Бахшҳо
31 авг 2016 10:04Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Президент дар Данғара: Аз варзишгоҳи 100 миллионӣ то меҳмонхонаи 11-ошёна

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз, 31-уми август дар ноҳияи Данғара навбати аввали Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил»-ро ба истифода дод, ки 600 нафарро бо кор фаро хоҳад гирифт.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон корхона аз чор марҳилаи истеҳсолӣ, аз ҷумла ресандагию бофандагӣ ва рангуборкунию дузандагӣ иборат мебошад: “Дар навбати аввали корҳои истеҳсолии Маҷмааи нассоҷии «Ҷунтай-Данғара-Син-Силу-Текстил» беш аз 15 ҳазор тонна нахи пахта коркарди саноатӣ шуда, зиёда аз 600 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Дар маҷмуъ иқтидори умумии истеҳсолии корхона ба коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 150 миллион метри мураббаъ матои пахтагӣ дар як сол баробар буда дар сурати фаъол гардидан бо иқтидори пурра зиёда аз 6 ҳазор нафар бо ҷойи корӣ таъмин мешавад”.

Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи корхонаи нав изҳор дошт, ки ҳар сол дар кишвар 100-120 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол гардида, аз он 10-12 ҳазор тонна дар дохил коркард мегардад ва боқимонда ҳамчун ашёи хом ба хориҷа содир мешавад: “Ҳамчунин беш аз 80 фоизи маҳсулоти дӯзандагӣ ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад. Марҳилаи аввали Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» аз ин баъд шароит фароҳам меоварад, то сармоягузорони дохиливу хориҷӣ бо истифода аз имкониятҳои васеъ дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ фаъолтар кор кунанд”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, ки коргоҳи нав яке аз корхонаҳои азими коркарди пахтаи мамлакат ба ҳисоб рафта, баъди пурра ба кор даромадан барои таъмини он ашёи хом зарур аст: “Дар ин самт, бо мақсади азхудкунии заминҳои нав, таъмини корхонаҳои ватанӣ ба ашёи хом, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина афзун намудани нишондиҳандаҳои истеҳсоливу иқтисодӣ дар доираи амалисозии марҳалаҳои якуму дуюми лоиҳаи “Обёрии заминҳои водии Данғара” беш аз 575 миллион сомонӣ сармоягузорӣ гардида, зиёда аз 4200 гектар заминҳои нав обёрӣ карда шудаанд.Илова бар ин, тибқи лоиҳа то соли 2019 беш аз 1700 гектар бояд обёрӣ карда шавад, ки дар маҷмӯъ, қариб 6000 гектар заминҳои нав обёришуда мавриди истифода қарор гирифта, барои таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом мусоидат мекунанд”.

Инчунин тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара маҷмааи муҳташами варзиширо ба истифода дод, ки бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент ва сарфи 100 миллион сомонӣ бунёд гардидааст: “Маҷмаа аз 4 ошёна иборат буда, масоҳати умумии майдони он 14 ҳазору 253 метри мураббаъро ташкил медиҳад”.

Дар пайи ифтитоҳи варзишгоҳ Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара барои бунёди меҳмонхонаи муосири “Дарё-2015” санги асос гузоштаст, ки аз 11 ошёна иборат хоҳад буд: “Дар ин муҷтамеъ 304 ҳуҷраи барҳаво, 3 маҷлисгоҳ бо 250 ҷойи нишаст, 6 тарабхона, кошонаи ҳусн, ҳамом сохта шуда, дар боми бино бошад, тарабхона ва қаҳвахона ҷойгир мешавад. Масоҳати умумии муҷтамеи меҳмонхона, ки аз аквапарк, майдони футбол, баскетбол, волейбол, ҳавзи калони шиноварӣ, боғи кудакона ва таваққуфгоҳ иборат хоҳад буд, 4,2 гектарро ташкил медиҳад”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, муҳлати анҷоми сохтмони иншооти мазкур 2 сол муайян карда шудаст.
Мӯҳр
.
Мо чи хари козира чаппа савор шудем? Чаро факат Дангарада сохта истодаед?

Чойрул
Э бардаро о яабор хаму чойхонаи чойхонаи харбузара рафта хабаргиред, саг намечака наздашда.. хама деворхояш алакай пусида рехтаистодааст!! То ба кай фасадхои охакиву эмулсиякати ранг мекунед ???!!!! Ки аст инкадар мафтуни ин чойхонахо,ки дар хар кадам МЕГАчойхона месозанд ???? О у вакти ссср - мардум кор мекардан пайсаи хуб мегирифтанд муйсафеди чойнуш ва шашкабозу бчилбоз бисёр буд!! Онхо кор мекарданд ва Вактхои истирохати ба чойхона мерафтанд!! Хозир муйсафеди чойхонаравхам намондааст. Пули зиёти надоранд муцсафедои хозира..
Бехтараст корхонахора зиёд кунед!!! Ина боз 12 хазор тюрпмчики дигар ба озоди мебарояд барои инхо чойи кор даркор аст то дабора даст ба чиноят назананд!!!!! Даргумон ммт,ки дар ин чойхонахо як катра чойи бепулат диханд !!!

Данғара гулзори шарқи Тоҷикистон мешавад

a
Оянда Дангара пойтахти Точикистон мешавад! Мавкеи географиаш хуб аст,
айнан дар майни харитаи Точикистон!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)