Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 24 май 2019, 10:24

Футболбози маъруфи тоҷикро дар Вена ташхис мекунанд

29 август 2016, 17:11

Рашид Раҳимов, футболбози маъруфи тоҷик ва сармураббии клуби “Терек”-и Грозний барои ташхиси вазъи саломатиаш ба пойтахти Австрия рафтааст.

“Спорт-Экспресс” аз қавли Аҳмад Айдамиров, ноиби президенти “Терек” менависад, Раҳимов баъди ташхис дар Маскав ба Вена рафтааст: “На табибони рус ва на табибони Австрия ҳанӯз натавонистаанд, бемории ӯро мушаххас намоянд. Умедворем, давоми ин ҳафта вазъ беҳтар мешавад”.

Ба иттилои манбаъ, Рашид Раҳимов то 10 сентябр сари кор нахоҳад буд. Он рӯз “Терек” дар Маскав бо ССКА қувва меозмояд. Раҳимов дар робита ба вазъи саломатиаш дар бозиҳои даври 4 ва 5-уми дастааш дар чемпионати Русия иштирок надошт. “Терек”-ро дар рақобат бо “Уфа” ва “Ростов” Игор Ледяхов раҳбарӣ намуд.

Рашид Раҳимов 18 марти соли 1965 дар Душанбе ба дунё омадааст. Дастпарвари клуби “Захираҳои меҳнатӣ”-и Душанбе аст. Дар чемпионати СССР дар ҳайати “Помир”-и овозадор ба майдон мебаромад. Соли 1988 унвони устоди варзишро соҳиб шуд. Дар ҳайати тимҳои “Локомотив” ва “Спартак”-и Маскав бозӣ кардааст. Раҳимов солҳои 2007-2009 “Локомотив”-и Маскав ва солҳои 2009-2011”Амкар”-и Пермро тамрин додааст. Аз 7 ноябри соли 2013 ба сифати сармураббии “Терек”-и Грозний фаъолият мекунад. Моҳи майи соли равон, Раҳимов ба унвони “Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Чеченистон” сарфароз гардид.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рашид умуман гурури миллии точики надорад. Худашро точик намедонад!!!! Чунин инсонхои пургурурро точик гуфтан арзанда нест!!!
Посух додан
  • мехмон

  • 30 август 2016 22:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рашид солхои 1990- ум хуб хизмат кард. Ба ин мард хам зиндагии хуб мефорад.! Чи магар 2миллион мухочири кори гурури милли надоранд? Ин шахс хам мухочири кори хаст. !!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!