Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 26 апрел 2017, 18:55

Раҳматилло Зоиров: Бо Ислом Каримов шинос будам...

8 сентябр 2016, 08:57

Баъд аз марги Ислом Каримов бисёре аз чеҳраҳои сиёсӣ ва фаъолони ҷомеаи мадании Тоҷикистон нуқтаназарҳо ва баррасиҳои худро дар мавриди шахсияти Ислом Каримов ва ҳамчунин перомуни шеваҳои ҳукуматдорӣ ва муносибати ӯ бо тоҷикону Тоҷикистон баён карданд. Дар ин миён изҳороти Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мавриди вокунишҳои густардаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва рӯзноманигорону таҳлилгарони шинохта қарор гирифт. Аз ҷумла бештари касоне, ки вокуниш нишон доданд, тавсифу тамҷиди Зоиров аз Каримовро ғайримунсифона ва ғайриинтизор унвон карданд. Иршод Сулаймонӣ ба дунболи ин вокунишҳо бо чанд суол ба Раҳматилло Зоиров муроҷиат кард (Зоиров, ки дар як сафари корӣ берун аз Тоҷикистон қарор дошт, ба қавли худаш ба суолҳо “бо назардошти имкониат ва вазъияти сафар” посух дод).

Озодагон: Ҷаноби Зоиров, ба назари Шумо чаро изҳоротатон дар мавриди марги Каримов ва тавсиф аз шахсияти ӯ боис ба ин қадар вокунишҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд? Ва касоне ба Шумо вокуниш нишон доданд, корбарони оддӣ не, рӯзноманигорони варзида, таҳлилгарони шинохта ва чеҳраҳои фаъоли сиёсиву ҷомеаи маданӣ буданд. Аз ҷумла чанд чеҳраи шинохтаи ҳизби худатон.

Раҳматилло Зоиров:
Изҳори назари ман нисбат ба Ислом Каримов қабл аз ҳама аз рӯйи навъи он (қиёс ба Сталину Рузвелт) вокунишҳоро ба миён овард. Ман амалкардҳои эшонро аз нигоҳи манфиатҳои миллии Тоҷикистон таҳлил накардам. Вокунишҳо аз ҷониби Салим Аюбзод, Хилватшоҳ Маҳмуд, Алӣ Ализод, Алим Шерзамонов ва дигарон вобаста ба ҳамин ду чиз манша гирифт. Бояд таъкид намоям, ки дар изҳори назари шахсии худ, ман умуман ба фаъолияти сиёсати хориҷии Каримов дахл накардам, балки танҳо сиёсати дохилии ӯро дар самти иҷрои вазифаҳои президенти кишвари ҳамсоя, ки ба манфиатҳои Узбакистон буд ё на, баҳогузорӣ кардам. Дар рӯзи марг баррасии дигар самтҳои фаъолияти Каримовро бемаврид донистам ва дар изҳори ақида ин нуктаро таъкид кардам. Акнун ба навъи изҳори ақида баргардем. Мутаасифона, ягон нафар, ҳатто журналистони варзида, савол нагузоштанд, ки барои чӣ дар изҳорот чунин омад?

Муқоисаи Каримов бо Сталин дар ҳазорҳо маводи чопӣ инъикос шудааст. Муқоиса бо Рузвелт аз кадом нигоҳ ҷоиз мебошад. Якум, Рузвелт ягона президенти ИМА мебошад, ки аз ду муҳлат зиёд президент шуд (4 бор), пас аз Рузвелт маҷбур шуданд, тағйирот (поправка)-и 25 ба Конститутсияи ИМА-ро ворид кунанд. Ман дар назар доштам, ки шаклан ҳукмронии И.Каримов бо Сталин монанд мебошад, аммо Сталин котиби аввали ҳизб буд. Каримов аз раисии ҳизб рафт ва аз рӯйи вазифа (Рузвелтро “президенти дарозмуддат” номидаанд) Каримов Рузвелти Узбекистон шуд. Дигар ягон президент ин муҳлатро такрор карда наметавонад. Дуюм, Каримов ба монанди Рузвелт бо барномаи “Курси нав” ба ҳокимият омад, ҳатто унвонҳояшон як хел буд. Сеюм, шиори ҳам Рузвелт ва ҳам Каримов мазмунан мушобеҳ буд – “Ояндаи бузург”. Аз ҷумла ҳама дар ёд дорем: “Узбекистон келажаги буюк давлат”. Чорум, Каримов ҳамчун Рузвелт аз ислоҳоти низоми бонкӣ ва истеҳсолот оғоз кард ва шиорашон ҳам монанд буд. Панҷум, Ҳар ду иктисодиётро аз сиёсат боло донистанд. Шашум, вазъияти ИМА-и охирҳои солҳои 20 ва оғози солҳои 30–юми садаи ХХ на танхо аз ҷиҳати иқтисодӣ (буҳрони ҷаҳонӣ), балки дар Лигаи миллатҳо низ заиф буд (Бритониё ва Фаронса лидер буданд, на Русия ва ИМА). Амалиёти Рузвелт барои мустақилият ва мавқеи нави ИМА равона карда шуд, ҳамчунин мавқеъро Каримов дар асоси эътибори мустақилият ва мавқеи нави Узбекистан дошт. Ҳафтум, ҳар ду “ногаҳон” аз «хунравии мағзӣ” вафот кардаанд ва ғайра. Кутоҳ ҳамин тавр.

Озодагон: Шумо гуфтед, ки аввалин бор дар мавриди шахсияти Каримов соли 1991 изҳори назар кардед ва тӯли ин қадар солҳо худдорӣ мекардед. Сабаб дар чӣ буд?

Раҳматилло Зоиров: Бо Ислом Каримов шинос будам...Раҳматилло Зоиров:
Солҳои қабл аз президентии Каримов, дақиқтараш солҳои 1985-1986, яъне се-чор сол қабл аз котиби аввали Ҳизби коммунисти Узбекистон интихоб шудани ӯ, бо Ислом Каримов шинос будам ва ҳамкоронаш ӯро хеле мусбат муаррифӣ карда будаанд. Вақте котиби аввал ва сипас президенти Узбекистан шуд, ягон бор имконият даст надод, ки бо ӯ дидор кунам. Хусусан, иттилооти солҳои 90–ум дар бораи ҷанги бародаркуш дар Тоҷикистон ва ғайра ва баъдан худи сиёсати Ислом Каримов нисбат ба Тоҷикистон, дили маро нисбати ӯ сард кард. Дар ин ақидаву ҳолат то соли 2009–2010 қарор доштам, яъне, муносибати ман нисбат ба шахсияти Ислом Каримов бисёр манфӣ буд. Аз соли 2009 ин ҷониб нисбат ба ман як сиёсати иғвоангезе оғоз шуд: “резиденти И.Каримов”, “агенти Узбекистон”, худаш “узбак” ва ғайра, ки бароям вазнин омад. Пас аз интихоботи соли 2010 бевосита ба фаъолияти И.Каримов, шахсият ва натиҷаҳои кори ӯ машғул шудам. Омӯзиш, таҳлил, аз ҷумла таҳлили мурофиаҳои зидди “олигархҳо”-и Узбекистон, хусусан, ҷараёнҳои суди Гулнора Каримова ва ғайра, назари маро тағйир дод. Солҳои 2015-2016 пурра ба омӯзиши иқтисод ва вазъияти ҷомеаи давлатҳои Осиёи Марказӣ, алалхусус Қазоқистон ва Узбекистон сару кор гирифта, ба хулосаи сиёсӣ ва илмие омадам, ки Каримов барои давлатдории Узбекистон ва иқтисодиёти ӯ хизмати арзанда кард. Албатта, ман сиёсати ӯро нисбат ба Тоҷикистон ва дигар ҷанбаҳояш, аз ҷумла дар масъалаҳои демократикунонии ҷомеа, поймол кардани ҳуқуқи инсон, маҳкум мекунам, аммо, ин мазмуни онро надорад, ки хидмати сазовори ӯро, ки барои манфиатҳои Узбекистон кардааст, инкор кунам. Яъне, вақте Каримов ин дунёро падруд гуфт ва саволҳо пайдо шуданд, ки пас аз ӯ вазъияти Узбекистон чӣ гуна мешавад, давоми 30 дақиқа дар як Интернет–кафеи шаҳри Маскав (он замон дар Русия қарор доштам) изҳори назари худро навиштам.

Озодагон: Дар он изҳори назаратон гуфтаед, ки Каримов тавонист тартиби интиқоли қудратро бисозад. Ин назари Шумо ҳамчун як ҳуқуқшинос ва муҳаққиқи ҳуқуқ ғайримантиқӣ нест? Чаро ки Каримов то тавонист аз интиқоли қудрат худдорӣ кард, бо роҳҳои қонуниву ғайриқонунӣ қудрати худро тамдид намуд. Ҳол он ки бар асоси Конститутсияи ҳамон замони Узбакистон ваколати ӯ бояд дар соли 1999 тамом мешуд ва ҳаққи президенти Узбакистон буданро дигар надошт. Ҳамин коре, ки Каримов кард, Шумо ҳамин эродро аз Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ҳамеша мегиред...

Раҳматилло Зоиров:
Роҳи осонтарини тамдид кардани ваколатҳои худ ё ин ки дигар қароре, ки ба ҳокимият лозим аст, ин гузаронидани референдум аст. Вақте ки ташкил ва баргузор кардани ин референдум дар дасти худи ҳамин ҳокимияти давлатӣ мебошад. Ин дар ҳақиқат коста кардани ҳокимияти халқ мебошад. Ибораи “интиқоли қудрат” (передача власти)-ро бошад, ман бо мазмуни дар механизми давлатдории Узбекистон мавҷуд будани қувваҳое, ки ин механизмро бе табаддулот ё дигар нооромӣ, давом дода метавонанд, яъне, И.Каримов давомдиҳандаҳои курсии худро омода кард ва дар ин масъала ба хулосаи умумӣ омада метавонанд, истифода кардам.

Озодагон: Каримовро ҷомеаи огоҳи ҷаҳон ҳамчун диктатор, раҳбари хунхор дар ҳаводиси Андиҷон, раҳбаре, ки тамоми аҳзоби сиёсиро аз давлат берун кард ва расонаҳоро ба таври бисёр шадид баст ва ё таҳти контрол гирифт, мешиносанд. Як раҳбаре, ки оддитарин муқаррароти ҳуқуқи инсонро риоя накунад, чӣ гуна мешавад аз ӯ таърифу тавсиф кард?

Раҳматилло Зоиров:
Дар изҳори ақидаи ман тавсиф нест. Ман танҳо воқеияти як самти фаъолияти ӯро таъкид кардам. Албатта, дар фаъолияти Ислом Каримов самтҳо ва ҷанбаҳои манфӣ зиёд ҳастанд ва чизе ки дар савол омадааст, ҷой дорад ва таҳлили объективонаро мехоҳад.

Озодагон: Агар шинохти Шумо аз Каримов ва дигар раҳбарони Осиёи Марказӣ он чизе ҳаст, ки дар изҳоротатон овардаед, пас муборизаи сиёсии Шумо чӣ мантиқ дорад?

Раҳматилло Зоиров:
Муборизаи сиёсӣ барои он лозим аст ки мусбатро аз манфӣ ҷудо кунем, мусбатро эътироф ва барои бартараф кардани манфӣ роҳ нишон диҳем, аз рӯйи имконият ин роҳҳоро асоснок намоем. Мо кадом шахсияте набошад, президент, вазир, прокурор, судя, шахси оддӣ ё сиёсӣ бояд инкор накунем. Аз рӯйи воқеият баҳогузорӣ кунем. Албатта дар фаъолияти мухолифин танқид бисёртар мебошад. Лекин ин мазмуни онро надорад, ки нисбати ин ё он шахс, бо маврид ё бе маврид танҳо ба танқид машғул бошем ё ӯро аз нигоҳи манфӣ баҳогузорӣ кунем. Ин як тарафи кору фаъолият. Тарафи дуюм. Баҳогузории на шахсият, балки механизми давлатӣ, қонунгузорӣ, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии демократикунонии ҳаёти ҷомеа ва давлатдорӣ, дар ин масъала чӣ Узбекистон ва чӣ Тоҷикистон, камбудиҳо, дурустараш монеаҳои зиёд аст. Анна ин ҳолатҳоро бояд ислоҳ кард. Мантиқи муборизаи сиёсиро ман танҳо дар ҳамин мебинам.

Озодагон: Шумо як шаҳрванди Тоҷикистон, раиси ҳизб ва яке аз чеҳраҳои сиёсии Тоҷикистон мебошед, чаро шахсияти Каримовро аз нигоҳи манфиатҳои миллии Тоҷикистон таҳлил накардед?

Раҳматилло Зоиров:
Боз як бор таъкид мекунам, ки рӯзи марг барои ин гуна таҳлил бемаврид мебошад. Ғайр аз ин, ҳар як таҳлил, аз ҷумла, дар даври ҳукмронии ин шахс ё пас аз ҳукмронии ӯ, албатта хусусиятҳои худро дорад ва албатта, ғайр аз сари вақт ва актуалӣ будани худ, таҳлили илмиву сиёсиро тақозо мекунад, ки замони муносиб лозим мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Беном

  • 8 сентябр 2016 11:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Як гапи нав бугу, ина хама медона-
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз хамин руз эътиборан акидаам нисбати Зоиров дигар шуд,аниктараш манфи шуд!!!
Посух додан
  • Хоҷӣ

  • 8 сентябр 2016 14:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Беном,
Дуруғ нагуед. шумо инро намедонед!. Зоиров марди ҳақгу аст ва ҳакикатро гуфта истодааст. Ин мардак (Каримов) вокеан ҳам барои мардуми худ кор кардааст. Он,ки вай зидди тоҷикон аст, маънои онро надорад.ки хазматашро барои халки худаш инкор кунем. Ин гапи Зоиров ҳак аст, аммо мо ҳама одат кардаем.ки шири сафедро сиёҳ мегуем
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Иршод канд зан! Авалин маколаи туро мехонам, ки манфиати миллиро дар сатхи баланд банду баст кардед! Офарин хамкурси азиз! Бовар кунед тамоми гирехи норавшани Р. Зоирро ба саволгузории мантикиатон кушодед ва ба хар хонанда айон гашт,
Посух додан
  • Бунёдҷон

  • 8 сентябр 2016 19:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Иршод саволҳоят қариб ҳама як маънӣ дорад. Ооо Зоиров ҳақиқатро гуфтааст. Ккримов бо вуҷуди диктатор будан, душмани ашаддии мо буданаш барои Узбакистон бисёр хизмати арзанда ҳам кард. 80 90 % и узбакистониҳо уро Ота мегуфтанд. Яъне эҳтиром доштанд. Зоиров инро дар назар доранд. Агар доир ба муносибатҳои миллӣ изҳори ақида мекарданд, фикри Зоиров ҳам ба мисли ҳазорон фаъолони ҷамъиятиву зиёиҳои дигар ҳаст.
Посух додан
  • Карим

  • 16 сентябр 2016 19:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Каримов ба миллати Точик душман буд.
Посух додан
  • 465

  • 19 сентябр 2016 07:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Да, не взирая на взгляды корыстных оппонентов и человеконенавистников Каримов стал несравнимым политиком и руководителем своей страны, он не собрал вокруг себя шайку боевиков, ни земляков, не родных, не свата и не зятя. Да, единственно Гулнора смогла воспользоваться некоторое время именем отца, но Каримов смог и ее остановить и даже наказать. Посмотрите родной сын Петр Каримов в России, внук - сын Гульноры, тоже в какой-то другой стране и все они живут сами по себе. В других странах ежегодно проводят акции чистки инакомыслящих, об этом все молчат. Если единственный Андижан превратил Каримова в диктатора, тогда других как назовем, когда десятки случаев кровопролития на них весят. Читая этот форум я так удивлен, что некоторым даже не нравится человек, который говорит истину, борется за правду как Зоиров, и трудно себе представить как столько чванства, ненависти и грязи внутри некоторых людей. Иногда такие люди сами говорят, что нельзя о покойном говорит плохие слова, значит эти провербы они придумали про себя? Терра инкогнито!!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!