Бахшҳо

Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон: Дилшод Назаров шаъну шарафи Тоҷикистонро ҳимоя кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи қаҳрамони бозиҳои олимпӣ шудани Дилшод Назаров ӯро табрик кардааст.

Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз, 20 август дар табрикоти худ гуфтааст, Дилшод Назаров бо сазовор гардидан бо медали тилло шаъну шарафи Тоҷикистонро ҳимоя карда, парчами миллиро боло бардошт, ки ин ифтихори мардуми шарафманди тоҷик аст.

Cубҳи имрӯз ҳамчунин роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба табрики модари Дилшод Назаров рафтанд. Аз ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, зимни суҳбат Зайтуна Самадовна, модари гурзандози маъруфи тоҷик барои дастгирӣ дар рушди тарбияи ҷисмонию варзиш ва варзишгарон ба Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намудаааст. Манбаъ мегӯяд, Зайтуна Самадовна таъкид доштааст, “маҳз бо дастгирии Пешвои миллат фарзандаш Дилшод Назаров ғолиби бозиҳои олимпӣ гардидааст”.

Модари Дилшод Назаров гуфтааст, субҳи имрӯз зимни суҳбати телефонӣ Дилшод танҳо бо як ибора эҳсосоти худро баён намуд: “Мо тавонистем!”

Дилшод Назаров соати 5:05 (ба вақти Душанбе)-и 20 август дар Варзишгоҳи олимпии шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва сазовори нишони тилло шуд.

Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро роҳхат гирифта буд.
Мӯҳр
Бо хамин табрикот тамом. О и табрики холиро ба киса намеандози ку. Кани ягон мукофоти оли ба ин мардак дихед, ки то дигарон дида онхо низ кушиш кунанд.

Ахсан!!!! зинда боши бародар табрик бехтарин ифтихор мекунем бо шумо 5+

Ofarin Dilshood podnyal nastroenie super

Офарин Дилшод поднял настроение super

Саид Вешаб
Чаноби Оли рахмат барои табрикотатон ба ин хел шахсони Ватандуст зеро Дилшод Назаров тавонист обруи миллати худро бо чунин тарзи намуди асосии варзиш яъне Гурзандози баланд бардошт. Ана ин аст ифтихори миллатдориву дигару дигар. Ман бовар дорам, ки баъди гирифтани чунин чоизаи баланд Дилшод Назаров бо як Фармони Шумо ба курсии Раиси кумитаи Варзиш ва сайёхии назди Хукумати Чумхурии Точикистон сохиб мешавад, зеро у арзанда аст ва метавонад шавки дигаронро ба хамаи намуди варзиш аз тачибахои худ шавкманд гардонад. Дигар варзишгарони рафтаги хам бояд аз чониби Хукумати Точикистон кадрдони карда шаванд, чунки ин кадрдони завки онхоро ба варзиш боз дучанд мегардонад. Озодагон рахмати калон ба хабари хуш.

Табрик бародари азиз Дмлшодчон. Офарин ! Шумо тамоми мардуми точикро хушхол кардед.Ахсан! Кахрамони ва диловари бо хунару мехнат ба даст меояд, на бадгуи сийохкунии миллату давлати азизамон!

Ofarin Dilshod podnyal nastroyenie

Табрик табрику тухфа чи медода бошанд . дар узбакистон ба касе ки тилло гирифт ба гайр аз хонаву мошин 200000 доллар ваьда шудааст.

мехмон
Офарин Тахамтани точик ! Гурзи Рустамро бегона накарди !!!

Сино
Мухим тухфа нес, Мухим табрикот аст. Мо низ ба табрикоти раис ЧУМХУР хамрох мешавем ва Дилшод Назаров ва тамоми точикони тунёро табрик мегуем!

Далер
мохам ба табрикоти Чаноби Оли куш шуда Дилшодро табрик мегуем.

Саргардон
Кухистони,
Холи бест, ин шермард биёя, баъд ниго ку табрикоту пулу молу хонаю мошинро...

Файзали ЧГП- Кулоб
Ана, инро Ватандусти меноманд. Бо чойу чаппотии Точики Чемпиони олимпи шудан!..
Мисли дигархо фурухта шуда кишвархои араби шартнома баста,долларкови мерафт, миллионер мешуд. Вале байраку номи миллаташро ба миллиардхо иваз накард. Зихи, Далери миллат!..
Садхо ташаккур ба он падару модари сохиби ин фарзанди номбардору Баномус.. .

Рустам
ВОТ ОН ПАТРИОТ ТАДЖИКИСТАНА. ДИЛШОД НАЗАРОВ СТАЛ НАЦИОНАЛЬНЫМ ГЕРОЯМ!!!! СПАСИБО ТЕ БРАТ ЗА ПОБЕДУ recourse ((((
Я ОТ РАДОСТИ НЕ МОГУ ДЕРЖАТЬ СЛЕЗ recourse recourse

Табрик мегему бо табрик! Дилшодбой аку худут медони ки кризисай ягон кас пулу мул ваъда накардестай ай хукумат. Кушиши шуморо дидем ки сазовори хама чиз хасти. Хами кушиши раисора диданием ки чикадар дастгири мекунан шуморо. Ё дилошон намешад ай пул гап занан ки пул чизи ширин. Кани ку саломат биё бо мебинем.

Dev
Halolat bod mardaki kand!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)