Бахшҳо

Дилшод Назаров нишони тиллои олимпиадаро ба гардан овехт

Дилшод Назаров, варзишгари номовари тоҷик ба дарёфти медали тиллои олимпиадаи Рио-2016 мушарраф гардид.

Ӯ гурзро ба масофаи 78.68 метр партоб кард ва аз ҳама рақибони худ пеш гузашт. Медали нуқра бо нишондоди 77,79 метр насиби Иван Тихон, намояндаи Белорус ва нишони биринҷӣ бо натиҷаи 77,73 метр насиби Войтсех Новитски, варзишгари лаҳистонӣ шуд.

Дилшод Назаров пас аз анҷоми қувваозмоӣ ба хабарнигорон гуфтааст, ба натиҷаи аз ин бештар умед баста буд: “Аммо муҳим ин аст, ки нишони тиллоро соҳиб шудем. Хеле хушбахтам”.

Ӯ дар идома афзуда, ҳатто тасаввур намекунад, ки вақте ба Тоҷикистон бармегардад, ҳамватанон чи гуна истиқболаш мегиранд: “Бо назардошти он “лайк”-ҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузоштанд, эҳтимол, тамоми ҷумҳурӣ мунтазири баромади ман буд”.

Дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейрои Бразилия Тоҷикистонро 7 варзишгар намояндагӣ мекард. Аз миёни онҳо танҳо Дилшод қаҳрамони олимпӣ шуд. Шаш варзишгари дигар ҳатто даври интихобиро убур накарданд.

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

ДИЛШОД НАЗАРОВ - 6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.
- Варзиши сабук, гурзандозӣ.
- Рекорди инфиродиаш 80,71 метр.
- Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (2001) ва Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон (2006). - Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Мураббиёнаш - модараш Зайтуна Назарова, баъдан Юрий Александрович Пискунов, феълан Владимир Машко. - Соли 2015 бо Ордени Шараф дараҷаи II мукофотонида шудааст. - Барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006 (Доҳа, Қатар), 2010 (Гуанҷоу, Чин) ва 2014 (Инчон, Кореяи Ҷанубӣ), қаҳрамони секаратаи Осиё дар солҳои 2009 (Гуанҷоу, Чин), 2013 (Пуна, Ҳиндустон), 2015 (Ухан, Чин) мебошад. Бори чорум дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад. Дар Бозиҳои олимпии соли 2004-ум дар Афина (Юнон) ноком шудааст. Дар Олимпиадаи соли 2008-ум дар Пекин (Чин) ҷойи 11-ум, дар Олимпиадаи соли 2012-ум дар Лондон (Англия) ҷойи 10-умро гирифтааст. Дилшод Назаров ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ (Душанбе, 2003), барандаи медали нуқраи Бозиҳои Африқову Осиё (Ҳиндустон, 2003), ғолиби Бозиҳои I исломӣ (Арабистони Саудӣ, 2005) ва ғолибу ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалист. Дар байни варзишгари тоҷик аввалин шуда ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразил роҳхат гирифт. Моҳи майи соли гузашта дар мусобиқоти ҷаҳонии силсилаи Гран-при оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79 метру 36 сантиметр мақоми дуюмро касб кард ва ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро мушарраф шуд. Дилшод Назаров аз моҳи январи соли 2014 муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мебошад. Инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистонро бар уҳда дорад. Оиладор буда, соҳиби ду фарзанд – як писару як духтар мебошад.
Мӯҳр
Cаид Вешаб
Хазор рахмати калон ба тарбияткардаи ин шахс яъне волидони акаи Дилшодба. Ана ин аст ифтихори миллатдориву дигару дигар. Бояд Дилшод Назаров баъди ин ба курсии Раиси кумитаи Варзиш ва сайёхии назди Хукумати Чумхурии Точикистон сохиб шавад, зеро арзанда аст ва метавонад шавки дигаронро ба хамаи намуди варзиш аз тачибахои худ шавкманд гардонад. Дигар варзишгарони рафтаги хам бояд аз чониби Хукумати Точикистон кадрдони карда шаванд, чунки ин кадрдони завки онхоро ба варзиш боз дучанд мегардонад. Озодагон рахмати калон ба хабари хуш.

ОФАРИН! АНА ИДЕЯИ МИЛЛӢ! МАНА АЗ КӢ МО БОЯД ИБРАТ ГИРЕМ! РАҲМАТ ДИЛШОДЧОН!!!

НАРГИС
Муборак бошад ана ин аст варзишгари хакики

Ватандӯст
Офарин Дилшодҷон муборак шавад, як бори дигар номи Тоҷикистони азизро ба тамоми ҷаҳониён муаррифӣ кардед, сад ОФАРИН!!!

Муборак бошад Точикистон! Ахсан ба фарзанди миллат! Бехтарин дастоварди истиклол дар 10 соли охир! Офарин ин медал обруи Точикистонро бардошта дилхоро шод гардонид.

Далер
офарин Дилшод кандата зан вокеан фахри миллат хасти, ба миллати точикам табрик мегуям.

Неъматуллои Нурулло
Неъматуллои Нурулло
Офарин ба Дилшод Назаров, ки обрӯи миллати тоҷиро дар ҷаҳон баланд бардошт. Аз Комроншоҳи Устопириён низ бовар доштем, вале ба гумони мо "олимпиада гуфта" ӯро ба қавле "бисёр гонят карданд"-аз ҳад зиёд машқи зиёдаш доданд, ки дар пояш фара намонд. Хуб мебуд, агар ду-се рӯз пеш аз ба гуӯштин баромадан истироҳату фароғат ва тамошо мекард ва бо он ҳама зӯраш гурҷиро меғелонд. Вале ин бачаи ҷавонро аз ҳад зиёд машқу тайёрӣ гуфта мондаву хаста карданд, ки оқибаташ "чунин шуд"...Хайр гап нест, хеле ҷавон аст ва бояд аз ин олимпиада сабақ бигирад ва дар оянда бовар дорем, ки соҳиби медал мегардад. Дилшод Назаров бошад-ифтихори мост!!!

Бадриддин
Шарафи точиконро касе набошад бардорад ифтихори мо точикон аст.Худованд давлати точикро милати точикро номбардори милати точикро нигох дорад.Офарин бародар хурсанд шудем.

Интересно чи хел уро дар ватан кадр мекарда бошан . мисли чориева е бештар. Чи медода бошан ин шери нара. Як миллион аз хисоби Алимардонов агар тиян холиям камай.

ironi
زنده باد دلشاد عزیز که دل تاجیکستان و ایران را شاد کرد

Абдурахим
Шумо тасавур кунед ки дар инкадар солхо тасавур кунед даааа дар байни инкадар давлат Суруди милли Точикистон садо дод ва тамоми шабакахо онро пахш карданду шуниданд бовар кунед аз чашмам аш мерезад ки суруди милли моро тамоми чахониён шуниданд ва гуфтанд ки Точикистонхам хаст пас Худо кунад ки хамеша медалхои тиллои олимпи ба Точикистон ояду мохам ба сафи медалхои олимпидор шомил шавем Дилшод дили мардуми Точикро ту шод карди Худо кунад,ки Дили Туро Худованд азинхам шод намояд!!!

Абдурахим
Бовари Дорам Дилшод бо ин амалаш тавонист Хазорон хазор чавонону хамватанони бурунмарзии моро хиси ватандустиро дар калбахои онхо бедор созад Бовар кунед хамаги дар шабакахои ичтимоии аз ин мувафакияти хамватанашон мегуянд....... ДИЛШОД Биё дар Фурудгохи Душанбе туро 9 млн нафар интизор аст биё ки номатро дар таърихи давлатдории точик гузошти ва агар бади тухам хазорон кас медали тилло орад каблан аз васфи он туро хабарнигорон ном мегиранд ва мегуянд мавриди ёдоварист ки авалин бор Дилшод Назаров медали тиллои олимпиро ба Точикистон овардааст чикадар Хушбахтиаст аааааааа бовар кун инкадар коре карди,ки номи туро чандин наслхо хечгох фаромуш намекунанд.

Алёна
Аз фурудгох то берунаш барои ин родмарди Ватан...ифтихори миллат пойандоз андохта..хатман..бояд ба тарики накди маблаггузори шавад..ба мисли чемпионхои РОссия ва Европа..вагарна..дар суратхисобаш ин бонкирхо ва сарватмандони мо дуруг гуфта..чизе намедихандаш...у номи миллатро...дар чахон боло кард...Худо садсолаву тансихат боши..Дилшодчон...Мактабе..кучае ба номаш..гузошта шавад...Хукумату давлат дастгириаш кунанд..одамони алохидаи сарватманде,ки обу нони ин сарзаминро мехуранду бой шудааанд..дапстгириаш кунанд..Озодагон...шумо ах хамин андешахои маро чоп намекунед...чаро????Поянда боши Дилшодчон....Шери замону родмарди Ватан...Худо ёрат...

Ofarin Dilshod
Mubarak boshad Tojikiston!

Ofarin Dilshod
Mubarak bod Tojikiston

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)