Бахшҳо
08 сен 2016 14:59Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Бонуфузтарин донишгоҳҳои ҷаҳон: Аз Тоҷикистон нишоне нест

Ширкати байналмилалии QS World University Rankings, ки ба арзёбӣ, машварат ва тиҷорат дар соҳаи маориф машғул аст, дар раддабандии тозаи худ (QS World University Rankings® 2016/17) рӯйхати бонуфузтарин донишгоҳҳои ҷаҳонро мунташир кардааст. Ҳар се мақоми аввалро дар ин раддабандӣ донишгоҳҳои ИМА касб кардаанд ва дар садри ин раддабандӣ Донишкадаи технологии Масачусетс қарор гирифтааст.

Ширкати QS World University Rankings гуфта, ки ин раддабандиро бар асоси 6 шохис анҷом дода ва нуфузи донишгоҳҳоро вобаста ба минтақа низ бахшбандӣ кардааст.

Дар ин раддабандӣ ҷойи дувумро Донишгоҳи Стенфорд ва ҷойи сеюмро Донишгоҳи маъруфи Ҳарвард ишғол мекунанд. Донишгоҳҳои пурнуфузи мисли Кембриҷ ва Оксфорди Бритониё ҷойҳои 4-ум ва 6-умро касб кардаанд. Мақоми панҷуми ин раддабандиро низ Донишкадаи технологии Колифорниёи ИМА соҳибӣ намудааст.

Дар миёни даҳгонаи бонуфузтарин донишгоҳҳои дунё мақоми 8-умро Донишкадаи федеролии технологии Суис (Swiss) соҳиб шудааст ва боқӣ макотиби олии ИМА ва Бритониё мебошанд.

Дар ин радабандӣ, ки бештар аз 800 донишгоҳи кишварҳои ҷаҳон вориди он шудаанд, ҳеч кадом аз донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон дида намешавад.

Аз кишварҳои Осиё мақоми 12-умро дар ин раддабандӣ Донишгоҳи миллии Сингопур ва ҳамчунин дар мақоми 13-ум ҳам донишгоҳи дигари ин кишвар- Донишгоҳи технологии Нанянг қарор доранд. Аз кишварҳои дигар Осиё мақоми 24-уми ин арзёбиро Донишгоҳи Синхуаи Чин ва мақоми 27-умро Донишгоҳи Ҳонконг гирифтаанд. Мақомҳои 34-умро Донишгоҳи Токиёи Ҷопон ва 35-умро Донишгоҳи миллии Сеули Куриёи Ҷанубӣ соҳиб шудаанд. Дар 50-гонаи ва 100-гонаи беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳон аз ҳеҷчкишвари дигари Осиё донишгоҳе ворид нашудааст.

Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар ин раддабандӣ мақоми 108-умро дорад ва Донишгоҳи давлатии Санкт Петербург ва Донишгоҳи давлатти Новосибирск мақомҳои 258-у 291-ро доранд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Форобӣ ва Донишгоҳи миллии АвруОсиёи ба номи Гумилёв мақомҳои 236 ва 345-ро дошта, ҳамчунин чанд мактаби олии ин кишвар мақомҳои поинтарро касб кардаанд.

Донишгоҳи технологии Шарифи Эрон мақоми 431-уми ин раддабандиро касб кардааст.
Мӯҳр
))))Расо хандондед-де. О, чи хел донишгоххои Точикистон дар он рейтингхои чахони пайдо шаванд. ки кори омузгорону донишчуёнаш хамин се мохи охир ва кариб 10 рузи соли нави хониш факат "маршировка" буд. Дарс нест, таълим мурдаги. Вазорати маорифаш дар даруни фанду дуруг гутидагию афсонахо мехонад. Прокуратура ба дахон об гирифта, гуломи хизби хукмрон шудааст. Конун сагира монд...

Дар рейтинги чахони он су истад, Вазорати маорифи Точикистон як механизми муайян кардани рейтинги доъхилии донишгоххоро пурра каоркард накардааст. Яке аз нишондодхои байналмиллали ин чи кадар донишчуи хороичи доштани он мебошад. Донишчуёни туркманро дар ДДОТ он кадар лучонданд ки дар соли минбаъд ба маротиб теъдодашон кам шуд.((( Хатто хангоми таксими соатхо дар кафедрахо аз кадом махал будани шумо накш дорад. Мухит дар Донишгохо хело вайрон. Афсуссссссс

Сорбон
Муовини вазири молия Умед Латифов донишгохи Стенфордро хатм кардааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)