Расонаҳои ғарбӣ Гулнора Каримоваро яке аз пояҳои муқтадири фасод дар Узбакистон ва ҳукумати Ислом Каримов медонистанд. Расонаҳои маъруфи ғарбӣ сари ҳар вақт дороиҳои ӯро ҳисобу китоб мекарданд ва дар ҳамин рӯзҳои ахир, баъди марги падараш нашри “Ню-Йорктаймз” низ бори дигар рӯйхати дороиҳои Гулнора Каримоваро дар хориҷ аз Узбакситон нашр намуд.
Гулнора Каримова то оғози моҷарояш яке аз сарватмандони маъруфи Узбакистон буд, ки бо дипломи донишгоҳи Ҳарвард аз ҷумлаи овозхонҳо ва модели варзида дар Узбакистон дониста мешуд. Дар ин авохир дар интернет суруде ҳам нашр шуд, ки гуфта мешавад, онро Гулнора дар бораи Ислом Каримов сароидааст. Аммо коршиносон мегӯянд, ин таронаро духтари президент чанд сол қабл иҷро намуда буд, танҳо онро дар ин авохир клип карда, нашр кардаанд.