Бахшҳо

Салими Аюбзод: Беҳтар аст, ба “dividend” сарбахш гӯем

Дӯстам пурсид, оё дуруст аст, агар барояш dividend (дивидент)-ро “баҳра” тарҷума кардаанд? Дар нигоҳи аввал гӯё дуруст аст. Афрод ё ширкатҳое дар як тарҳ канори ҳам сармоя мегузоранд ва фоидаи бадастомадаро байни худ тақсим мекунанд. Яъне аз кори кардаи худ баҳра мегиранд.

Дӯстам пурсиши дигар кард, ки агар ин баргардон дуруст бошад, ба interest бояд чӣ гуфт, чун онро ҳам бештар “баҳра” ё “фоиз” мегӯянд? Аммо interest маблағест, ки аз гардиши сармоя ба сармоягузор дода мешавад. Ба ҳар тартиб намешавад, ҳам барои dividend ва ҳам барои interest танҳо як вожаи “баҳра”-ро дошт. “Фоиз”-и вомгирифта аз туркӣ ва “дарсад” ба таври пурра ва дақиқ маънии interest-ро дода наметавонанд ва низ ҳарҷу марҷеро дар истилоҳот ба миён меоранд.

Фурсат гирифтам ва ҷустуҷӯе кардаму сипас барояш навиштам, ки dividend, яъне даромад ё фоидае, ки вобаста ба ҳаҷми сармоягузорӣ миёни сармоягузорон тақсим карда мешавад, мазмунан баҳра аст, аммо вижагияш дар он аст, ки ин баҳра мутаносибан байни чанд сармоягузор қисмат мешавад. Аммо interest бештар мизони баҳраи бонкист ва interest rate, яъне сатҳи баҳраи бонкӣ шохиси молиявӣ ва баёнгари вазъи умумии иқтисодӣ, ҳатто дараҷаи эътимод ба додугирифти сармоя аст. Он барои ҳамаи шарикони молиявӣ яксон хоҳад буд, дар ҳоле ки dividend барои ширкатдорони амалиёти молии муанйян вобаста ба ҳаҷми сармоягузорияшон ва ҳам вобаста ба даромади холиси тарҳи муштарак метавонад гуногун бошад.

Дар адабиёти классикии мо вожае ҳаст – “сарбахш”, ҳадияе, ки ба ҳар сари оила, гурӯҳ ё аҳолӣ тақсим мешавад. Аз ин ҷо шояд беҳтар аст, ба dividend сарбахш гӯем. “Сармоягузорони тарҳ ҳар кадом 3 дарсадӣ сарбахш гирифтанд.” Яъне агар яке 100 сомонӣ гузошта буд, 3 сомонӣ ва дигаре, ки 200 сомонӣ гузошта буд, 6 сомонӣ ба даст овард. Дар ин сурат фарқи байни сарбахш ва баҳра шинохта мешавад.

Албатта, ин ҳам бояд гуфта шавад, ки дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” (1969) сарбахш ва баҳра ҳаммаъно шумурда шудаанд. Аммо манзури мо истилоҳоти бонкдорист, ки шояд донандагони он навиштаи моро шарҳи беҳтаре диҳанд. Ошкор аст, ки вақте вожагон ба истилоҳ табдил меёбанд, ҳолати дигаре касб мекунанд. Вале намунае, ки дар ин китоби бузург аз шоири ширинзабонамон Низомии Ганҷавӣ оварда шудааст, воқеан лаззатбахш аст ва ҳам баёнгари нуктае, ки зикр шуд:
Чу навбат ба сарбахши Доро расид,
Шутурбори зар то Бухоро расид.

Мӯҳр
Донишчуи ДМТ
Дивиденд ҳақусаҳм мешавад. Яъне ҳақи саҳҳом аз фоидаи саҳмияаш.

Мухосиб
Дивидендро кайхо боз хаккусахм мегуянд чаноб

...BUCHORO"-i S.Ayniro choned hamunja hamaash gufta shudaast...

Парвиз
Кадом сарбахш? чи маъно дорад сарбахш? як маротиба адабиётхои иктисодиро варак гардонед. Кайхо иктисодшиносони точик дивидендро хакку сахм тарчума кардаанд, яъне хак аз сахми гузошташуда. Сарбахш кобили кабул нест....

мухсин
аз инхен забондонхо хохишки забонро чазир накунанд бехтар аст ин калимахои шумо гуфтагиро 99,99% мардуми точикистон намедона чи меша

Баъди инкилоби октябри карни 20 мардуми точикро бо хамин гуна наоварихо якчанд маротиба бесавод карданд. Бародарони забондон, чи кадаре ки шумо забони моро мураккаб созед, хамон кадар пешравии илми кафо мемонад. аз марду бипурсед, ки "дивиденд"-аш чи асту "сахак"-аш чи? боварии комил дорам, ки "дивиденд"-ро мефахмидагихо бисьертаранд.Ва савол ба миён меояд, ки чи лозим ба мо "сархак," агар мо "дивиденд"-ро хубтар мефахмем. Илми иктисодиёти муоссирро мо худамон набаровардаем, балки аз хорич гирифтаем. Пас чаро истилохоти чахониро истифода накунем?

Муаллим аз Корвон
Ҳамин дивидендаш беҳтар, ҳаққу саҳм - ин тамоман дағал. Вай иқтисодонҳои Парвиз мегуфтагӣ тоҷикиро нахондаанд. Сарбахш хуб аст, вале то онро Парвиз ва дигар иқтисоддонҳо азхуд мекунанд, ки ...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)