Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 21 феврал 2019, 04:22

Шӯрои уламо рӯзи ид, соати намоз ва мавзӯи мавъизаҳоро муайян кард

5 сентябр 2016, 12:34

Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи Иди Қурбон дар кишварро 12-уми сентябр муқаррар кардааст.

Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, санаи Иди Қурбон дар ҷаласаи шӯро, таҳти роҳбарии муовини муфтӣ Саидов Абдулбасир муайян карда шуд.

Ба иттилои Шӯрои уламо намози ид дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар соати 07:00 хонда мешавад. Абдулбасир Саидов, муовини муфтӣ дар поёни ҷаласа аз имомхатибон талаб кардааст, ки "дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвари азиз саҳми худро гузоранд".

Иди Қурбон яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон аст, ки ҳамасола рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа, пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр таҷлил мешавад. Мардуми доро одатан дар ин рӯз, бар асоси расму ойини мазҳабӣ, гӯсфанд ё говеро қурбонӣ намуда, гӯшти онро ба афроди камбизоат медиҳанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Соим

  • 5 сентябр 2016 13:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фарорасии Иди Курбон ба тамоми мусалмонхои чахон муборак бошад!
Худо кунад, ки тамоми кудакони кишвархои аз чанг азияткашида дар ин руз монанди кудакони мо дар лаб табассум дошта бошанду ид кунанд ва лахзае хам бошад, чангу зулми золимин фаромуш кунанд, инчунин дар фазо ва руъёи кудакии худ сайр намоянд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эхеей мулохои бинихалонак !!! О хар чумъа хамин мавзухои сулху оромиву шукронаву истиклолияту пешво аст-дар минбархо!!! Чимешуд,ки рузи ид аз хаёту зиндагии Иброхим халиллуллох Ва Исмоил кисса мекардед ??

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!