Бахшҳо

(ВИДЕО) Хоҳиши модари чоргоникҳо аз Президент: Хона диҳед, ки дар деҳа мушкил аст

Модар ва бибии чоргоникҳои навзод аз ноҳияи Файзобод аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хоҳиш доранд, ки барои онҳо дар шаҳри Душанбе як манзил тақдим кунад.

Шаҳодат Нуралиева, модари 27-солаи чоргоникҳо имрӯз, 31 август дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар шароити бебарқӣ, барфи зиёд ва роҳбандиҳои деҳаашон бузург кардани чоргоникҳо хеле душвор хоҳад буд: “Дар деҳаи Дашти Марзои Файзобод зиндагӣ мекунем, барфи зиёд меборад, роҳҳо баста мешаванд, калон кардани кӯдакҳо мушкил хоҳад буд. Дар хона боз ду фарзанди дигар дорам. Аз Ҷаноби Олӣ хоҳиш дорем, ки моро дастгирӣ кунад, як хона диҳад”.

Модарбузурги чоргоникҳо низ дар тасдиқи суханҳои модари ҷавон изҳор дошт, ки падари чоргоникҳо дар Русия кор мекард: “Ҷарроҳӣ шуд ва ҳозир баргашт. Дар Ватан дар ягон ҷо кор карда наметавонад. Хоҳиш дорем, ки моро дастгирӣ кунанд. Мехоҳем, тифлҳои моро Пешвои Миллат ном гузорад”.



Шаҳодат Нуралиева, истиқоматкунандаи деҳаи дашти Марзои ноҳияи Файзобод 24 августи соли равон соати 11-и рӯз ду писару ду духтарро ба дунё овард. Нуралиева ду Шоҳписару ду Шоҳдухтарро туҳфа ба шавҳар дар арафаи 25-умин солгарди Истиқлолият арзёбӣ карда, изҳори умед намуд, ки фарзандонаш дар оянда ворисони арзандаи Ватан ба воя мерасанд.

Дархости хонаводаи чоргоникҳои навзод барои манзил дар ҳолест, ки соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба модари ҷавон Гулшан Маҷнунова, ки чоргоник таваллуд карда буд, хонаи сеҳуҷрагӣ ҷудо намуд.
Мӯҳр
Худованд умрошона дароз кунаду таношонро сиҳату саломат нигоҳ дорад. Ман ба падару морони ин кӯдакон гуфтаниям, ки Падару модари азиз' фарзанд ин ҳадяди Худован бар бандагонаш аст ва неъмати бебаҳо барои волидайн аст. Худованд барои шумо ва аҳлу оилаатон муборак гардонад.
Барои шумо ва ҷамеъи хешу ақрабоятон муборак шавад.

Анвар
Тухфа барои 25 солагии истиклолият.Чаноби Оли хатман хона медихад.

Аввалан аз даргоҳи Худованди Бузург ба ин кудакон умри дароз ва тани сиҳатро таманно дорам. Баъдан қайд карданиам, ки ба дунйо омадани ин неъматҳои Оллоҳ ба ҷашни 25 солагии истиқлолияти давлатии ҶТ рост омадааст. Аз ин ру аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳиши онро дорам, ки барои ин меваҳои даврони истиқлолият ва модар кумаки дар боло зикршуда расонида шавад.

Salom ozodi.. Dar haqiqatan tojikemda.. Mani berdi namestem. Malumay ki dar vujudi I apamon sabr tamoman nest. Hay sabr kn inshooloh ya figr mekadagistan.. Ma hayron mesham. Hudovand ba I tiflako salomati tiyad Omin

Мирзо
Бисёр хуб мешуд агар ба онхо 3 хучраги такдим менамуданд, то ба хофизу хофизахои нодаркор додан.

а
Солхои охир хеле заед шудааст сегонику чоргоникзои. Ба фикрам сабабаш ин табобате ки занхо барои хомиладор шудан мегиранд ва хамон дорухое ки онхо истеъмол мекунанд. Доруро аз меъер ки зиед хурди, сето чорто ва панчто хам таваллуд мекуни.

Шохин
Умедворем, ки дастгири хоханд кард. Раиси нохияи Файзобод дар кучост? Шуморо вазифа додаанд на барои он ки рузи дароз дар карси шинед! Дар анахамин хел рузхо худро нишон додан даркор!

каи
Ин занхо сегоник чоргоник барои квартира шуда зоидан гиранд, Точикистон дигар пур аз одам шуда ин чо одамхури сар мешавад. Хатман бояд хукумат пеши рохи инро гирад.

Саид
Аввалан муборак шавад ин тифлони боги бихишт. Дигар ин, ки ман ба чои ин модар мешаудам аз хеч кас на кумаки хона на аз пулу мол мекардам, зеро Худо худаш ризки ин тифлхоро медихад. Аз Худо талаб кунед!

Муборак шавад! Худованд умри дароз насиб гардонад! Ман ба модари ин тифлон гуфтаниям ки аввалан Ин шо Аллох Худованд мадад мекунад ва сониян Пешвои миллатамон албатта ба Шумо ёри мерасонанд.

Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад
24 август таваллуд шудааст, 31 август дар талаби хона муроҷиат мекунанд. Албатта, касе таҳрик додааст. Тифлон умри дароз бубинанд, орзуи мо ҳамин, сониян ҳам модару ҳам момои онҳо бодӣ будаанд. Андак сабр мекарданд, сарвари ноҳияи Файзобод ба ягон қарор меомад. Аз ҳеч ҷое таваҷҷӯҳ нашавад, баъд муроҷиат мекарданд, на ин ки рӯзи панҷуми тавлиди тифл ҳамаро монда, дар талаби хона шавӣ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)