Бахшҳо

Боздошти ғоратгарони 48 000 $ аз хонаи хоби мансабдори гумрук

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ниқобпӯшоне хабар дод, ки шаби 7-уми сентябр ба хонаи сокини 49-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа, мансабдори Хадамоти гумрук ҳамла карда, сейф бо 48 ҳазор доллар ва мошини “Хонда СР-В”-ашро рабудаанд.

Тибқи иттилоияи Вазорати умури дохилӣ соати 1 ба 2-и шаби 7-уми сентябр 3 ниқобпӯш ба хонаи марди 49-солаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамла карда, ӯ ва ҳамсари 49-сола, писари 17-сола ва духтари 15-солаашро мавриди лату кӯб қарор додаанд: “Пас аз бастани дасту пойи аъзои хонавода аз дохили ҳуҷраи хобашон, як сейфи оҳанин бо 48000 долларро гирифта, бо мошини “Хонда СР-В”-и соҳибхона аз ҷойи ҳодиса фирор намудаанд”.

Манбаъ мегӯяд, 8-уми сентябр кормандони милиса бо иттиҳоми даст доштан дар ин роҳзанӣ 5 нафарро дастгир намуданд: “Боздоштшудаҳо 4 сокини 31, 41, 46 ва 51 солаи ноҳияи Бохтар ва як сокини 29-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа мебошанд. Миёни боздоштшудаҳо марди 51-сола пеш бо моддаи 200-и Кодекси ҷиноӣ ва марди 46-сола бо моддаҳои 96 (таҳрири 1961) ва 244 КҶ ҶТ суд шудаанд”.

Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, ҳамлагарон баъди он, ки бо 48 ҳазор доллар ва “Хонда СР-В”-и соҳибхона аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд, мошинро дар маҳаллаи Қизилюлдузи ноҳияи Бохтар гузошта, ба автомашинаи дигари тамғаи “Опел-Астра” сейфро ба хонаи як узви гуруҳ бурда, пинҳон намудаанд. Ба гуфтаи манбаъ муттаҳамон дар роҳзанӣ маблағи дуздидаашонро байни худ тақсим кардаанд: “Ҳангоми азназаругзаронии манзили истиқоматии гумонбаршудагон сейфи мазкур ва як қисми маблағи пулӣ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд. Нисбати боздоштшудаҳо бо иттиҳоми роҳзанӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.

“Озодӣ” аз қавли манобеяш иттилоъ додааст, ки ҷабрдидаи 49-сола, Қурбон Зуҳуров, сардори шуъбаи аудити Хадамоти гумруки вилояти Хатлон мебошад.
Мӯҳр
гуреза
Ин сардори шуъбаро низ бозпурси кардан даркор. Ин 48 000 доллар дар ин давраи кризис дар хонааш аз учо пайдо шудааст? Шояд ин "рохзанон" чабрдидахоеанд, ки ин сардор онхоро "чафидааст", хунашонро макидаст. Шояд ин маблаги худи "рохзанон" аст, дар сейфи сардор. Сардор ин маблагро барои "амонат" шояд гирифта бошад. Лекин амонатро баргардонидан нахостааст ва ин бечорахо дигар рохи гирифтани пулхояшонро наёфтаанд. Бояд ин тарафи масъала хам пурра тафтиш карда шавад. Вагарна хакикат пайдо намешавад..

Муслим
Ин корманди гумрук худаш ин кадар маблагро аз кучо овардааст?

Мирзо
Агар маоши корманди гумрук бил фарз 1000 сомони бошад пас дар як сол 12 000 сомони ва дар 40 сол 480 000 сомони мешавад.Агар курси долларро 780 сомони бошад пас дар як сол 1600 доллар мешавад кариб ва дар 40 сол 64 000 доллар аст.Лекин харгиз собикаи кории у 40 сол набуда ва ин кадар маблагро тули 40 сол чамъ накардааст аз музди мехнаташ Илова хонаву дару мошинаш низ нархи баланд доштааст.Пас уро пурсучу кунанд кормандони тафтишот ин кадар пулро аз кучо чамъ кардааст Аз рохи пора ё дузди?Пас об аз боло лой асту дуздро каракчи задаст.Дар хонаи як корманди одии гумрук ин кадар маблаг бошад пас кучорасад аз вазиру кормандони дастгохи президент.

Шахбоз
Пааахххххх Корманди Гумрук ика сума чхе кор када боша? Тамоми муаллимону духтурону кормандони давлатие ки мошашон аз 1000 сомон кам (150 сомонша андоз мегираву 850 сомонш мемона) мегиранд аз хамируз сар карда ба Гумрук хучат супорида ба кор дароед.

Сохибкор аз хисор
Хазору дусад сомони маош цефхои коргани давлати 48 хазор долар сад чахон ташакур!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)