Бахшҳо

Президент назорати фурӯши тиллоро пурзӯр кард: Аввал ба ҳукумат баъд ба дигарон...

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҷадиди ҳукумат назорати истихроҷ, истеҳсол ва фурӯши металҳои қиматбаҳоро пурзӯр кард.

Тибқи қарори имзонамудаи раисиҷумҳури Тоҷикистон корхонаҳои тавлидкунандаи металҳои қиматбаҳо танҳо баъди пурра қонеъ кардани талаботи ниҳодҳои дахлдори ҳукуматӣ ҳақ доранд, маҳсулоташонро барои харидорони дигар пешниҳод намоянд. Ниҳодҳои асосии ҳукумат, ки ба хариди металҳои қиматбаҳо сарукор доранд, Вазорати молия ва Бонки Миллии Тоҷикистон мебошанд ва тибқи иттилои расмӣ ҳамасола бештари тиллои тавлиди ватаниро мехаранд.

Раисиҷумҳур Вазорати саноат ва технологияи навро муваззаф намудааст, ки иттилоъ дар бораи фурӯши металҳои қиматбаҳоро дар ҳар корхонаи тавлидкунанда ҳар моҳ ба ҳукумат пешниҳод намояд.

Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон қаблан иттилоъ дода буд, ки дар шаш моҳи соли равон дар кишвар 2 тонаву 96 кг тилло истеҳсол шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 40 кило бештар мебошад. Ба гуфтаи Бобозода, корхонаҳои тилло нақшаи пешбинишударо имсол 102 дарсад иҷро кардаанд. Ӯ афзуда буд, ки корхонаҳои коркарди тилло дар Тоҷикистон мушкили ҷиддӣ надоранд: “Танҳо дар корхонаи Зарафшон мушкили мутахассису техника ба назар мерасад”.
Мӯҳр
Нои
Ба муаллиф,
Бонки Миллӣ ниҳоди ҳукуматӣ нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)