Бахшҳо

Интиқоди Душанбе аз озмоиши силоҳи ҳастаии Кореяи Шимолӣ

Тоҷикистон аз иқдоми Кореяи Шимолӣ, ки 9-уми сентябри соли равон силоҳи ҳастаияшро мавриди озмоиш қарор додааст, интиқод намудааст.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 14-уми сентябр бо пахши як изҳороти расмӣ гуфтааст, “мо дар мавриди нигарониҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба озмоиши силоҳи ҳастаӣ 9 сентябри соли 2016 дар Кореяи Шимолӣ ҳамақида ҳастем. Ингуна иқдомҳои Пхенян таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ эҷод менамояд”.

Душанбеи расмӣ афзудааст, ки “дар ин замина, мо аз талошҳо барои ҳаллу фасли қазияи ҳастаӣ дар нимҷазираи Корея аз тариқи абзорҳои сиёсию дипломатӣ ва инчунин изҳороти Шӯрои амнияти СММ ва Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (IAEA), ки Кореяи Шимолиро барои иҷрои ҳатмии қатъномаҳои дахлдори ША СММ даъват намудаанд, ҷонибдорӣ мекунем”.

Кореяи Шимолӣ аз соли 2006 инҷониб озмоишҳои ҳастаиро роҳандозӣ карда, таҳти таҳримҳои байналмилалӣ қарор дорад.
Мӯҳр
Ман дар ду холат асаби мешавам!!
Якум: вакте шурои уламо насихат
Дуюм хукумати ТЧ ягон давлати хоричара интикод ё камбудиву айбашро меёбад!!

Ин хам заду он хам зад,
Пасмонда кулух хам зад...

Домулло Зиё
Ин хам заду он хам зад,
Пасмонда кулух хам зад...
Увахахахаха.... хахахахаха

Дар урфият мегӯянд, "дарди худатро бинол!"
Вале инҷо дигар мушкилӣ ҳаст. Кишваре, ки мардумаш қути лоямутро (як луқма хӯрокро) ба мушкилӣ ба даст меорад ва пасттарин сатҳи зиндагӣ дорад, роҳбаронаш миллионҳо долларро ба такмили артиши миллӣ мезананд. Артиш бояд дастоварди миллиро ҳимоя кунад! На роҳбари худхоҳи яккатози инҷиқро. Дар пойтахти Кореяи Шимолӣ ш. Пхенян дар 1км як автомошина дида мешаваду он диктатор ҳар моҳ як силоҳи ҳастаи озмоиш медиҳад. Мехоҳад Амрико ва Кореяи Ҷанубии пешрафтаро битарсонад. Мо инро мегӯем. "К...атро бо шохи гов ҷанг наандоз!"
Воқеан, ба як давлати қашшоқу ақибмонда технологияи силоҳи ҳастаиро кӣ дода бошад? Яқинан Русия ва Хитой! Рӯзе ин сағераи писархонди Русия ва Хитой ба сари худашон бало хоҳад шуд. Ҳоло мебинем. Мо ку аз Корея хеле дурем... Худоро шукр.

точик
Юсуф,
харза магу, то ба сатхи пешрафти кореяи шимоли расидани точикистон на кам 500 сол лозим аст. Ба пропагандаи гарби дода машав, корея хеле пешрафта аст.

"Тоҷик" ин маълумотро дар бораи пешрафт будани Кореяи Шимолӣ аз куҷо гирифтӣ? Оё медонӣ, ки мардумаш чанд сол пеш пусти дарахт ва решаи алаф ҷӯшонда мехӯрданд? Роҳбарон мардуми заҳматкашро ба кор ба хориҷ мефиристанд. Асосан ба Хитой, Филиппин, Малайзия. Ҳатто ҳамонҷо ҳам он бечорагон таҳти назорати шадиди амнияти кишвар кор ва зиндагӣ мекунанд. Ин ҳам кам аст. Коргарон фақат як қисми даромадро ба даст мегиранд. Даромади боқӣ ба бонки марказӣ интиқол ёфта ба ҳисоби давлат мегузарад. Коргарон фақат бо ҳамин шарт ба хориҷ фиристода мешаванд. Манманиву ҳавобаландии тиран ва диктатори Кореяи Шимолӣ аз арақи ҷабини халқи заҳматкаш аст. Ҳоло акнун дидӣ, кадоми мо ҳарзагӯ аст? Далел дорӣ? Пеш ор. Шояд ту бехабар бошӣ, ки ду Корея ҳаст. Шимолӣ ва Ҷанубӣ. Тараққикарда ва демократиаш Кореяи Ҷанубист. Шумо мошинҳои Ҳундай меронед ва телефонҳои Самсунги ин кишварро дар даст доред.

Юсуф чи даркор дуруггуи бар акс мухочирон барои кор ба Корея меравад аз микрараёни мо чандин нафар ба кореяи шимоли ба кор меравад мегуяд нархи шофир касоб аз ду хазор долар зиёд

Донишҷӯ, ин дурӯғ нест, ҳақиқат аст. Як маротиба аз онҳо пурс, онҳо ба Кореяи Шимолӣ не, ба Ҷанубӣ рафтаанд. Ман аз ин ҳол ҳам хабар дорам. Аксари онҳое, ки ба Кореяи Ҷануби барои коркунӣ рафтаанд, ҷавонони ӯзбектаборанд. Шояд онҳо ягон "сӯрохӣ" ёфта бошанд, ки мераванд. Ин мардум бо ҳар роҳ зиндагиашро пеш мебарад. Ин тоҷикоанд, ки думи Русияро сар намедиҳанд. Кореяи Шимолӣ ба халқи худаш кор дода наметавонад, чӣ гуна коргари хориҷӣ мегирад.
Омади сухан бояд илова кунам, ки бо шартномаи давлатӣ шумораи зиёди коргарони Кореяи Шимолӣ дар корхонаи сарҳадӣ кор мекарданд, ки Кореяи Ҷанубӣ сохта буд. Пас охирин ҷанҷолҳо инженер ва менеҷерҳои Ҷануб рафтанд, таъмини барқ қатъ шуд, корхона бозистод ҷа чандсад нафар коргари шимолӣ бекор монданд. Ин аст боз як далел. Ахбори ҷаҳонро пайгирӣ кунед, ҷанобон. Вагарна ғофил мемонед.

Ҷет Лӣ
Акнун андешед, ҳамин сухани давлати мо ба хориҷиҳо ягон асар дорад? Албатта надорад. Пас ҳеҷ фоида надорад, балки зарар дорад. Беҳтараш дамаша дарун гирифта хап шинад, беҳтар мешуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)