Бахшҳо

Азиза: Мехоҳам клиникаи гулпарварӣ таъсис диҳам (ВИДЕО)

Як сокини Кӯлоб дар орзуи таъсиси клиникаи гулпарварӣ аст. Ӯ мегӯяд, дар баъзе ҳолатҳо таъсири гул барои табобат аз дору бештар мебошад.

Азиза Зубайдова 10 соли ҳаётии 22-солаи худро дар сарфи гулпарварӣ кардааст. Дар манзили онҳо наздики 200 навъи гулро дидан мумкин аст. Бештар аз 100 намуди гул дар қуттӣ ва 60 навъи дигарро дар замин парвариш мекунад. Мегӯяд, миёни онҳо гулҳои шифобахш ва табобатӣ низ ҳастанд. “Гулпарваририро аз модарам омухтам. 10 сол мешавад, ки ба ин кор машғулам. Модарам аз модараш, яъне бибии ман омухтаст”,-гуфт Азиза дар суҳбат бо хабарнигори “Озодагон”.

Ба гуфтаи ин бонуи гулпарвар, тарбияти гулҳо чунон ки ба назар мерасад, соддаву омон нест ва муроқибати вижаро талаб мекунад. Азиза Зубайдова ба парвариши гулҳои табобатӣ аҳамияти махсус медиҳад, зеро барои чунин гулҳо одамони зиёде ба наздаш меоянд: “Масалан, аз садбарги хитоӣ, кактус, алое маҳлулҳои гуногун истифода бурда, барои саломатӣ истифода мебаранд”.

Азиза мегӯяд, бузургтарин орзуи вай таъсиси клиникаи гулпарварӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, агар чунин имкон даст бидиҳад, метавонад на 100, балки ҳазорҳо навъи гулро парвариш кунад. Ӯ мехоҳад гулҳои мухталифро аз гӯшаҳои ҷаҳон дастрас намуда, ба шароити маҳалли зиндагиаш мутобиқ созад: “Падарам аз Маскав чанд намуд гул овард. Бисёри онҳо ба шароити мо муввофиқ омад”.

Гулҳои парваришкардаи Азиза бахши аъзами идораву муассисаҳои шаҳри Кӯлобро оро медиҳад.

Аммо гулпарварӣ шуғли ягонаи Азиза Зубайдова нест, ӯ, ки хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аст, ба ҳайси муаллима дар мактаби деҳаи Навобод кор мекунад.


Мӯҳр
Диер
Бисер хуб , клиника лозим нест рекламарам лозим нест зеро, андоз хучат инашда доля вайяшба доля . Аз хама хуб оиладор шав я чавонмардеро интихоб кунед, ки гулхоятонро мисли шумо дуст дорад ва шароит мухаё кунад барои шумо ва гулхои шумо,ин шо Аллох оиста оиста ба орзухоятон мерасед.

Muhojir
" хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб"??? Darshoi Donishgohi Kulof bo lahja meguzarad yo zaboni adabi???

мехмон
Филолог гултерапия ташкил кардани ? Бисер хуб. Офарин!! Зебои ва буи хуши танхо гули садбарг чи кадар ба асаби одам таъсирбахш хаст.

behtarin.agar in khohar az khujand mebud presidentu hukumati tojikiston dar televisionho namoish medodand.

Ботанический сад
Хамаро буд кардем, акнун ана хаминаш как раз намерасид. Офарин

Э гуломи пушти дарыт шам дыхтар!!! Канта зан... озодагон нишории ин гулппрвара чаро пурра намегуи ?

Сорбони Ошик.Нева
Аз хамаи гулхо дида,зебо худати!

Хасан
Диер,
Муаллима шавҳар дошта бошад?

Росташ,ки: "Гунча аз шарми рухат сар дар гиребон боду хаст!!!!!!!!!!!"

Гунги тутала.
Хасан,
Хасан,
Ххасан иин дддухтарак шшшавхар нннадорад,мман ххам аз га.га.га.гамоша гггунги ту.ту.ту.та алаьь шуддда м.!

Саида
Ачабо! Гулхои хеле зиёд доштаасту дар байни гули хино, ки дар хар як хона месабзад дикак шиштай. Бо маълум, ки ин хино парвариши хубро надидаанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)