Бахшҳо

(ВИДЕО) Сафири Амрико: Мо тамоми корҳоро дар Тоҷикистон ба анҷом нарасондаем

Амрико, ки як кишвари абарқудрати дунёст, бо вуҷуди доштани равобити дипломатӣ аз тариқи сафоратхонаҳои худ, ҳамчунин бо баъзе аз кишварҳо муколамаҳои дипломатиро дар форматҳои нав ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, дар ду соли ахир шоҳиди чунин як муколамаи Амрико бо кишварҳои Осиёи марказӣ бо номи С5+1 ҳастем. Чанд рӯз қабл ҳамчунин як муколамаи вазири корҳои хориҷии Амрико бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат пазируфт. “Озодагон” ба дунболи ҳадафҳои муколама хостори як мусоҳибаи ихтисосӣ бо сафири ИМА дар Тоҷикистон шуд. Иршод Сулаймонӣ бо сафирхонум Элизабет Миллард суҳбат кард.

МАҚСАДИ АСОСИИ МО ТАЪМИНИ СУБОТ ДАР МИНТАҚАИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ МЕБОШАД

Озодагон: Хонуми сафир, мехостем, суҳбатро аз як саволи маъмули журналистӣ оғоз кунем. Ҳоло барои ИМА чӣ муҳим аст, ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ формати махсуси муколама дар шакли C5+1-ро роҳандозӣ кардааст? Оё равобити дипломатӣ дар сатҳи сафоратҳо кофӣ нест ва набуд?

Элизабет Миллард:
Тавре шумо медонед, як ҳафта қабл аз ин, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо котиби давлатии ИМА дар як формати нав дидори навбатии худро доир намуданд. Дар мавриди ин ташаббус гуфтаниям, ки як сол қабл котиби давлатии ИМА бо вазирони хориҷии кишварҳои Осиёи Миёна дар шаҳри Ню-Йорк дар доираи ҷаласаи Маҷмааи генералии СММ дидор карда буд. Он аввалин дидор дар формати нав буд ва баъд аз он қарор шуд, ки вохӯрии навбатиро дар шаҳри Самарқанд баргузор кунанд. Дидори Самарқанд дар доираи сафари котиби давлатии ИМА, ҷаноби Керрӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат гирифт. Дар доираи ин дидор ҷаноби Керрӣ бо ҳамтоёни осиёмарказии худ якчанд имкониятҳои ҳамкории минтақавиро муайян намуданд. Аз ҷумла дидори мазкур мавзӯъҳои мавҷуд дар минтақаро барои баррасӣ ва ҳаллу фасл муайян намуд ва талош шуд монеаҳоеро, ки барои ҳамкории минтақавӣ вуҷуд доштанд, аз байн бибарад. Дар ҳамин қолаб, ҳафтаи гузашта вазирони хориҷии кишварҳои Осиёи Миёна ба Керрӣ лоиҳаҳои мушаххасро пешниҳод намуданд ва Ҳукумати ИМА тасмим гирифт барои амалӣ намудани лоиҳаву назароти пешниҳодии мушаххас 15 миллион доллар ҷудо намояд.

Озодагон: Вале ин муколама дар фазое ба вуҷуд омад, ки дар сатҳи коршиносн ва олимон гуфта мешавад, ки баъди Шарқи Наздик минтақаи дигари бархурди абарқудратҳо Осиёи Марказист. Ва мо медонем, ки Осиёи Марказӣ хусусиятҳои хоси худро дорад, зери ин ҳавза минтақаи таҳти нуфузи ду қудрати ҷаҳонӣ Русия ва Чин аст. Аз ҷониби дигар баъзе қудратҳои минтақавӣ ба мисли Туркия ва Эрон ҳам дар ин ҷо нуфузи каме надоранд. Ҳоло гуфта мешавад, ки талоши қудратҳои ғарбӣ барои заминасозӣ дар Осиёи Миёна шурӯъ шудааст. Оё роҳандозии ҳамин шакли муколама ин заминасозӣ барои нуфузи ИМА дар Осиёи Миёна аст ва ё дар воқеъ барои ниҳодина кардани демократия ва тавсеаи ин кишварҳо?

Элизабет Миллард:
Ман фикр мекунам, ки ИМА дар кишвари Шумо тайи 25 соли ахир, аз оғози ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ҳамкорӣ ва фаъолияти худро роҳандозӣ кардааст ва пеш мебарад. Мо якчанд барномаву лоиҳаҳоро дар бахшҳои ёрмандиҳои иқтисодӣ, беҳтар намудани вазъи амният ва субот ва инчунин рушди институтҳои демокртия амалӣ намуда истодаем. Дар сатҳи минтақа ҳам мо муддати муайянест, ки ҳузур дорем. Мақсади мо аз фаъолият дар сатҳи минтақавӣ аз боз намудани сарҳадҳо, беҳтар намудани шароиди тиҷорату савдо ва аз ҷониби дигар ба ҳам овардани минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мебошад, ки ин албатта аҳамияти стратегии хуб дорад. Фикр мекунам ин кори наве нест, балки давоми он фаъолиятест, ки мо дар чанд соли пеш оғоз карда будем.

Озодагон: Мо албатта ёрмандиҳоеро, ки Амрико ба минтақа ва аз ҷумла ба кишвари мо кардааст, медонем ва ҳамеша шоҳиди ин гуна муносибати хуб будем. Аммо аз сӯйи дигар мо медонем, ки ИМА дар сиёсати хориҷии худ эълом дошта, ки яке аз авлавиятҳояш назорат ва ниҳодина шудани арзишҳои демократӣ дар кишварҳои дунё аст. Яъне худро яке аз ҳомиёни демократия дар дунё меҳисобад ва мегӯяд, ки ҳамкориҳояшро бо дар назар гирифтани ҳамин асл (демкоратия) ба роҳ мемонад. Вале он чӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна дар ростои ҳуқуқи инсон, озодии баён, рақобати сиёсӣ, аҳзоби сиёсӣ, озодии эътиқод, ҳукуматдории хуб вуҷуд дорад, бо стандартҳои ИМА мутобиқат намекунанд. Вале мо шоҳид шудаем, ки ИМА дар ин гуна маворид бо пахши изҳоротҳо қаноат мекунад ва ҳамкориҳояшро идома додааст. Баъди ин марҳила (C5+1) ин муносибат давом мекунад ё мо шоҳиди тағйироте дар ҳамкории ИМА мешавем?

Элизабет Миллард:
Ман фикр мекунам дар ин ҷода ба ин саволи муҳиме, ки шумо ироа намудед бояд ду нуктаро зикр кунам. Мақсади асосии мо, пеш аз ҳама таъмин намудани субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Агар дар мавриди Тоҷикистон ба таври вижа сухан ронем, бояд чанд нуктаро дар назар бигирем. Пеш аз ҳама, мо мехоҳем,ки Тоҷикистон битавонад худ ягонагии ҳудуди худро таъмин кунад ва истиқлоли худро пурра таъмин намояд. Аз ҷониби дигар, мақсади мо таъмини рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавре шумо ишораи дуруст кардед рушди институтҳои демократӣ дар кишвар мебошад. Бояд як чизро таъкид бикунам. Ҳафтаи гузашта дар Вошингтон ҷаноби котиби давлатии мо бо ҳамтоёни осиёимарказии худ дар изҳороти муштарак ҷонибдории худро аз рушди ҳуқуқи инсон баён намуд.

ТОҶИКИСТОН БОЯД АЗ МУНОСИБАТҲОИ ТАЪРИХИЯШ БО ҲАМСОЯКИШВАРҲО ХУБ ИСТИФОДА КУНАД

Озодагон: Ташаккур, як масъалаи дигар ҳам ҳаст. Дар пешорӯйи ҳамин муколамае, ки гузашт чанде пештар Вазорати хориҷаи шумо аз ҳукумат талаб кард, ки барои ҳамкорӣ бо расонаҳо дар Осиёи Миёна пули бештар ҷудо кунад ва гуфт, ин маблағ барои рақобат бо “мошини тарғиботии Русия” лозим аст. Оё ин маънои онро надорад, ки ИМА фазои иттилоотии Осиёи Миёнаро барои рақобат ва ҳадафҳои геополитикӣ ва муборизаҳои сиёсии худ бо Русия истифода мекунад?

(ВИДЕО) Сафири Амрико: Мо тамоми корҳоро дар Тоҷикистон ба анҷом нарасондаемЭлизабет Миллард:
Мо дар бораи ҳамкории худ нисбат ба Тоҷикистон ва умуман минтақаи Осиёи Марказӣ нигоҳи мусбат дорем. Барои пешбурди ҳамкориҳои ИМА бо кишварҳои Осиёи Миёна ва Тоҷикистон зарфиятҳои бузурге вуҷуд дорад. Аз ҷониби дигар ман бояд зикр кунам, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар атрофи худ, ҳамсояҳои худро дорад, ки бо онҳо муносиботи дарозмуддати таърихӣ дорад. Ман ҳоло ба омӯзиши забони тоҷикӣ машғулам. Чанде пеш як мақоли хуби тоҷикро шунидам: “Агар муносибати шумо бо ҳамсояатон хуб бошад, метавонед пешрафт кунед”. Барои ҳамин, фикр мекунам, ки Тоҷикистон бояд аз муносибатҳои таърихияш бо ҳамсоякишварҳои худ хуб истифода кунад.

Озодагон: Ин ҷо мехоҳам як саволи дигарро матраҳ кунам. ИМА ҳамеша аз нуфузи Русия дар Осиёи Миёна нигаронӣ мекунад, вале аз ҳузури абарқудрати дигари минтақа, яъне Чин чандон нигарон нест. Дар ҳоле, ки Чин бештарин сармоягузориҳоро дар ин кишварҳо мекунад ва ҳузури мустақиме дорад. Ин мавқеи ИМА-ро чӣ гуна бояд бифаҳмем?

Элизабет Миллард:
Ман бар он ақида ҳастам, ки бисёртар таъмин намудани алоқамандӣ байни кишварҳо, кушодани роҳу равишҳо миёни кишварҳо барои беҳбуди содироту воридот ва муносибати байни мардум ва инчунин рушди савдо, барои ҳамаи ба фоидаи кор хоҳад буд. Имрӯз, тавре шумо ишора кардед, ҳамсоякишварҳои шумо барои беҳтар намудани чунин инфрасохтор, барои таъмин намудани амният ва рушди иқтисодии кишварҳои шумо агар маблағгузорӣ мекунанд, фикр мекунам ба фоидаи кор аст. Аз ҷониби дигар, тавре зикр намудам, мо имрӯз барои боз намудани сарҳадҳо ва ба гуфтаи коршиносон барои беҳтар намудани инфрасохтори сабук талош дорем. Яъне ин маънои онро дорад, ки барои беҳтар намудани муносибатҳо талошҳои худро мекунем. Аз ҷониби дигар боз инфрасохтори физикӣ вуҷуд дорад, ки роҳҳои оҳану автомобилгардро дар бар мегирад ва агар кишварҳои бузурги минтақа барои беҳтар намудани ин қисмати кор сармоягузорӣ мекунанд, аз назари мо ба нафъи ҳар як кишвари минтақа аст.

Озодагон: Вале хонуми сафир, баъзе аз коршиносон ва мунтақидони ИМА, мегӯянд ва аз ҷумла мо ҳам бар ин ақида ҳастем, ки кишвари Шумо вобаста ба манфиатҳо ва ҳадафҳое, ки дар Осиёи Миёна дорад, ба баъзе аз падидаҳое, ки дар онҳо арзишҳои демократӣ бисёр дағалона вайрон мешаванд, бархурди ҷиддӣ намекунад. Аз ҷумла бо ҳаводиси соли 2005 дар Андиҷони Узбакистон, тағйироти Конститутсия барои тамдиди қудрат дар Қазоқистон, Узбакистон ва Тоҷикистон ва мисли ҳамин арзишҳои дигаре, ки Амрико дунбол мекунад. Оё дар заминаи инҳо мо метавонем бигӯйем, ки ИМА дар роҳи пуштибонӣ аз демократия стандартҳои дугона дорад?

Элизабет Миллард:
Ба назари ман дар ин ҷо ҳеч сиёсати дугонаи ИМА-ро наметавонем бибинем. Аз ҷониби дигар мо феълан тамоми талоши мумкинро карда истодаем, ки ба кишварҳои минтақа, барои рушд ва ниҳодина шудани арзишҳои демкоратӣ ёрӣ бирасонем. Мо албатта ёриҳои худро тавассути барномаҳои мушаххаси иқтисодӣ расонида истодаем. Дар мавриди муколамаи мавзӯъҳои савол бошад, мо дар ҳама гуфтушунидҳои худ ба таври кушоду равшан назари худро баён мекунем. Ман дар назар дорам, ки ҳам дар муколамаҳои хусусӣ бо намояндаҳои ҳукумати кишварҳо ва ҳам дар изҳоротҳои ошкори мо, ки барои мардум пешниҳод мешаванд. Масъалаҳои мавриди назари шумо ҳам дар муколамаи ҳафтаи гузашта дар мизи гуфтушунид гузошта шуда буданд. Ман фикр мекунам, ки пешниҳод намудани имконияти бештар барои озодона изҳор намудани фикру ақида дар оянда ба пурзӯр шудани суботи Тоҷикистон ёрӣ мерасонад.



ОЗОДИИ ДИН БАРОИ КИШВАРИ МО ЯК МАСЪАЛАИ НИҲОЯТ МУҲИМ АСТ

Озодагон: Комиссияи байналмилалии озодии динӣ (US Commision on International Religious Freedom) дар як гузориши худ Тоҷикистонро “поймолкунандаи доимӣ ва бузурги озодиҳои динӣ” номид ва ба ҳукумати Амрико тавсия дод, “ба ҳукумати Тоҷикистон фишор биёрад, то қонуни соли 2009 ва дигар қонунҳои марбутро ба тааҳудоти (commitment) байналмилалӣ мутобиқ кунад. Инчунин гуфта буд, ки “барои сафорати Амрико шароит фароҳам кунад то парвандаҳои додгоҳии нафаронеро, ки бо фаъолиятҳои динӣ айбдор шудаанд, пайгирӣ кунад”. Ҷавоби ҳукумати Амрико ба ин дархост чӣ буд ва оё онро амалӣ кард ё мекунад?

Элизабет Миллард:
Ман гуфта метонавонам, ки Депортаменти давлатӣ нисбат ба камбудҳо дар ҷодаи озодиҳои динӣ фикру ақида ва ё нигарониҳои худро изҳор намуда буд. Чанде пеш, яке аз мансабдорони баландпояи ИМА, сафир Саперстинг ба Тоҷикистон ташриф овард. Эшон бо намояндагони қишрҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла бо намояндагони ҳукумат, бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсони ҷудогонае, ки аз нигоҳи пойбандӣ ба арзишҳои динӣ дар зери фишор қарор доштанд ва ё ба табъиз гирифтор шуда буданд, дидор кард. Албатта, мо назароти худро дар ин ҷода изҳор намудем. Озодии дин барои кишвари мо як масъалаи ниҳоят муҳим аст ва тавре шумо медонед кишвари мо бар мабнои усули озодии дин пеш меравад.

Озодагон: Шумо дар нахустин нишасти хабариатон ба ҳайси сафир дар Тоҷикистон рушди демократияро дар кишвари мо аз авлавиятҳои кори худ гуфтед. Аммо Тоҷикистон феълан дар вазъияте қарор дорад, ки заминаҳои дохилии инкишоф додани демократия бо арзишҳое, ки Амрико дунбол мекунад ҳамхонӣ надорад. Яъне на ҳизби мухолифи воқеъӣ, на ҷомеаи шаҳрвандии қавӣ ва на матубуоти нерӯманд, ки ҳар се аслитарин заминҳои рушди демократия мебошанд, мавҷуд нест. Дар ҳамин вазъият Амрико чӣ гуна метавонад барои он изҳороте, ки хонуми сафир доштанд, талош намояд?

Элизабет Миллард:
Мо, албатта, имрӯз хеле хуб дарк мекунем, ки Тоҷикистон ба чанд мушкили ниҳоят ҷиддӣ рӯ ба рӯст. Ба вежа, мушкилоте, ки хосияти фаромиллӣ доранд, яъне экстремизм ва терроризм, қочоқи маводи мухадир. Инҳо масъалаҳое ҳастанд, ки барои ҳар як кишвар муқобала бо онҳо осон нест. Аз ҷониби дигар, мо бовар бар он дорем, ки арзишҳои демократӣ барои ҳар яки мо хеле муҳиманд. Пайгирӣ намудани арзишҳои демкоратӣ бар алайҳи ҷомеа не, балки барои суботи ҷомеа ёрии густарда мерасонад. Мо дар ин самт, дар тамоми ҷабҳаҳо фаъолона кор мекунем. Ин хоҳ дастгирии расонаҳо бошад, хоҳ дастгирӣ аз заноне, ки дар сиёсат фаъолона иштирок мекунад ва хоҳ масоили дигар мо талошҳои худро карда истодаем. Инро барои он мекунем, ки Тоҷикистон бо қисми боқимондаи ҷаҳон ҳамеша якҷо бошад. Ин фаъолияти худро мо, тавассути лоиҳаҳои гуногун амалӣ кардан дорем, ки яке аз онҳо “Гӯшаҳои Амрико” мебошад, ки дар ин ҷо ҷавонон имкони омӯхтани забони инглисиро доранд. Мо ҳамеша барои пайгирии авлавиятҳои мазкур тамоми кушишҳоро ба харҷ медиҳем.

Озодагон: Яке дигар аз нуктаҳои ҳосилшуда дар нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Миёна бо ҷаноби Керрӣ ин “ширкат варзидан дар пешбурди захираҳои энергетикии барқароршаванда” буд. Аммо дар сатҳи кишварҳои Осиёи Миёна дар ин масъла баҳсҳо ва бархурдҳои бисёр ҷиддӣ вуҷуд дорад. Барои намуна, Тоҷикистон ва Қирғизистон мехоҳанд бо истифода аз захираҳои гидроэнергетикии худ НБО-и бузург, ба монанди “Роғун” ва “Қамбарота”, бисозанд. Вале Узбакистон бо ин тарҳҳо мухолифати шадид дорад ва ҳатто ин мухолифаташро ба СММ кашидааст. Чанде пештар сарвазири Узбакистон ба ҳамтои тоҷикаш нома зад ва дархост, кард, ки Тоҷикистон аз бунёди ин НБО даст кашад, зеро аз нигоҳи ӯ ин тарҳ барои минтақа хатар доштааст. Ин мухолифат то як андоза ба як василаи бозии кшварҳои абарқудрат табдил ёфтааст. ИМА чӣ мавқеъ дорад: геополитикӣ ё ...?

Элизабет Миллард:
Аз нигоҳи ман, об барои ҷаҳони имрӯза масъали хеле муҳим мебошад. Чанде пеш Тоҷикистон як Конфронси хеле муҳташамеро дар заминаи масоили марбут ба об мизбонӣ намуд. Роҳбари ман, ҷаноби Керрӣ ҳам масъалаҳои марбут ба обро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад. Чанде пештар зери роҳбарии Керрӣ як Конфронси бузург дар масоили уқёнусҳо баргузор карда шуд. Барои ҳамин, дар масъалаи истифода захираҳои об, мо бояд ҳама вақт эҳтиёткор бошем. Имрӯз, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа захираҳои бузурги об доранд ва албатта онҳо ҳуқуқи қонунӣ доранд, ки ин захираҳоро мувофиқи салоҳдиди худ истифода баранд. Шумо ҳатман медонед, ки кишваратон захираҳои ғании об дорад.

АЗ ТАҶРИБАИ ҒАНИИ КОРМАНДОНИ СОХТОРҲОИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА АМНИЯТ ДАР ҲАЙРАТАМ

Озодагон: Ба унвони саволи охирин. Шумо дар нишасти хабарии нахустини худ инчунин гуфта будед, ки Амрико тӯли муносибати беш аз 20 солаи худ дар Тоҷикистон 1 миллиард доллар сарф кардааст. Фикр мекунед, ки ин масрафот муассир буд? Ва ба унвони сафири як кишвари дӯст Тоҷикистон чӣ имконотеро барои дастёбии бештар ба демократия ва тавсеаву рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дорад? Ва Шумо агар лозим медонед чӣ тавсия ва таҷрибаҳоеро барои ҳукумат ва мардуми мо пешниҳод мекунед?

(ВИДЕО) Сафири Амрико: Мо тамоми корҳоро дар Тоҷикистон ба анҷом нарасондаемЭлизабет Миллард:
Албатта, имрӯзҳо ман кишвари Шуморо дорам меомӯзам ва ба қисматҳои гуногуни он сафар кардам. Ва шоҳид шудам, ки дастовардҳои мо дар гӯшаҳои гуногуни кишвари шумо ниҳоят бузурганд. Ман аз инҳо дар ҳайратам. Аз як сӯ, мо ба ҷавонони Тоҷикистон имконият медиҳем, ки дар барномаҳои гуногун иштирок карда ва ба ИМА бираванд. Ва ҳамчунин дар деҳот аз имконоти пешниҳодкардаи мо бархӯрдор шуда забони инглисиро биомӯзанд. Ин имкон аз тариқи барномаи “Пешвоёни оянда” пешниҳод мешавад. Ман мушоҳида мекунам, ки модарон дар масоили нигоҳубини кӯдакони худ ба дастовардҳои қобили мулоҳизае ноил шудаанд. Ин имкон ҳам тавассути барномаи “Беҳтар намудани ғизо” пешниҳод шуда буд. Ман аз таҷрибаи ғании кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва амният дар ҳайратам. Барои онҳо на танҳо тавассути таҷҳизот, балки тавассути омӯзшҳо имконоти хубе фароҳам овардем, ки ҳуқуқи инсон як аз қисматҳои асосии омӯзишҳои мазкур мебошад. Тавре шумо мебинед ёрмандиҳои ИМА ба Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун фоидаовар шуда истодааст. Дастоварди ин ду кишвар имрӯз бузурганд, вале бо ин ман гуфта наметавонам, ки мо тамоми корҳоро ба анҷом расонидем. Мо бояд корҳои дигареро ҳам ба анҷом бирасонем, ки фикр мекунам дар ояндаи наздик ҳамкории хубтару қавитаре хоҳем дошт. Яке аз бахшҳое, ки барои мо мавриди таваҷҷуҳ аст ин рушди гардишгарӣ ё туризм мебошад. Мо, ният дорем, ки дар фурсатҳои наздик як коршиносеро дар масоили гардишгарӣ аз ИМА даъват кунем, ки вазъро омӯхта, тавсияҳои мушаххасро барои рушди соҳа пешниҳод кунад. Дигар ин ки мувофиқае, ки бар сари 5 лоиҳа дар С5+1 ҳосил шуд, таконе барои рушди иқтисодӣ ва пешниҳоди имконоти нав барои кишварҳои минтақа мебошанд. Мо ба рушди Осиёи Марказӣ нигоҳи нек дорем.
Мӯҳр
Файзали ЧГП- и Кулоб
Ана, акнун мулло Дилшод картаи бозихои абаркудратхоро кушоди.. Барои Амрико Точикистон хам лозим аст, ки аз инчо бо Чин ва Русия бозии "мушугурба" мекунад, Узбак хам лозим аст, ки бе пули Тирмиз- Хайратон холаш дар Афгонистон бад мешавад. Вагарна Бонки чахони худ ин ниходи амрикоист ва тибки ташхиси он Рогун бо ин сарбанди кунунияш хеч хавфе ба минтака надорад. Аммо сохибони Бонк назари дигаре доранд... Чуноне ки Путин Дерипаскаи чухудро гуфт, ки рафта Рогунро соз, барои Узбакистонро ба ракс даровардан- диданд, ки узбак дукад шуд. Гуфтанд, "сарбандро паст мезозем". Баъдан Медвед дар Самарканд чапонро пушида пурра зидди Точикистон изхорот дод...
Оё, боз кардани рохи охани Кургонтеппа дар барномаи "5-1" НОМУВОФИК АСТ?.. Намекунанд, онхо бозихои пасипардагию манфиахои худро доранд; Амрико обруи худро дар Шарки наздик ва Туркияю Эрон аз даст додааст, бояд барои "хоклутак" ё хокбози чой нав ёбад.
Ба хар хол мулло Пайрав саволхои хуб додаи, вале апаи Сафир гурехта- гурехта чавобхои дипломати додааст.

Сафири Амрико ба ягон саволиОзодагон чавоб надодааст. Хамаи чавобхои хонум сафир умуми ва хаммаъноянд. Аз ин бар меояд, ки ИМА дар минтака танхо хадафмандона ба манфиати худ фаъолият мебарад. Дар бобати сохтани НБО "Рогун" тарафи Узбакистонро чонибдори кард, хол он, ки дар холати бунёди НБО-и мазкур минтака нафъ мебардорад (натичаи ташхис нишон дод). Ба саволхо тавре чавоб додааст, ки "на сих сузаду на кабоб". Ба хар хол бояд мо имкониятхои абаркудратхоро ба манфиати хеш окилона истифода барем, ки хар кадом аз мо ру нагардонанд.

Точик
И бача тоза авгони гап мезана ку

Анвар
Обмури аз бог калон. Саволи журналист мушаххас бояд бошад, шафтолу гу мон бародар. Факат пайвандакхоро сарчумла кардед. Дарси Камолиддиновро нагз хондан даркор буд.

Салом ба озодагон! Ташакур аз шумо хеле бахси окилона суолхои бехтарин аммо камтар дароз (( дилгиркунанда барои сеюм бор вохури бо сафир Мухтарам рузноманигор саволохои кутохтару фахмотар кунед хубтар мешавад...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)