Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 21 феврал 2019, 03:31

Муфтӣ теъдоди ҳизбҳои исломии зидди Исломро эълон кард

26 август 2016, 15:31

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфт, дар ҷаҳон 18 ҳизбу ҳаракатҳое бо номи Ислом муқобили мусалмонон меҷанганд.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, ки имрӯз, 26 август қабл аз намози ҷумъа дар Масҷиди марказӣ суҳбат мекард, аз ин ҳизбу ҳаракатҳо ном набурд, аммо онҳоро “сохтаи душманони Ислом” хонд. Ӯ як маврид ба Ғарб ҳам ишора кард, ки бо доғ кардани баҳсҳои мазҳабӣ мусалмононро алайҳи ҳамдигар ҷанг меандозанд.

Ба гуфтаи раиси Шӯрои уламо бо дар миён андохтани баҳсҳои шиаву салафӣ ва монанди инҳо миёни мусалмонон низоъ бармеангезанд ва ин бадбинӣ баъзан то ҳадде мерасад, ки “бо бутпарастон даст дароз карда, дустӣ мекунанд, аммо бародари мусалмони худро чашми дидан надоранд”.

Ин бори аввал нест, ки ҷаноби Абдулқодирзода, Абдулқодирзода, бесарусомонӣ ва ҷангҳои олами Исломро ба ҳизбу гуруҳбозиҳо марбут медонад. Дар гузашта ҳам ӯ борҳо таъкид карда буд, ки “аз замоне ки ҳизбтаъсисдиҳиву фирқаву гуруҳбозиҳо сар шуд, мусалмонон ноком ва душманони Ислом барои зарба задан даст пайдо карданд. Бо дасти мусалмон мусалмон мекушанд”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • сарбоз

  • 26 август 2016 16:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
рост яктааш хизби нахсат, чабхатуннусра, салафия, ваххобия, тахрир, исломии узбакистон, шиа,..... хатто худи хамин мардакам меган салафист... чордах аср бо хамин бахона мегазанд пои якдигара
Посух додан
  • саид

  • 26 август 2016 17:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мо шунидем ки хазрати муфти бемор будаст Аллох шифо дихад .
Посух додан
  • Комрон

  • 26 август 2016 23:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
рост мегуяд муфти лекин халки бахилаки мо то дилхох гапа аз муллохои фанатики худшон нафахманд бовар намекунанд..

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!