Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 22 май 2019, 22:17

Убайдуллоев 3 сентябр дар Душанбе дави миллӣ эълон кард

2 сентябр 2016, 17:04

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе бо имзои як қарор фардо 3-юми сентябр дар пойтахт рӯзи дави миллӣ эълон кард.

Тавре аз шаҳрдории пойтахт ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дави миллӣ аз соати 7-и субҳ то 11 дар масири маҳаллаи “Чорбоғ”- “Наврӯзгоҳ” баргузор хоҳад шуд.

Ба иттилои манбаъ дави миллӣ ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим баргузор мегардад. Маҳмадсаид Убайдуллоев роҳбарони мақомоти умури дохилӣ ва амнияти шаҳри Душанберо вазифадор намудааст, ки зимни ин чорабинӣ тартибот ва бехатарии шаҳрвандонро таъмин кунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Али

  • 3 сентябр 2016 06:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон онкадар бе шарму хайо хастен ки чунин расмро гузоштен каме хам бошад шарм кунед то ин хад не ку шармандагист фасод болои фасод! Агар инсон бошед ва гар не усунуш кори худутон!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!