Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 21 май 2019, 19:29

Соҳибкори тоҷик аз Дубай: То олимпиадаи Токио-2020 хоб наравем

2 сентябр 2016, 10:52

Муҳаммад Абдурозиқ Неъматзод, соҳибкори тоҷики муқими Дубай ва муассиси гуруҳи “Tajik sport” дар шабакаи Фейсбук пешниҳод кардааст, ки мо набояд то бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токиои Ҷопон хоб равем ва ҳамагӣ 5-6 моҳ пеш аз бозиҳо дастбакор шавем.

Ин соҳибкори тоҷик дар як навиштаи худ дар гуруҳаш бо ишора ба медали тиллои Дилшод Назаров дар бозиҳои Рио-и Бразилия навиштааст, ки “ҳоло як медали тилло номи кишвари моро дар ҷаҳон ин қадар боло бурд ва тоҷиконро хурсанд кард. Баъди ин медал чӣ кор бояд кунем? Болиштамонро зери сар бигзорем ва то панҷ моҳ пеш аз оғози Олимпиадаи Токио-2020 бедор шавем ва аз пайи гирифтани саҳмияи олимпӣ шавем, ё аз ҳамин рӯз барои гирифтани медалҳои олимпӣ корро шуруъ кунем?”

Муҳаммад Абдурозиқ мегӯяд, ки мо набояд ба умеди саҳмияҳои олимпӣ бошем ва талош кунем, ки аз ҳамин рӯз дар пайи ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 бошем.

Ин соҳибкори тоҷик ба даст овардани медали тиллоро аз ҷониби Дилшод Назаров Иди нахустини Қаҳрамони олимпии Тоҷик номида навиштааст: “Ҳафтаи гузашта тоҷикон шоҳиди “Иди нахустин Қаҳрамони Олимпии Тоҷик” Дилшод Назаров буданд . Кӯчаҳои шаҳро об ва майдонҳоро ҷорӯб заданд ва мардум ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд ва бо гулу гудастаҳо Қаҳрамонро пешвоз гирифтанд. Шоирҳо дар васфи Қаҳрамон шеър гуфтанд ва овозхонҳо суруд хонданд. Дар фурудгоҳ ба истиқболи Дилшод, шахси писари раисҷумҳур Рустами Эмомалӣ, ёрдамчии раисҷумҳур, раиси Кумитаи варзиш Аҳтам Абдулозода ва даҳҳо мансабдорони раддаи аввал рафтанд. Раиси Ҷумҳур ҳам шоми он рӯз дар Қасри Миллат ӯро пазируфту "Медали Шараф " ва 300000 сомонро ба нахустин Қаҳрамони Олимпӣ аз Тоҷикистон супурд. Ин амали ҳукумат сутуданист. Ҳарчанд ки ҳама интизор доштанд, ки ба Дилшод унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро медиҳанд, чун сазовори ҳама ҷоиза ва унвонҳост”.

Ҳамчунин Муҳаммад Абдурозиқ аз қадрдонии Дилшод Назаро аз ҷониби ҳукумат истиқболи гарм карда, умед кардааст, ки дигар мансабдорон ва соҳибкорони кишвар ба ӯ ҷоиза ва туҳфаҳои худро хоҳанд дод: “Ҳукумат маблағи ваъда кардаашро дод, вале маблағ хеле ночиз аст. Интизор мешавем, то бубинем раиси Душанбе ва тоҷирон ба ӯ чӣ ҳадя медиҳанд. Умедворем, ки ҳимматбаландӣ хоҳанд кард”.

Муҳаммад Абдурозиқ дар соли 2008, баъди ба даст овардани медалҳои нуқра ва биринҷии Бозиҳои олимпӣ аз ҷониби Юсуф Абдусаломов ва Расул Боқиев дар Пекини Чин ба онҳо автомашинаҳои Toyota “Camry” ва “Corolla” ҳадя карда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
О, Муҳаммадрозиқи ҷуе, ба онҳо ки дар соли 2008 се тайота додӣ, ба Дилшод ҳам як Ландкрузер туҳфа кун.
Худат ку медонӣ вазъи моро...
Посух додан
  • Нои

  • 2 сентябр 2016 12:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҳукумату шаҳр аз пулҳои андозсупорандагон додаанд он маблағро. Барои кишвари қашшоқи мо он маблағи каме нест.
Посух додан
  • илхом

  • 2 сентябр 2016 16:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Соли 2008 як реклама Буд тухфа ба кахрамонон
Чи кадар мардумро фиреб кардан ин бародархо арзон дар ДубайХурШед,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хаму дубайда бгу ягон шайхи араби пулмаст нестай брем гулуша бчафем дар хами дами бепули камтар рохат кнем!!!
Посух додан
  • ы

  • 5 сентябр 2016 06:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Спорт ин як фиребгари аст. Спорт барои давлатхои пулмасти бой аст, на барои давлатхои кашшок. хубаш иктисодиетро бардорем. Аз медали Дилшод обруи Точикистон заррае хам тагйир наефтааст. Давлатамон обод шавад, кашшоки нест шавад, ана ин аст обруи давлати мо.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!