Бахшҳо
31 авг 2016 11:51Узбакистон / Тема дня

20 далел дар бораи Ислом Каримов

Бо гузашти чанд рӯз аз расонаӣ шудани бемории Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон ҳанӯз иттилои дақиқе дар мавриди вазъи саломатии ӯ дастрас нашудааст. Расонаҳои марбут ба мухолифини ҳукумати Узбакистон хабари марги Каримовро нашр карданд, аммо бархе манобеи огоҳ онро рад кардаанд. Дар пайи ин ҳама хабарҳои зиду нақиз торнамои Avdet 20 далели марбут ба Ислом Каримовро ҷамъоварӣ кардааст.

1. Ислом Каримов баъд аз Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон дарозумртарин раҳбари кишварҳои пасошӯравӣ маҳсуб мешавад.
2. Тибқи бархе маълумотҳо падари ӯ узбак ва модараш тоҷик будаанд.
3. Фарзияе мавҷуд аст, ки Ислом Каримов писари воқеии Абдуғанӣ Каримов нест.
4. Овони кӯдакии худро Ислом Каримов дар хонаи кӯдакон сипарӣ кардааст. Волидонаш ӯро соли 1941 ба хонаи кӯдакони Самарқанд супурда, соли 1942 гирифтаанд. Аммо соли 1945 дубора онҷо мегузоранд.
5. Дар бораи кӯдакии Каримов иттилои хеле кам дастрас мебошад. Аз ин рӯ ду дар бораи шарҳи ҳоли даврони наврасии вай ду фарзия вуҷуд дорад, ки тибқи яке вай хонандаи намунавӣ ва бар пояи фарзияи дуввум гапнодаро будааст.
6. Ислом Каримов дорои тахассуси «муҳандис-механик» ва иқтисодчӣ буда, инчунин номзади илми иқтисод будааст.
7. Ӯ дар гузашта вазири молияи Узбакистони шӯравӣ (1983–1986), раиси Госплан ва муовини раҳбари Шӯрои вазирони Узбакистон будааст.
8. Соли 1989 котиби аввали КМҲК Узбакистон мешавад. 24 марти соли 1990 дар ҷаласаи Шӯрои олии Узбакистони шӯравӣ Президент интихоб мегардад.
9. Моҳи марти соли 1991 қабл аз раъйпурсӣ дар мавриди ҳифзи СССР, мардумро тарғиб мекард, то барои дар ҳайати СССР мондани Узбакистон раъй бидиҳанд. Дар пайи бозшумории овозҳо 93,7 дарсад ба ҷонибдорӣ раъй додаанд.
10. Каримов аввалин раҳбари кишварҳои Осиёи Марказӣ буд, ки аз истиқлоли кишвараш хабар дод.
11. 26 марти соли 1995 тавассути раъйпурсӣ ваколати Каримов то соли 2000 тамдид шуд. Тавассути қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ маҳдудиятҳо бар мухолифон шадид шуд.
12. Моҳи феврали соли 1999 дар шаҳри Тошканд дар назди бинои ҳукумат, ки қарор буд, ҷаласаи кобинаи вазирон баргузор шавад, мошини ҳомили бомб таркид. Дар натиҷа 16 нафар кушта, беш аз сад тани дигар маҷруҳ шуданд. Президент осеб надид. Дар суханронӣ тавассути телевизион ин амалро талоши суиқасд ба ҷони худаш арзёбӣ кард ва дар анҷоми ин кор намояндаҳои исломи ифротиро муттаҳам намуд.
13. 9 январи соли 2000 дар интихоботи президентии бидуни рақобат бо касби 91,9 дарсади раъй дигарбора курсии худро ҳифз кард. Раъйпурсии 27 феврали соли 2002 муҳлати раёсатҷумҳуриро аз 5 ба 7 расонд.
14. Баъди воқеаоти 11 сентябри соли 2001 Узбакистон шарики стратегии ИМА дар ҷанг алайҳи террористон дар Афғонистон шуд. Тошканд ба Вашингтон имкони ҷойгир намудани пойгоҳи ҳарфиро фароҳам овард.
15. Интихоботи президентии соли 2007, ки Каримов бо касби 90,76 дарсади раъй пирӯз эълон шуд, аз сӯи нозирони ғарбӣ танқид шуд. Онҳо интихоботро ношаффоф хонданд.
16. Давоми 27 соли президентии Ислом Каримов расман ягон бор дар мавриди бемории ӯ хабар дода нашудааст. Аммо дар расонаҳо борҳо аз бад шудани вазъи президент хабарҳо нашр шуданд. Аз соли 2010 ду маротиба хабари дар кома афтидани вай паҳн шуд.
17. Ҳамсари Ислом Каримов – Татяна Акбаровна Каримова — хуни тоҷикӣ ва русӣ дорад.
18. Духтари калони вай Гулнора Каримова (соли таваллуд 1972) аз моҳи феврали соли 2014 бо иттиҳоми фасод ва сӯиистифода аз мақом дар ҳабси хонагӣ қарор дорад.
19. Духтари дуввуми ӯ Лола Каримова-Тиллоева (таваллуд 1978) бо талошҳояш ҷиҳати рушди маориф ва варзиш маъруф аст. Ӯ бунёдгузори созмонҳои маъруфи хайрия ва намояндаи Узбакистон дар ЮНЕСКО мебошад.
20. Ислом Каримовро яке аз диктаторони хунгарм медонанд, ки алайҳи мухолифонаш бештар шиканҷа ва “табобат”-и маҷбурии равониро истифода мебарад. Каримов инчунин дар куштори тазоҳургарони Андиҷон дар моҳи майи соли 2005 муттаҳам мешавад.
Мӯҳр
мухаммад
точик будани модараш шояд друг бошад кадри сайюнизм буд то мурданаш исломро дар узбекистон хушк кард

авс
Мактабро бо медали тилло хатм намудааст....

аммо донишу малакаашро танхо барои нигах доштани хокимият сарф намудааст, диктатори хунхор буд

modarash eroni padarash yahudihoi samarkand bud.charo rostashro namegued?yo az murdahash ham metarsand in uzbakhoi bechora???

Мирзо
У мурдааст, уро дар яхдон нигох доштаанд. То интихоби прнзиденти нав.

Гарени хизмати сахт кардай халки Узбакистонда факат райпурси ташкил кадаю хыдша президенти мачбури эълок кардай, бо я кайфыш додай мухлати сроки 5 солаи президентира ба 7 сол расондай)))))

Dev
tojik,
Dalel ku ? Dalel? Nazdi komputer nishasta rakami ba sar omadaro navishtan hub nest.Behtarash ba navishtahoi somona iktifo kun!
Hudi Karimov bori avvali vohuri bo Rahmon, dar Dushanbe gufta bud,ki dar badani u huni tojiki niz jorist.

Tojik
Мирзо,

Padari yahud bo modari shia nomi farzandashonro İSLOM mondaand?
in shubhanok!

Tojik
Каримов хам падараш ва хам модараш точик буда дар гузари Кафтархонаи Самарканд таваллуд шудааст. То синфи 10 шуданаш ягон харф бо забони узбаки гуфта наметавонист. Дар синфи 10-ш ба омузиши забони узбаки барои КАРИЕР машгул мешавад. Одамоне,ки забони узбакиро медонанд, мегуянд,ки дар гуфтори узбакияш талафузхои нодуруст доштааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)