Бахшҳо

Кормандони корхонаи тилло: “Агроинвестбонк” маошамонро намедиҳад!

Бархе кормандони корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин -- “Зарафшон”-и ноҳияи Панҷакент аз пардохт нагардидани музди маошашон аз ҷониби “Агроинвестбонк” изҳори нигаронӣ доранд.

Исмоил Зарифӣ, яке аз ин кормандон субҳи имрӯз, 22 август ба “Озодагон” тамос гирифта, гуфт, ду моҳ мешавад, ҳақмузди худро нагирифтааст: “Соли хониш наздик аст. Фарзандон бояд мактаб раванд, аммо пул надорем. Корхона дар суратҳисобаш дар бонк пул дорад, аммо бонк пулро намедиҳад”.

Маҳмуд Мусоев, муовини директори корхонаи “Зарафшон” дар суҳбат ба “Озодагон” пардохт нагардидани маоши кормандон аз тарафи “Агроинветсбонк”-ро тасдиқ намуд. Ба гуфтаи ӯ, “ҳамин рӯз аз “Агроинвестбонк” ваъда додаанд, ки маоши кормандонро ба зудӣ пардохт мекунанд”.

Дар гузашта низ кормандони ин корхона аз пардохт нашудани маоши худ шикоят карда буданд. Он замон далели нагирифтани маош маҳдуд шудани суратҳисоби корхонаи “зарафшон” дар пайи як баҳси молӣ аз сӯи Кумитаи андози Тоҷикистон гуфта мешуд.

Корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин -- “Зарафшон” дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ҷойгир буда, яке аз корхонаҳои бузурги истихроҷи тилло ба шумор меравад.
Мӯҳр
Да Исмоил Зарифи пул набоша даре да об нест. О и мард фарзанди мактабхон надорад. 2бор хочи шуд.

Агроинвестбонк дар тамоми республика мардумро сарсону саргардон кардааст. Корхонахо хама пул доранд локин аз ин бонк 100сомони гирифта намешавад. Бало ба сари рохбарони корхонахо омадааст дар хама чо чангу чанчол кашокаши. Кормандони ин бонк ягон маъсулият ба душ намегиранд ва ваъда хам намедиханд. Ба фикрам дар инчо низ дасти хукумат аст. Агар чунин намешуд кайхо сари чанд каси онхо ба дор мерафт. Ин хукумат лозим донад ба касе рахм намекунад. Дар пеш рузи истиглолият мебошад. Мумкин пулхоро барои раксу бозию кайфу сафояшон чамъ карда сарф мекунанд. Сер кай парвои гушнаро дорад. Илтимос мекардам, ки аз масъулини ин бонк пурсиш шавад. Алимардонов дастур додааст, ки ба чои пул хонахои истикомати гиранд. Ин хонахоро сохта дид ки ба фуруш намеравад мачбуран ба одамон бор карда истодааст. Озодагон илтимос чоп кунед. Ин "искуственый дефецит" мебошад. Чоп кунед хафа накунед мардума.

Магар бо пули ту ду бор хожи шуд?

БА САЛИМ. Бо пули ман нашудену шикоят кардани як марди сарватманд хуб нест. Шукр кардан даркор. Шукргузор будан лозим. Шукри Худованд,ки сатхи зиндагии халкамон нисбати дигар халкхо хело хубтар.

Худованд беинсофхоро инсоф диханду берахмхоро рахим гардонад. Аз датси мо мардуми камбагал чи меояд. Бо хуни дил ва дар хунукихо кор кардему ними умрамон рафт? каме маблаг ба даст овардем, каллахурхо мегиранду намедиханд. Зури Худованд нарасад, зури мо намерасад. Хар лахзаи гурусна мондан дуое аз дахонамон намебарояд, аммо Худованд чашм надорад, вале мебинад, гуш надорад, вале мешунавад. Махсусан охи дили сагерахоро то гур мебаранд ин ба кавле машеникхо.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)