Бахшҳо
24 авг 2016 08:42Тоҷикистон / Акс

Президентро дар қатори Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб Бозору Қаноат ҳам ҳамроҳӣ карданд (АКС)

Нахустин қатор дар масири Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб ба ҳаракат даромад.

Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, ин қатор, ки дохилаш Эмомалӣ Раҳмон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиёиён ва ҷавононону фаъолон будаанд, соати 6:00-и субҳи имрӯз, 24 август аз саристгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе ба роҳ баромадааст. Ба иттилои манбаъ, раисиҷумҳур ҳангоми ҳаракат дар хатсайри роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб ин санаро хотирмон арзёбӣ карда гуфтааст, "дар арафаи ҷашни муқаддасу мубораки миллиамон-биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон яке аз нақшаҳои аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ бисёр муҳимми мо, амалӣ гардид".

Ба иттилои дафтари матбуоти Президент, арзиши лоиҳавии роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб зиёда 165 миллион сомониро дар бар мегирад. Дар ин шоҳроҳ 3 нақб бо дарозии умумии 3643 метр бунёд гардида, дарозтарин нақби он 2 ҳазору 209 метрро ташкил медиҳад. Дар ин лоиҳа 8 пул бо дарозии умумии 683,2 метр бунёд гардидааст: “Агар бо назардошти аҳамият ва афзалияти иқтисодии лоиҳа назар афканем, метавон гуфт, ки роҳи қаблӣ дар роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа бо убури марз 432 кмро дар бар мегирифт ва маҳз бо бунёди нақбу купрукҳо 313 км ихтисор гардида, дарозии он ҳамагӣ 119 кмро ташкил хоҳад дод”.

Манбаъ меафзояд, таносуби боркашонӣ тавассути хатсайри роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа барои 1 тонна қариб 120 сомонӣ арзон хоҳад гашт, яъне қаблан он ба 160 сомонӣ баробар буд ва акнун тавассути роҳи нав 35-40 сомонӣ арзиш хоҳад дошт: “Мутобиқи нишондоди мутахассисон самаранокии солонаи иқтисодии роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа 46 млн. сомониро дар бар мегирад ва ин тадбир имкон медиҳад, ки дар давоми 10 сол тамоми хароҷоти барои бунёди он масрафшуда барқарор карда шавад”.


Президентро дар қатори Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб Бозору Қаноат ҳам ҳамроҳӣ карданд (АКС)

Президентро дар қатори Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб Бозору Қаноат ҳам ҳамроҳӣ карданд (АКС)

Президентро дар қатори Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб Бозору Қаноат ҳам ҳамроҳӣ карданд (АКС)

Президентро дар қатори Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб Бозору Қаноат ҳам ҳамроҳӣ карданд (АКС)

Президентро дар қатори Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб Бозору Қаноат ҳам ҳамроҳӣ карданд (АКС)

Президентро дар қатори Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб Бозору Қаноат ҳам ҳамроҳӣ карданд (АКС)

Президентро дар қатори Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб Бозору Қаноат ҳам ҳамроҳӣ карданд (АКС)

Президентро дар қатори Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб Бозору Қаноат ҳам ҳамроҳӣ карданд (АКС)
Мӯҳр
Зиндаву пойанда бод халки мо бо сарвараш дар хакикат Асосгузори сулху вахдат Пешвои миллат барои халку ватан содикона хизмат карда истодаанд. Поянда бод сулху вахдати милли

шахрван
рохи сафед Пешвои миллат, асосгузори сулху вахдат мухтарам чаноби оли

ф
Бозор боз омадааст? Хамон Амрикоба шиштан гир.

Ахсан Чаноби Оли!!! Хамеша сарбаланду саломат бошед! Мо бо Шумо мефахрем!!!

Мо чавонон хамеша бо Шумоем ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Точикистони сарзаминамон хамаруза обод шуда истодааст. Муборак бошад 25-умин солгарди истиклолияти Чумхури.

Ячи неки каша кардан хами як рохи таёрадаа!!! Хукумов сахме нагузоштааст дар ин рох!!! Ташакур ба бародарони хитойи пеш аз хама. Агар чинихо ин накбхоро намекананд и точикои мо бехи хаму кухда чилсоли дига рафта товхурда меёмадан.

ситорахо
чаноби оли шумо фиристодаи худоед

Шамшер
ситорахо,

Чи яъне гуфтании ки пайгамбар аст? Фиристодаи худо ин пайгамбар аст. Яъне ки ба пайгамбари охири замон будани Мухаммад (с.а.с.) шубха дори?

Tojik,
Ту як чавони намедонам аз кадом кишри чомеъа ки хакат додааст,ки аз номи чавонон гап зани ??? То ба Кай хамин маддохиву чолпусиву хушомадгуиву халтаи хок дар даст гирифта гирди номи пешво мепошед ??
Ман хам чавонам лекин ба фарк аз тубарин чавони пайрави пешво зомбигаштаву чолпусу хушомадгуй нестам...авалан инки пешво коре накарбааст дарин рох . Шукри хитойихо кунед баъди худо!!! Агар сахмехам гузоштабошад пешво ин вазифаи уст ин карзи уст дар назди ин миллат

шавкат
стола зур накреват кардаан

Офарин ба ЧО барои хидматхои Оличанобашон. Ба тарафи ВМКБ рохи кабели (канатовая дорога) агар кашанд, ба фикрам, аз хар сол рохро тармин кардан арзонтар меафтад. Муаффак бошед, Пешвои миллат!

Ин дастоварди бузург муборак бошад хамдиёрони азиз! ХЕЛЕ ШОД ХАСТАМ АЗ ЧУНИН ДАСТОВАРДХОИ МИЛЛИ.

наргис
Зиндаву поянда бод халки бузурги точик бо сарварии марди часуру далер ва худогоху худодод МУХТАРАМ ЭМОМАЛИ РАХМОН. Худованд да панохи худаш ин марди бузургро нигох дорад ОМИН

Бозор Собир дар инчо чи дахл дорад?
Модоме,ки мардуми точику мусулмонро хатто аз хамон (шляпаи) Ленин паст медонад тамоми шоирону нависандагонро бо хамон кулохи Ленин намеарзанд гуфт. Бояд бо пешравии ин мардум У фахр накунад...
Озодагон озод бошед ,мутмаинам.

...Benihoyat chursand shudem! Ahsan!Chudo chohad hatman in rohro to Badachshon rasonidanamon darkor!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)