Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 26 июл 2017, 21:30

Эълони санаи интихоботи президентӣ дар Узбакистон

13 сентябр 2016, 14:34

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Узбакистон рӯзи баргузории интихоботи раёсатҷумҳуҳиро эълон кард.

Мирзоулуғбек Абдусаломов, раиси ин комиссия гуфтааст, интихоботи президентӣ дар Узбакистон рӯзи 4 декабри соли равон баргузор мешавад. Пешбарии номзадҳо 30 сентябр оғоз шуда, то 20 октябр идома хоҳад ёфт.

8 сентябри соли равон дар пайи ҷаласаи якҷояи ду палатаи порлумони Узбакистон сарвазир Шавкат Мирзиёев президенти муваққатӣ интихоб шуд. Бар пояи моддаи 96-и Конститутсияи Узбакистон, ҳангоми вафот ё истеъфои президент вазифаҳои ӯ то интихоби нави президентӣ ба зиммаи раиси Сенати олии Маҷлиси ин кишвар Неъматулло Юлдошев бояд вогузор мешуд. Вале дар ҷаласаи парлумон Юлдошов аз ин мақом даст кашид.

Президенти аввалини Узбакистон Ислом Каримов, ки 27 сол зимоми раҳбариро дар ихтиёр дошт, дар пайи хунравии мағзӣ дар 78-солагӣ даргузашт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • узбекистон

  • 13 сентябр 2016 19:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мирзиёев президент мешавад дар давлатхои осиёи миёна интихобот расмиятчигист путин бо бахонаи зиёрати кабри каримов омаду мирзиёевро президент интихоб карду рафт
Посух додан
  • tojik

  • 18 сентябр 2016 07:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
putin medonad ki uzbak prezident shuda nametavonad baroi hamin boz tojikistoniro prezident mondu raft.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!