Сафари Назарбоев ба Узбакистон расман рад шуд
Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон дар Чин қарор дорад ва дар барномааш сафар ба Узбакистон дар назар нест.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қазоқистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ “дар айни ҳол иттилое дар бораи сафари Нурсултон Назарбоев ба Узбакистон рӯи даст нест. Тибқи нақша ӯ дар доираи ҳамоиши G20 чанд мулоқот дорад. Дар ҳоли ҳозир мо иттилоъ дар бораи сафари Назарбоев ба Узбакистонро рад мекунем”.
Қаблан бархе расонаҳо хабар доданд, ки Назарбоев 3-юми сентябр ба Узбакистон сафар хоҳад кард. Ба иттилои ВАО 3-юми сентябр дар Самарқанд маросими видоъ бо Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон дар назар аст. Расман марги Ислом Каримов то ҳол тасдиқ нашудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |