист?

Фарид Сафармамад:
Бале, аз ин омор ва мубоҳиса атрофи он огоҳ ҳастам. Пеш аз он ки сари ин масъала суҳбат кунем, бояд қайд кард, ки мафҳуми “савод” гарчанде аз як тараф сода ва фаҳмо ба назар мерасад, аз тарафи дигар ин мафҳум мураккаб ҳаст ва дар доираҳои илмӣ баҳс дар мавриди мазмун ва таърифи он идома дорад. Гузашта аз ин, шинохти савод ва меъёри он вобаста ба давру замон, макон (контекст) ва арзишҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии ин ё он ҷомеа тағйирпазир аст ва бояд чунини ҳам бошад. Агар ба таърихи омӯзиш назар биандозем, қариб дар ҳамаи ҷомеҳои башарӣ омӯзиш ва саводомузӣ дар маҳдудаи масҷиду калисо анҷом ёфт ва ченаки он ҳам танҳо аз хондан ва аз бар намудани матнҳои динӣ буд. Бо мурури замон ва гузариш аз як даврон ба даврони дигар (масалан аз даврони Эҳё ба Инқилоби санъатӣ ) маънои савод фарохтар шуд аз он ки дар ибтидо буд. Дар ҷомеъаи Тоҷикистон, масалан, солҳои 30-40, хусусан дар деҳот, шахс метавонист бо таҳсилоти синфи 8 ва поинтар аз он ҳамчун омӯзгор дарс диҳад ва хеле ҳам босавод маҳсуб мешуданд. Аммо бо кам шудани бесаводии оммавӣ таърифу таснифи савод ва талабот ба он низ дигар шуд.
Идораи таҳсилот, илм ва фарҳанги Созмони миллали муттаҳид (ЮНЕСКО) ҳанӯз соли 1970 барои мафҳуми савод таърифи умумиро ироа кард, ки аз маҳоратҳои хондан, навиштан ва асосҳои ҳисоб иборат аст. Ин таъриф бо мақсади арзёбии байналмилалӣ ва барои кишварҳо пешниҳод кардани як роҳнамои умумӣ буд, то онҳо тавонанд бар асоси он меъёрҳо ё ченакҳои худро тадвин кунанд. Бинобар ин, кишварҳо меъёрҳо ва таърифҳои гуногунро барои саводнокӣ ироа карданд. Масалан, мафҳуми савод дар Исроил, Непал, Ҳинд, Брозил, ва Кения аз ҳам тафовут дорад...

Бар асоси ақидаи олимони соҳаи омӯзиш, хондан танҳо хондан ва фаҳмидани вожаҳо нест, балки фаротар аз он буда ва тафсири матн, нишонаҳо, рамзҳо, ва тасвирҳо мебошад. Навиштанро, фикр мекунам танҳо дар нусхбардорӣ маҳдуд намешавад, балки навиштани фикри том бо истифода аз тафаккури интиқодӣ ва эҷодкорона аст. Аз ҳамин лиҳоз фикр мекунам, агар Тоҷикистон барои худ меъёрро зиннаи аввали хондан ва навиштан муқаррар кардааст, пас он омори номбаршуда шояд қобили қабул бошад. Баъдан, ба куллӣ қабул кардан ё нодуруст шумурдани он 98,2% мушкил аст, чунки маълумоти иловагӣ дар даст надорем. Кумитаи омор танҳо оморро эълон кард, вале маълумот дар мавриди шеваи (методология) ҷамоварии ин додаҳо вуҷуд надорад. Масалан, кадом критерия (худизҳорӣ, тести махсус, ва ё дараҷаи таҳсилот) барои муайян намудани сатҳи савод истифода шуд. Кадом суолҳо пурсида шуданд? Кӣ пурсида шуд?Оё ҳамаи қишрҳои аҳолӣ (аз лиҳози синну сол ва ҷинс) дар пурсиши мазкур ё тест иштирок карданд? Масалан, агар пурсиш дар рафти саршумории аҳолӣ сурат гирифта бошад ва дар бештар маворид волидайн посух дода бошанд, пас пурсиш ё тест фарогир набуд ва хулосаи онро намешавад умумият дод. Фикр мекунам агар ҷиҳатҳои илмии пажуҳишро баҳс кунем суҳбат тулонӣ мешавад.

Озодагон: Агар аз ин бигзарем, дар маҷмӯъ маориф дар кишвари мо дар чӣ поя аст? Зоҳиран ба назар мерасад, ки давлат маорифро ҳамчун як “қопи холӣ”аз гӯшааш кашола карда аз соле ба соле мебарад, вале ҳеч аст, ки маориф давлатро аз пушти худ бикашонад. Магар вазъ ҳамин тур нест? Ё аз ин бадтар аст ё фикр мекунед, мо воҳима мекунем?

Фарид Сафармамад:
Дар умум, соҳаи маориф (дар назар дорам муасиссаҳои давлатӣ) чӣ дар кишварҳои рӯ ба инкишоф ва чӣ дар кишварҳои рушдкарда ба дӯши давлат бор аст ва маблағгузории он ба иқтисоди кишвар вобаста аст. Ва вақте кишварҳо ба буҳрон дучор мешаванд маориф яке аз осебпазиртарин соҳа мебошад ва буҷаи он новобаста ба он ки саҳми омӯзиш ва парвариш дар рушди иқтисод эътироф шудааст, миқроз зада мешавад.
Дар Тоҷикистон, ки иқтисоди заиф дорад ва қариб нисфи даромади онро пули муҳоҷирон ташкил медиҳад, зиёд кардани маблағгузории соҳа ба таври чашмрас номумкин аст. Зимнан, хароҷоти соҳаи маориф дар соли 2012 (тибқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ) ба 4,02 фоизи ММД баробар буд. Биноан, сиёсати рушди соҳа дар бисёр мавридҳо фаротар аз варақ ҷойе намеравад. Масалан, Стратегияи рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, ки бо ҳамкории ташкилотҳои байналмиллалӣ таҳия шуд ва аз тарафи Ҳукумат соли 2012 тасдиқ шуда буд нақшаҳои хуберо барои беҳбудии соҳа дорад, аммо фикр намекунам ҳамаи 98 номгӯи чорабиниҳои миёнамуҳлат, ки то соли 2014 бояд амалӣ мешуданд, татбиқ шуда бошанд.

Намехоҳам бадбин бошам, аммо агар воқеъбинона назар кунем, вазъи соҳа аз лиҳози таъмини ҳам омӯзгор ва ҳам мудирон нигаронкунанда аст. Ҳайати омӯзгороне, ки дар замони Шуравӣ таълим дидаанд ва донишу малакаи хубтар доранд, ба синни нафаққа расидаанд ва дар кӯтоҳмуддат аз онҳо ҳеч кас намемонад. Инчунини бояд зикр кард ки, мутаассифона, аз ҳеч кас пинҳон нест, ки бисёре аз насли нави омӯзгорон бо роҳҳои ғайри қобили қабул соҳиби диплом шуданд ва донишу малакаи онҳо басанда нест, то насли навро барои асри 21 таълим диҳанд, чун талаботи асри навин бузургтар аз тавоноиҳои онҳост. Мудирияти соҳа ҳам дар дасти мудирони муассир нест ва ба ислоҳоти сартосарӣ ниёз дорад.

Озодагон: Бибинед дар ҳар кишваре, ки маориф ва низоми омӯзишу парвариш заъиф аст, дар он кишвар буҳрони кадр ҳамеша вуҷуд дорад. Тоҷикистон ҳам аз зумраи ҳамин кишварҳост. Маслан, Тоҷикистон чӣ модели рушде барои маорифаш метавонад дошта бошад? Оё моделе, ки имрӯз пеш гирифта шудааст, дуруст аст?

Фарид Сафармамад:
Дар мавриди таъмини кадр дар Тоҷикистон як вазъияти мутаноқизе вуҷуд дорад. Ҳамзамон вуҷуд доштани норасоии кадрҳо ва бекории шадид ба ин бор аст. Пажуҳишҳо нишон медиҳанд, ки бисёре аз корфармоён аз набуди кадрҳои баландихтисос ё созгор набудани дониш ва маҳорати кормандон бо талаботи онҳо шикоят мекунанд. Албатта шумораи бекорон нисбат ба ҷойҳои корӣ ҳамеша бештар аст ва ҳалли ин мушкил дар эҷоди фурсатҳои корӣ аст, ки вобаста аст ба қудрат ва тавоноии иқтисоди кишвар. Дар робита ба буҳрони кадр, бояд гуфт, ки яке аз сабабҳои он вуҷуди фосила байни соҳаи омӯзиш ва парвариш ва бозори кор мебошад. Ба ибораи дигар, ҳамсон набудани фазои омӯзиш ва фазои воқеии кор аст. Масалан, вақте шогирд дар омӯзишгоҳ барномасозии роёна (компютер)-ро меомӯзад дастрасӣ ба интернети баландсуръат ва нармафзорҳои навин надорад. Ҳамин тариқ, дар оянда агар коре пайдо кунад ҳам, албата корфармо аз малакаву донишаш қонеъ намешавад.

Мушкили дигар ин аст, ки хатмкардаҳои макотиби миёна ихтисоси ояндаашонро огоҳона интихоб намекунанд ва дар оянда ё ноком мешаванд ё дар дигар соҳа кор мекунанд. Тадқиқот нишон медиҳанд, ки интихоби огоҳона ва бар асоси шавқу завқ дар оянда пурсамар ва қонеъкунанда воқеъ мешавад.
Агар аз модели таълими кадрҳо суҳбат кунем, наметвонам онро модел бигӯям, чун он ҳанӯз модели мукаммал нест ва танҳо боқимондае аз модели кӯҳнаи даврони Шӯравӣ аст, ки ҳанӯз ба пура ба талаботи замон мутобиқ нашудааст. Модели идеалӣ фикр мекунам вуҷуд надорад. Баъдан ба фикри ман, модел ин ҳамон салла аст ва ниёзе ба каллаи эҷодкор, навовар, озодандеш дорад. Ҳар гуна модели муваффақро аз хориҷ агар биёрем дар фазои носозгор мепӯсад.

Озодагон: Дар сатҳе, ки маорифи кишвари мо қарор дорад куҷо меравем? Каъба ё Туркистон? Айб дар хонандаи тоҷик аст ё дар низоми таълим? Масалан як тоҷик 11 сол дар мактаб забони русӣ меомузад ёд намегирад, вале чанд моҳ дар як маркази забономузӣ забондон мешавад. Инҷо чӣ иллатест? Барои ислоҳоти фарогир дар маорифи мо бояд чӣ кор кард? Вазири маорифи хуб бояд таъин кард, директори мактаби хуб бояд дошт, маоши муаллимро зиёд намуд ва ё...?

Фарид Сафармамад:
Дар ин сатҳе, ки қарор дорад шояд моро ба Каъба бубарад, вале мисле, ки замонҳои қадим пиёда ба онҷо расиданд хеле чизҳоро қурбон кунем, ки мешавад бидуни қурбонӣ ва ё қурбонии камтар ҳам расид. Дар масъалаи забон ва мисоле, ки овардед, фикр мекунам омӯзиш дар мактаби миёна ва умуман дар хурдсолӣ ва бузургсолӣ фарқ мекунанд. Омӯзиш дар замони хурдсолиро ангезаи берунӣ (падару модар, мактаб, баҳо) таҳрик медиҳад ва бештари вақт мо намедонем, ки барои чӣ ин ё он фанро меомӯзем ва мактабу волидайн барои мо тасмим мегиранд. Дар бузургсолӣ мо худамон тасмим мегирем ва он огоҳона аст. Дар бузургсолӣ, ангезаҳои дарунӣ (рушди касбӣ, шуғли нав ва дигарҳо)моро водор месозанд то биомӯзем. Албата фазои омӯзиш ҳам таъсири худро дорад ва агар дар макотиби миёна фазои созгор ҳам аз лиҳози физикӣ ва ҳам маънавӣ фароҳам шавад, омӯзиш бори хубтаре меорад.

Барои ислоҳоти фарогир пеш аз ҳама дурнамое (стратегия) таҳия шавад ки воқеъбинона бошад ва мақсадҳоеро пешниҳод кунад, ки қобили арзёбӣ бошанд, то дар охир битавонем андозагирӣ кунем. То кадом дараҷа ба мақсад ноил шудаем. Дурнамое, ки ҳадафҳои баландпарвозона ва аз воқеъият дур дорад ба ҷойе намерасад. Ислоҳот бояд усулӣ бошад ва ҳамаҷониба. Масалан, мактабҳои замонавиро созем ва дар он ҷо кайфияти хуби таълимро таъмин накунем боз корамон хом мемонад. Кайфияти хуби таълим дастрасӣ ба омӯзгори касбиро низ дар бар мегирад.

Озодагон: Бисёриҳо аз ҷорӣ кардани низоми таҳсилоти кредитӣ дар Тоҷикистон норизо ҳастанд. Албатта манзур дар низоми таҳсилоти ба истилоҳ олӣ. Шумо огоҳ ҳастед, ки ин низом дар кишвари мо чӣ тур роҳандозӣ шуд ва оё шеваи роҳандозӣ шудани он дуруст буд?

Фарид Сафармамад:
Ба низоми кредитӣ гузаштан ҳам як ҷанбаи ислоҳот аст ва аз тарафи дигар ин баро кишварамон ногузир буд, зеро ҳамсоякишварҳо ҳам ба он пайвастаанд. Ва албата ҳар як системаи нав тарафҳои манфӣ ва мусбати худро дорад. Чун дар Точикистон бори авал ба таври озмоишӣ (пилотӣ) системаи кредитиро соли 2005 ҷорӣ карданд ва фикр мекунам дар тайи 10 сол мудирони донишгоҳҳо аз таҷрибаи ҳамдигар омӯхтанд ва онро ба пуррагӣ ба бофтори Тоҷикистон мутобиқ кардаанд. Яке аз тарафҳои мусбат ин аст, ки кишвари мо ба системаи таҳсилоти олии байналмиллалӣ дохил мешавад ва хатмкардаҳои донишгоҳҳои мо метавонанд бе ягон ҳуҷҷатнигорӣ иловагӣ ба донишгоҳҳои Аврупо ва дигар кишварҳо дохил шаванд.

Баъзеҳо бар инанд ки ин система фасодро дар таҳсилот олӣ аз байн мебарад. Бо ин фикр розӣ шуда наметавонам, чунки омӯзгорон ҳамонҳоеянд, ки пештар буданд ва ин вобаста ба инсофу вичдони онҳост. Агар хоҳанд пул бирӯёнанд, дар системаи нав ҳам “роҳҳал”-и онро меёбанд.

Озодагон: Сару садоҳои зиёде дар бораи Маркази миллии тестӣ вуҷуд дорад. Тартиби кори он бо таҷрибаи ҷаҳонӣ ва ё давлатҳои пешрафта чӣ ҳамхонӣ ва мухолифате дорад?

Фарид Сафармамад:
Маркази миллии тестӣ ҳам як навоварие дар системаи маориф аст. Бояд қайд кунам, ки чунин марказҳо дар ҳамаи кишварҳо вуҷуд доранд ва шогирдони мактабҳои миёна тариқи ин марказҳо тестҳои умумиро месупоранд. Дар бисёре аз кишварҳо ба мисли Русия ва Чин ва дар ҳамсоякишвари Афғонистон низ имтиҳоноти дохилшавӣ ба донишгоҳҳо тариқи ин марказҳои тестӣ сурат мегирад. Вале кори ин марказ танҳо мудирияти имтиҳоноти дохилшавӣ нест, балки гузаронидани тестҳо миёни шогирдони синфҳои гуногуни макотиби миёна ҳам аст. Яке аз мушкилоти соҳаи маориф ин набуди маълумот оиди ҳар гуна шохисҳои омӯзиш ва парвариш мебошад, ки дар тасмимгирӣ ва таҳияи сиёсати соҳа мушкил эҷод мекунад. Ин марказ бояд барои пайдо кардани дастрасӣ ба ин гуна маълумотҳо ёрмандӣ кунад.

Инки сару садоҳо зиёданд фикр мекунам ин табиӣ аст ва вокуниш ҷомеъа нишон медиҳад, ки мардум бетараф нестанд, кори онро пайгирӣ мекунанд. То кадом андоза шафофияти кор дар он ҷо таъмин мешавад боз рабт дорад ба мудирони он ва сарсупурдагии онҳо. Фикр мекунам аз солҳои қабл кори он хубтар шуда бошад, чун 3 рӯз пеш шунидам, ки аз деҳаам духтари амак ва боз чанд нафар хатмкунандаҳо бо дониши худ ба донишгоҳ роҳ ёфтанд. Ҳашт – даҳ сол пеш ин ғайримумкин буд.

Озодагон: Шумо дар як тахассуси бисёр ҷолиб таҳсил мекунед. Тахассусе, ки дар мо таҳсилоти ибтидоии касбӣ-техникӣ номида мешавад. Шумо дар Тоҷикистон ҳам дар ин замина дар як лоиҳае кор кардед. Ҳоло вазъи ҳамин соҳа дар кишвари мо дар кадом поя қарор дорад ва дар шароити ногуворе, ки мо дорем ҳамин соҳа чӣ метавонад барои рушди иқтисод ва пешрафти кишвари мо бидиҳад?

Фарид Сафармамад:
Бале зиёда аз даҳ сол аст, ки бо системаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ-техникӣ сару кор дорам. Дар ин соҳа соли 2010 риштаи магистриро хатм кардам ва феълан дар риштаи PhD дар ин соҳа ҳастам.

Дар замони Шӯравӣ ин соҳа ҳам аз лиҳози таълим ва таъмини хатмкунандаҳо бо ҷойи кор хуб роҳандозӣ шуда буд. Чун ҳамоҳангӣ байни соҳа ва истеҳсолот таъмин ва назорат дошт. Баъд аз фурӯпошии Шуравӣ соҳа хеле хароб шуд ва қариб ҳамаи лавозимоти таълимиву техникии он аз кор монд. Дар ин соҳа ҳам ислоҳот аз соли 2003 шурӯъ шуд ва ҳанӯз ҳам давом дорад. Ҳамасола зиёда аз 20 ҳазор шогирд дар омӯзишгоҳҳо ва литсейҳои касбӣ-техникӣ касбу ҳунари гуногун меомӯзанд. Бояд зикр кард, ки системаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ-техникӣ соли 2008 тобеъи Вазорати маориф шуд ва боз соли 2013 тобеъи Вазорати кор, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират баргардонда шуд. Ин гузариш аз як ниҳод ба ниҳоди дигар фикр мекунам самаре надошт ва рафти ислоҳотро то андозае халалдор ҳам кард.

Вале тавре дар боло қайд кардам, чун дар дигар соҳаҳои омӯзиш ва парвариш дар ин соҳа ҳам мушкили таъмини омӯзгорон ва устоҳои касбӣ вуҷуд дорад. Бар замми ин, соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ-техникӣ ба пойгоҳи моддӣ-техникии ҳозиразамон ниёз дорад, то тавонад кадрҳои кории ҷавобгӯ ба бозори корро тайёр кунад. Дар робита ба ин, ин соҳа ниёз ба маблағгузории босубот дорад, то барномаҳои таълимии он ҳамеша бо бозори кор созгор бошанд.

Мушкили дигар ин бо кор таъмин нашудани хатмкунандаҳо мебошад, ки сабаби асосии он пеш аз ҳама заъфи иқтисод, баъдан набуди ҳамкории хуб байни соҳа ва корхонаҳост. Дар баъзе соҳа ба мисли туризм чунин шарикӣ ба роҳ андохта шудааст, вале ҳанӯз ҳам кофӣ нест. Дар кишварҳои Ғарб корфармоён хеле фаъол ҳастанд. Дар ин ҳамкорӣ ва дар таҳияи барномаҳои таълимӣ, таҷрибаомӯзӣ ва бурсияҳо маблағгузорӣ мекунанд.

Мушкили дигар надоштани тамос бо хатмкунандаҳо ва маълумот оид ба шуғли онҳост, ки оё донишу малакаҳои онҳо дар бозор рақобатпазир ҳаст ё хайр. Мудирони соҳа бояд чунин маълумотҳоро ҷамъоварӣ кунанд то тасмимгириҳои ояндашон бар асоси воқеъият бошанд.

Озодагон: Чун Шумо дар таҳсили давраи дуктуро қарор доред, умедворам бо дониш ва маҳоратҳои навини сатҳи ҷаҳонӣ сафи як доктори дигари тоҷикро меафзойед ва барои худу кишвари мо ифтихор меофаринед. Барори мехоҳем.

Фарид Сафармамад:
Ман чунин як истиқболи расонаҳои кишвари худ бисёр хурсандам ва ростӣ чунин интизорие ҳам надоштам. Ба Шумо ҳам барор.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Сафар

  • 17 август 2016 08:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин олими навбаромад аз вазъи маорифи точик умуман бохабар нест ва инаст, ки ба саволхои додашуда чавоби дакик надода, муросокориро пеша кардааст.Дар Точикистон дар хеч вакту замон дарачаи саводноки аз 45% боло набуд ва намешавад.
Посух додан
  • Икбол

  • 21 август 2016 19:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин "хабарнигор" худаш савод надород. Аз кучое меёбад калимсахое ки дар забони точики нестанд а?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Farid tashakkur baroi fikrhoi jolib wa tahlili amiq WA mutawozin.
Посух додан
  • NOSIRHO

  • 16 сентябр 2016 16:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
FARID VIRODJON BARARAT VIRAY BARAKATI mAWLO!!!!!!!!!!!!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!