Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 20 июл 2017, 19:38

Президент духтарашро ба курсии вакили сенат нишонд

14 сентябр 2016, 10:45

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон духтари бузургаш – Дарига Назарбоеваро вакил ё узви сенат, палатаи болоии парлумон таъин кард. Дар ин бора дастари матбуоти президенти Қазоқистон хабар медиҳад.

Моҳи сентябри соли 2015 Назарбоев Даригаро муовини нахуствазир таъин карда буд. Дарига Назарбоева то ин замон ноиби раиси маҷилис (палатаи поёнӣ)-и парлумони Қазоқистон буда, раҳбарии ҷиноҳи ҳизби ҳокими “Нур Отан”-ро бар уҳда дошт.

Бино ба иттилои расмӣ, Нурсултон Назарбоев ҳамчунин дар пайи иваз кардани нахуствазир ба кабинети вазирон тағйирот ворид намуда, вазири дифоъ Имонгалӣ Тошмагамбетовро ноиби нахуствазир таъйин кардааст. Ноиби ӯ Сакен Жасузаков вазири дифоъ шуд. Вазири адлия Берик Имашев раиси Комиссияи марказии интихобот ва ноиби раиси дастгоҳи президент Марат Бекетаев вазири адлия таъйин шуданд. Нурсултон Назарбоев 8 сентябр нахуствазир Карим Масимовро раиси Кумитаи амнияти миллӣ таъйин карда, курсии ӯро ба ихтиёри муовини ӯ Бақитҷон Сағинтаев гузошт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!