Бахшҳо

Шикояти як сокини Ҳисор: Ҳашт сол аст, замини худамро гирифта наметавонам

Як сокини шаҳри Ҳисор мегӯяд, ҳашт сол мешавад, ки барои соҳиб шудан ба замини наздиҳавлигиаш сарсону саргардон аст.

Баҳром Ҷабборов, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Ҳисор 23 август ба дафтари “Озодагон” омад ва гуфт, аз муроҷиат ва рафтан пушти дари идораву мақомот хаста шудааст ва намедонад чӣ кор кунад.

Баҳром мегӯяд, соли 2008 ҳамроҳ бо 9 нафари дигар ба ӯ ҳам барои сохтмони манзил қитъаи замин тақсим карданд ва барои дарёфти маблағи сохтмон ба Русия рафт: “Аммо раиси ҷамоат замини маро обӣ ҳисобида, ба хешу табори худаш медиҳад. Суди шаҳр оид ба ин замин ҳалномаи ғайриқонунӣ мебарорад”.

Вай гуфт, вақте аз муҳоҷират баргашт, ҳалномаро гирифта ба Додгоҳи олӣ шикоят бурд: “Дар Суди олӣ шикояти маро баррасӣ карданд ва ҳалномаи Суди шаҳри Ҳисорро ғайриқонунӣ дониста, бекор карданд”.

Ба қавли Баҳром Ҷабборов, дар ин миён раиси шаҳр нав шуд ва ҳуқуқшиноси вай гуфтааст, замин обӣ буда, ғайриқонунӣ тақсим карда шудааст. “Вақте раис аз асли воқеа огоҳ шуд, аз масъулин пурсид, ки агар ғайриқонунӣ буд, чаро заминро тақсим кардед ва дастур дод, ба шаҳрванд заминашро баргардонед”,-афзуд ӯ.

Ин сокини шаҳри Ҳисор мегӯяд, пас аз дастури раиси шаҳр намояндаи идораи заминсозии ҷамоат заминро ҷудо кард ва ӯ хост сертификат бигирад, аммо И.Муҳтарамов, муовини раиси идораи замини шаҳр гуфтааст, аввал таҳкурсии хонаро гузорад, баъд ҳуҷҷат мегирад: “Таҳкурсии хонаро партофта, барои ҳуҷҷат назди муовини раҳбари идораи замини ноҳия рафтам, аммо гуфт, ҷӯра худат медонӣ, ки ҳозир ягон кор бе маблағ ҳал намешавад. Ӯ чор ҳазор доллар талаб кард, вақте гуфтам чунин маблағ надорам, изҳор дошт, ки талабгор барои ин замин бисёр аст”.

Ҷабборов мегӯяд, замини ҷудошуда ҳаққи ӯ мебошад ва 8 сол қабл дар баробари 9 нафари дигар онро барояш тақсим карда буданд. Ҳоло маблағ надорад, ки замини худашро бихарад: “Агар барои хариди замин пул медоштам, ин қадар сол пушти дари идораҳо овора намешудам”.

Ба гуфтаи вай, дар ҳоле ки замин дар ихтиёраш набуд, чор сол андози онро пардохт кард ва танҳо баъди дастури раиси шаҳр дубора заминро соҳиб шуд, аммо ҳоло идораи замини шаҳри Ҳисор ӯро дар худсарона аз худ кардани замин муттаҳам карда, нисбаташ парванда боз карданист: “Ман дигар чӣ кор карданамро намедонам. Аз соли 2008 ман барои соҳиби замини худам шудан саргардон ҳастам. Намедонам ба куҷо муроҷиат кунам. Додамро ба кӣ гӯям?”

Талоши хабарнигори “Озодагон” барои тамос бо масъулини идораи замини шаҳри Ҳисор то замони нашри ин матлаб бенатиҷа буд. Дар сурати дарёфти нуқтаназари онҳо дар робита ба ин қазия он нашр мешавад.
Мӯҳр
Махмуди Хисори
Дар нохияи Хисор конун каме дар кам вучуд дорад .Ба Бахром гуфтаниям ки агар пул надошта боши бо инхо бахс нанамо.зеро камбагала дар болои аст саг пояшро газидааст.

Бо бародар Бахром гуфтаниям,ки бо хархел сафсатахо гуш надеху ноумед нашав .
То рузе хасти бояд аз хаку хукукат талаб куни ин ша Аллоh комёб мешави (ноумед танхо шайтон аст) ,он мардуме мегуянд бефоида аст даво дав ,фикр мекунам мумкин (косалесону ,байнравон посредникхоянд) онхо намехоханд чунин як "бизнес"-ашон аз байн равад...

Немати Хисори
бори кач ба манзил намерасад то кай пул талаб мекунед аз мардум хукумати кишвар ба шумо бовар карда вазифа додаст на он ки ба кисахоатон пул коркунед

Ҳуқуқӣ
Тибқи қонуни нав дар бораи муроҷиати шаҳрвандон, мақомоти дахлдор, аз ҷумла агентии коррупсия бояд аз қафои он маблағталабкун шаванд. То чӣ андоза нотарс шудаанд, ки барои долани ҳуҷҷати замини худаш ба ин бародар боз чор ҳазор доллар талаб мекардааст!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)