Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 май 2019, 12:03

Шарҳи расмии ФФТ ба хабари “занозании футболбозон”: ВАО-и Русия воҳима кардааст (ВИДЕО)

14 сентябр 2016, 08:10

Федератсияи футболи Тоҷикистон бо нашри изҳороти расмӣ дар робита ба хабари муноқишаи миёни футболбозони тоҷику узбак дар як сабқати футбол гуфтааст, ахбори ВАО-и Русия шакли таҳрифшуда ва пурвоҳимаро дорад.

Қаблан, расонаҳои Русия навиштанд, ки сабқати дастаи футболи тоҷикону узбакҳои муқими шаҳри Братск шоми 11 сентябр дар варзишгоҳи “Металлург” бо занозании футболбозону мухлисон анҷомидаст. Дар изҳороти Федератсияи футболи Тоҷикистон гуфта мешавад, ин ниҳод ба мусобиқаи мазкур ягон даъватнома нагирифта, мутаносибан барои иштирок ба ин сабқат дастаеро низ сафарбар накардааст. Ба иттилои манбаъ, дастае, ки дар ин мусобиқа байни дӯстдорони футбол иштирок кардааст, наметавонад худро мунтахаби Тоҷикистон ном барад: “Мусобиқаи мазкур байни муҳоҷирони корӣ ташкилу баргузор шудааст”.

Ба иддаои Федератсияи футбол, баъзе ВАО-и алоҳида аз ин ҳодиса истифода карда, “мехоҳанд муносибатҳои дӯстонаи байни Тоҷикистону Узбакистон ва ҳамчунин равобити судманди дуҷонибаи байни Федератсияҳои футболи ин ду кишвари ба ҳам дӯсту бародарро халалдор созанд. Таъкид мекунем, ки ба ин мақсади нопокашон ҳаргиз нахоҳанд расид”.

Расонаҳои русӣ навиштанд, қувваозмоии тоҷикону узбакҳо бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи тоҷикон будааст. Бар пояи иттилоияи пулиси вилояти Иркутск, муноқиша аз кашмакаши ду бозигар оғоз шуда, боиси ба майдон рехтани мухлисон шудааст. Дар пайи ин муноқиша натиҷаи бозиро бекор кардаанд.

Видеои муноқиша, ки яке аз шоҳидон сабт кардааст:



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • тарзан

  • 14 сентябр 2016 09:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
фарзиш ин чанг нест.касе маглуб мешавад бояд тан дихад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чанг аз тарафи точикон сар шуд ман будам, дар хамон чотарзан,
Посух додан
  • тарзан

  • 14 сентябр 2016 09:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
фарзиш не варзиш охир

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!