Бахшҳо

Туҳфаҳои нави “экстрасенс”-и тоҷик ба мактабу беморхонаҳои Суғд

Турсуной Зокирова, соҳибкорзан ва “экстрасенс”-и маъруфи тоҷик, ғолиби даври 4-уми озмуни телевизионии “Битва экстрасенсов” дар шабакаи ТНТ бори сеюм дар соли равон дастгоҳҳои гаронарзишро ба муассисаҳои тиббии шимоли кишвар тақдим кардааст.

Тибқи иттилои мақомоти ҳокимияти иҷроияи Суғд Зокирова ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба беморхонаҳои шимоли кишвар, аз ҷумла шаҳри Гулистон, Хуҷанд ва Бобоҷон Ғафуров дастгоҳҳои арзишашон 216 ҳазор сомониро туҳфа кардааст. Инчунин ӯ ба мактаби 4-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастгоҳҳои компютериро тақдим намудааст.

Турсуной Зокирова, соҳибкорзан ва экстрасенси маъруф соли гузашта дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон (Қайроқум) 10 хонаро ройгон ба ниёзмандону ятимон тақдим намуда буд. Ӯ зимни ифтитоҳи бинои панҷошёнаи истиқоматӣ, ки бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ сохта буд, худро пайрави Эмомалӣ Раҳмон гуфта, дар хитоб ба раисиҷумҳур афзуд, “шумо ятимпарвареду мо пайрави шумо...”.

Инчунин Турсуной барои ҷарроҳии дили 14 кӯдаку навраси ниёзманд кӯмак карда, дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ятимхона, бемористони касалиҳои дил ва чанд бинои дигар изҳори омодагӣ карда буд.

Турсуной Зокирова дар баробари корҳои хайраш бо қобилияти фавқулодаи экстрасенсорияш дар қаламрави ИДМ маъруф буда, ғолиби барномаи машҳури “Битва экстрасенсов-4” мебошад.

Дар сомонаи махсуси Турсуной Зокирова дар шабакаи интернет гуфта шудааст, ки ӯ қобилияти фавқулодаи худро баъди фавти модараш кашф кардааст. Турсуной Зокирова соли 1956 дар шаҳри Хуҷанд дар як оилаи серфарзанд чашм ба дунё кушода, соҳиби 3 фарзанд мебошад: “Баъди таваллуди фарзанди сеюм табибон мегӯянд, ӯ мубталои саратони сина шудааст, вале Зокирова пешниҳоди ҷарроҳиро рад карда, баъди 14 соли мубориза бар ин беморӣ ғолиб шудааст. Пойҳои Зокирова низ баъди марги модараш дар соли 1993 аз кор мондаанд ва бо мушкилӣ роҳ мегаштааст. Гарчанде тамоми бадани Зокирова дард мекардааст, табибон даъвое наёфтаанд ва ниҳоят ӯ мустақилона ба табобати худу дигарон оғоз кардаааст”.

Дар сомонаи махсуси Турсуной Зокирова гуфта шудааст, ки ӯ иттилоъро ба воситаи тасбеҳу корд мегирад. Ӯ тасбеҳи махсусаш бо 121 гандумро дар вақти намоз дида, баъдан фармоиш медиҳад, ки барояш чунин тасбеҳро омода кунанд.

Ӯ, ки дар “Битва экстрасенсов-4” дар шабакаи ТНТ ғолиб шудааст, изҳор медорад, ки тоҷик аст, вале аз ғайб ба ӯ иттилоъ бо забони узбакӣ мебиёяд. Ӯ ба суол дар ин бора посух додааст, ки “ман узбак нестам ва ҳатто бо ин забон сухан гуфтан наметавонам. Аммо гуфтугӯҳои узбакиро мефаҳмам. Намедонам, барои чӣ, аммо фариштаҳоям бо ман бо забони узбакӣ сухан мегӯянд ва ман онро тарҷума карда, мерасонам”.
Мӯҳр
Хоркаш
Ҷоҳилият аз ин беш намешавад.
Чӣ аз нуқтаи назари динӣ ва чӣ динӣ ин "экстрасенсӣ" авомфиребӣ аст.
Қиссаҳои касалиҳои бедаъвову саратону инхо як техникаи маъмулиеанд ки барои ҷалб кардани диққат ва нишон додани фавқулода будани ҳамон "табиб" ё "эестрасенс" мебошанд.
Ин приёмҳои хело содда ва таъсирбахшанд. Чунки одамҳои ба касали саратон гирифтор шуда ё касалии дигари бедаъво ва атрофиёни онҳо руҳан омодаанд ба ҳама чиз бовар кунанд ва ҳамин тавр қурбонии ин фирқа шарлатанҳо мешавад.
Ногуфта намонад, тибқи қонунгузории Тоҷикистон фолбиниву экстрасенсӣ ҷиноят мебошад.

«Битва экстрасенсов»
Очень популярное шоу на одном из известных российских каналов. Люди, именующие себя экстрасенсами, говорят о том, кто и где был убит, как и кем. О прошлом может рассказать сам человек, но если человека уже нет, то о нем может рассказать Карин. Карин — это джинн, который всегда сопутствует любому человеку. У каждого человека есть свой Карин, он знает, какие привычки были у человека, знает, как он выглядел, какие у него были пристрастия, что он делал, будучи в одиночестве, и т.д.
В сборнике хадисов Муслима передается изречение Пророка Мухаммада, да благословит его Аллах и приветствует: «К каждому из вас приставлен джинн». Сподвижники спросили: «Даже к тебе, о посланник Аллаха?» «Даже ко мне, — ответил пророк, да благословит его Аллах и приветствует. — Только Аллах облегчил мою участь тем, что сделал моего джинна мусульманином. Теперь он велит мне только добро».
Если гадалке или экстрасенсу задают вопрос о том, что будет с человеком, то он сначала говорит о его прошлом и может также затронуть вопросы, о которых мог знать только очень близкий человек. Для этого экстрасенсу нужно имя человека, посредством этого имени он связывается с Карином этого человека, и он полностью может рассказать все секреты умершего человека, чтобы добиться расположения того, кто пришел к экстрасенсу.
До пророчества пророка Мухаммада гадание было очень распространено среди арабов. В обмен за помощь в колдовстве джинны требуют поклонения себе и Иблису.

Чтобы узнать будущее, прорицатели обращались за помощью к джиннам. Джинны поднимались к самому низкому из семи небес и подслушивали разговоры ангелов о событиях будущего, которые они услышали от Господа. Затем джинны передавали информацию предсказателям. До пророка Мухаммада, да благословит его Аллах и приветствует, прорицатели довольно точно предсказывали будущее. Но все изменилось с приходом посланника Аллаха: ангелы стали более тщательно охранять небеса, а желавших подобраться джиннов отгоняли падающими звездами: «Мы предохранили небо от всякого изгнанного и побиваемого дьявола. А если он станет подслушивать украдкой, то за ним последует яркий светоч» (Коран, 15:17-18).

Чтобы подслушать разговор ангелов о велении относительно того, что случится, джинны поступают следующим образом: они встают друг на друга, пока не достигнут неба. В сборнике хадисов Бухари приводится хадис, в котором Посланник Аллаха, да благословит его Аллах и приветствует, сказал: «Услышав слово, каждый дьявол передает его тому, кто ниже его, и так далее сверху вниз, пока в конце концов это слово не произносит колдун или предсказатель.

Его носителя может сбить падающая звезда до того, как он передаст его колдуну, а может и не успеть сбить его, и тогда он добавляет к этой правде сто неправд».
'

Посланник Аллаха сказал: «Молитва того, кто обратился к предсказателю и что-либо спросил у него, не будет приниматься в течение сорока дней».

сарбоз
Ин хонум ба фикрам чодугар аст, Узбакиро намедонам ва бо точики тарчума мекунам. Ибораи ачиб. Худо тавба

Аз кай боз забони рузбаки лисонул гайби шудааст. Мо бехабар)

Озодагон хохиш мекунам истилохи "даъво"-ро аз "даво" фарк кунед. Забони ноби точикиро пос доред

Озодагод даfsheн кати хами сомонатон канкретно уже ай худ рафтед!!! Аз кай бо чодугарпараст шидед ё ягонсумак ваъдакардаастона,ки ита реклама кардесен ??? Чаро коментарияи мара намечопед ??? Ягон гапи бад гуфтам ,ки ита фуетона янима тов доден начопиден ??

Шамил
Вай ман мурам и хели даьво дорад магар ФАРИШТА сад дар сад ва боз сад дар сад мнгуям ки фаришта не балки ч,инн аст на Фаришта чунки фаришта аз чунин ашхос милхо дур мегурезад ва шайтону чину ачинахо хеле наздик мешаванд ба чунин ашхос!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)