Бахшҳо

Пешниҳод: Ба Дилшод Назаров стипендияи якумрӣ дода шавад

Як масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ба қаҳрамони бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров стипендияи якумрӣ дода шавад.

Нурулло Лоиқов, узви кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпӣ ба “Озодагон” гуфт, дар пешниҳодаш ба Ассамблеяи генералии Кумита ҳаҷми ин стипендияро 500 доллари амрикоӣ нишон дод. Ба гуфтаи ӯ, ин стипендия ба Дилшод бояд “барои хизматҳои шоёнаш дар рушди варзиши кишвар” дода шавад.

Ҷаноби Лоиқов афзуд, Ассамблея ин пешниҳодро ба овоздиҳӣ хоҳад гузошт ва дар сурати дастгирӣ ёфтан, Дилшод Назаров ҳар моҳ 500 доллар дарёфт мекунад: “Ин пешниҳод давоми ҳамин моҳ бояд баррасӣ шавад”.

Дилшод Назаров дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78.68 метр партоб кард, ки нишондиҳандаи беҳтарини ин сабқат буд. Ӯ аз миёни ҳафт варзишгари тоҷик, ки ба Рио роҳхат гирифтанд, танҳо нафаре буд, ки нишони тиллоии олимпиро ба гардан овехт. Намояндаҳои дигари Тоҷикистон дар марҳилаҳои интихобӣ ноком шуданд.
Мӯҳр
ол
Кахрамони миллат нагузашт, акнун боз масъалаи стипендияро бардошта истодаанд. Хар кас мехохад як ташаббус пешниход карда каме хам бошад ба ин дастоварди Назаров худро шарик кунад.

шахрванд
Ташшабускор, магар хамин 500 доллар дар рох хобидааст? аз кадом хисоб маблаггузори мешавад? Фардо ин гуна варзишгарон дар Точикистон хеле меафзоянд, ана баъд чи пешниход мекуни? Хай агар аз киссаи худат маблаг чудо куни мардум хатман дастгири мекунад. Бас будагист лаганд бардориву ...!!!

Ин харгиз лаганбардорй набуда, танхо ва танхо ифтихори миллист. Дар Олимпиада ба медали тилло сазовор гаштану Парчами кишварро баланд бардоштан муваффакияти бехтаринест барои кишвар ва мардуми он.
Ба фикри ман пешниход арзанда ва кобили дастгирист...

Аз худ наравед акун!!!!
Шодикафак шида боз намеруд миллат бе сохиб монад!!!
Даркор нест стипендияи якумра!!!!

тарзан
ступендия бояд дод.Дилшод арзанда аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)