Бахшҳо
05 сен 2016 11:17Тоҷикистон / Акс

АКС: Ифтитоҳи корхонаи 1 миллиардӣ барои раҳоии “ТАЛКО” аз пойбандӣ ба хориҷа

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 5-уми сентябр дар ноҳияи Ёвон корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат бо арзиши 990 миллион сомониро ифтитоҳ намуд, ки ба коҳиши вобастагии Ширкати алюминии тоҷик "Талко" аз ашёи хоми воридотӣ равона шудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон то ҳол криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат, ки маҳсулоти асосӣ дар истеҳсоли алюминий мебошанд, аз кишварҳои назди Балтика, Белорусия, Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба “Талко” ворид мешуданд: “Баробари ба кор шуруъ кардани Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат Ширкати алюминийи тоҷик аз вобастагӣ ба воридоти ин намуди маҳсулот пурра раҳо ёфта, ба имкониятҳои содиротӣ ноил мешавад. Аллакай як қатор давлатҳои истеҳсолкунандаи алюминий, аз ҷумла, корхонаҳои алюминийи Қазоқистон, Озарбойҷон, Эрон, Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар, Баҳрайн, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои харидории криолит ва фториди алюминийи Тоҷикистон пешниҳоди ҳамкорӣ намудаанд”.

Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи корхона гуфт, сохтмони ин се корхона соли 2008 оғоз гардида, моҳи июни соли 2014 Ширкати алюминийи Тоҷик бо Корпоратсияи миллии мошинсозии вазнини Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба анҷоми сохтмону таҷҳизонидани корхонаҳо қарордод ба имзо расонида буд: “Барои бунёду таҷҳизонидани корхонаҳои Ҷамъияти “Криолит” беш аз 990 миллион сомонӣ (баробар ба 126 миллион доллари амрикоӣ), аз ҷумла беш аз 290 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои Ширкати алюминийи Тоҷик сармоягузорӣ карда шудааст”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки маҳсулоти истеҳсолшаванда 80 фоиз барои эҳтиёҷоти Ширкати алюминийи Тоҷик истифода гардида, боқимондаи он содирот карда мешавад.

Манбаъ мегӯяд, сохтмони Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат марҳилаи якум дар рушди Корпоратсияи кимиёвию металлургии тоҷик мебошад: “Дар корхонаи навбунёд ҳамасола 12 ҳазор тонна криолит,18 ҳазор тонна фториди алюминий ва 130 ҳазор тонна кислотаи сулфат истеҳсол гардида лоиҳаи бунёди он 126 млн доллари ШМА-ро дар бар мегирад.Ҳамчунин дар корхонаи мазкур ба таври иловагӣ таввасути дастгоҳҳои эҳтиётӣ истеҳсоли криолит дар ҳаҷми 18 ҳазор тонна ва фториди алюминий дар ҳаҷми 27 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст”.

Мӯҳр
Нои
Беҳтарин хабар!

инша аллох ватанамон обод шудаистодааст ба кариба хама дар ваатани худ сохиби чои кори мувофик мешавем ташакури зиед ба шумо Чаноби Оли.Рустам,

Дар нохияи Хисор дар кишлоки Кончи низ чанд сол пеш чунин корхона сохта буданд, лекин то хол хоб кардааст.

Ин кариби 26 Сол гузашт!!! Ки ваъда медиханд хамаи МО бо кор таъмин мешавем. Холо МО дар руссия хизматгор хастем

behtarin.se viloyate ki dorem ba 10 viloyat rasoned janobi oli nazorati shumovu raison khubtaru osonu obodtar meshavad.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)