Бахшҳо

Э.Раҳмон барои фарзандони нохалаф сураи “Исро” хонд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 1-уми сентябр дар мулоқот бо донишомӯзон ва сокинони ноҳияи Данғара аз зиёд шудани бошандагони хонаҳои пиронсолон изҳори нигаронӣ карда, онро далели зери по шудани анаъанаҳои миллӣ ва мазҳабӣ хонд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш гуфт, “баъзе фарзандон анъанаҳои неки милливу мазҳабиамонро зери по карда, аз нигоҳубини падару модаронашон даст мекашанд, волидайни худро ба чунин муассисаҳо месупоранд ва ҳамаи ранҷу заҳматеро, ки падар ё модар барои фарзанд мекашад, фаромӯш карда, бешармона ҳасткунандагони худро хору зор ва бенигоҳубину танҳо мегузоранд. Ҳол он, ки якшаба бехобиву ранҷе, ки модар мекашад ва кӯшише, ки падар дар тарбияи фарзанд ба харҷ медиҳад, аз арзишҳои ду ҷаҳон бештар мебошад”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки ба назараш бе нигоҳубин гузоштани волидайн ва хору зор кардани онҳо бадтарин амали инсонӣ мебошад, ки на ба қоидаҳои ҷомеаи инсонӣ ва на ба фармудаҳои ислом мувофиқат мекунад. Ӯ барои афроде, ки аз волидонашон рӯй гардондаанд, гуфт, ки Худованди карим дар сураи “Исро”, оятҳои 23-24 эҳтироми падару модарро таъкид намуда, мефармояд: “Парвардигорат фармон додааст, ки .... ба падару модар некӣ кунед. Ҳар гоҳ яке аз он ду ё ҳардуи эшон назди ту ба синни пирӣ бирасанд, ба онон “уф” магӯ ва бар эшон дод мазан. Ва бо суханони муҳтарамона бо он ду сухан бигӯ ва боли тавозӯъ ва меҳрубониро бар эшон фуруд оварда, бигӯ: Парвардигоро! Ба онҳо раҳмату омурзиш бифармо, ҳамон гуна, ки онон дар хурдӣ маро бузург намудаанд”.

Эмомалӣ Раҳмон илова намудааст, ки “мо бояд кӯшиш кунем, ки муҳимтарин анъанаҳои миллиамонро на танҳо ҳифз намоем, балки онҳоро мунтазам такмил бахшида, ба ҷузъи ҷудоинопазири маънавиётамон табдил диҳем”.
Мӯҳр
а
Хуб мешавад агар вазифаи муфтиро хам ба Президент медоданд. Чанчолу кашокаш камтар мешуд.

Худованд Шуморо дар паноҳаш нигаҳ дорад Ҷаноби Олӣ. Мо фахр аз он мекунем, ки чунин Пешвои беназир дорем. Насиҳатҳои Шумо таъсирбахш ва ҳидояткунанда аст.

[center][/center][left][/left]

Суханони пандомези ПЕШВОИ МИЛЛАТ оиди нигохдории хурмату эхтироми падару модар айни мудаост. Барои исботи гуфтахои ПЕШВО кисме аз фарзандон бо бахонаи камбуди иктисодии оилави падару модарро тарк намуда, ба кишвархои хорич сафар менамоянд ва пас аз дарёфти маблаг ва ё муътадил гаштани вазъи иктисоди хам аз нигоху бини волидайни худ ру мегардонанд. Мутаассифона чунин факту ракам хеле зиёд аст. Бо чонибдори аз суханони ПЕШВО гуфтаниям, ки Худованд ин гуна инсонхоро ба рохи рост хидоят кунад...

Ба ҳамааш худи ҳукумат гунаҳгор аст дар сурате ки наврасону ҷавононро аз таълими дин дур кардед ва роҳи онҳоро ба суи дискаклубҳо боз кардед боз мунтазири он шастед ки ин фарзанд ёди мазҳабу анана мекунад... ба ҳама шумо гунаҳгоред масҷидҳо баста на амри маъруф асту на мадраса боз мегуям гунаҳгори асоси худи ҳукумат аст на каси дигар...

Рахматчон рост гуфти, доимо дар амони АЛЛОХ боши.

Султон
Раҳматҷон,
Дуруг гуфтан лозим нест, Рахматчон. Кадом масчидро бастанд? Масчидхо аз мактабхо зиёд шудагй. Дар хар гузару куча масчид лозим нест. Холо хар махал масчиди худро сохтагй. Масалан хар вакт мешунавем, масчиди кулобихо, масчиди дарвозихо ва гайра меган. Бо ин махалбозй кучо меравем?

Ин гуфтахо айни мудахост. Бояд конуне дар баробари масъулияти падару модар, боз конуне дар бораи масъулияти фарзандон нисбати волидон кабул кард. Ин хам худоро ва хам бандагонро хуш меояд. Бигзор фарзанди нохалаф ба чавобгари кашида шавад. Ман пешниход мекунам, ки конуни масъулияти фарзандон нисбати волидон кабул карда шавад.

муйсафед
аз кумитаи дин ...хоиш мекунем , дар шабакахои телевизон хафтай 2- соат дар бораи Падару Модардори , дар бораи нафси бад балои чон , дар бораи фарзанди падардори , дар бораи мехр дар бораи пулу мол дусдоштан, дар бораи ба касе пулро бо фоиз доданд...дар бораи хешутабор ва рафту омад , ва умуман дар бораи одаму одамгар ...камака аз порчахои курони карим гап зананд...бисийр хуб мешуд хамдийрони азиз....ин мардума чи шуда бошад , ки руз азруз тамоман аз рамкаи одамгари баромадаанд...охир камака дар бораи мурданатон фикр кунед ....ин диниё худаш дург аст ...доим хуби кунед...хош мекунем хамин барномахоро дар ТВТ баред , ки фардо дер мешад.....

умар
ман гуфтаниям ки агар духтарон либоси милӣ бипушанд ҳеҷгоҳ ин воқия рух намедиҳад зероки сарчашмаи бе адаб шудани ҷавонон ин либосҳои европои пушидан аст.агар пеши ин воқияро нагиред боз аз ин бад хоҳад шуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)