Бахшҳо

Мирзиёев ё Каримове дигар барои Тоҷикистон?

Сайф Сафар

Огоҳон ва таҳлилгарони Тоҷикистон ба такрор Ислом Каримовро ҳамчун як диктатор мухотаб қарор медоданд ва мунтазири “фардои бе Каримов” мемонданд.

Сактаи мағзии Ислом Каримов, раисҷумҳури пешини Узбакистон зимомдории 26-солаи ӯро поён дод. Каримов бо сиёсати сахту саркӯбгароёна худашро дар чашми ҷаҳониён, ба хусус мудофеони демократия як диктатор ба намоиш гузошт. Тӯли замони ҳукмронии Ислом Каримов муносиботи Тоҷикистону Узбакистон кӯчактарин тамоюле барои беҳбудӣ надоштанд. Гирифта аз ҷорӣ кардани низоми раводид, қатъ кардани парвози тайёраҳо миёни Душанбеву Тошканд то содир шудани байёниҳо алайҳи бунёди НБО-и “Роғун” аз амалкардҳое буданд, ки замони ҳукмронии Ислом Каримов рӯи даст гирифта шуданд. Аз ин рӯ огоҳон ва таҳлилгарони Тоҷикистон ба такрор Ислом Каримовро ҳамчун як диктатор мухотаб қарор медоданд ва мунтазири “фардои бе Каримов” мемонданд.

Рафтани Каримов аз саҳнаи сиёсӣ он бовареро, ки агар як давлат на бо такя бар ниҳодҳои машваратӣ ва шохаҳои давлатдорӣ, балки рӯи шонаҳои як нафар бунёд шавад ва пас аз рафтани ӯ дучори ҳарҷумарҷ мешавад, камранг кард. Узбакистон суботи сиёсиашро нигоҳ дошт ва “фардои бе Каримов” ҳам аз роҳ расид, аммо чӣ фардое? Мардум ва яқинан ҳукумати Тоҷикистон мунтазири нафари мутафовит буданд, ки ба тағйири решаии фазои сиёсӣ дар Узбакистон хосатан дар робита ба муносибати ҳасана бо Тоҷикистон моил бошад. Бар хилофи ин чашмдошт таҳавулоти ҳаводисе, ки дар ин кишвар шоҳидаш ҳастем он “фардо”-ро норӯшан нишон медиҳад ё метавон гуфт агар таҳавулот ҳамин аст ба қавли Ҳофиз “вой агар аз паси ин рӯз бувад фардое”.

“Фардо”-е, ки хелеҳо интизориашро мекашиданд бо пушти по задани ҳокимияти қонун ва лагадмол кардани Қонуни Асосӣ шурӯъ шуд. Қонуни Асосии Узбакистон бо сароҳат мегӯяд, ки пас аз даргузашти раисҷумҳури вақти ин кишвар раиси Сенои (палатаи болоии парлумон) ба муддати 3 моҳ муваққатан раёсатҷумҳуриро ба уҳда мегирад. Неъматулло Юлдошев, раиси Сенои ин кишвар номзадии худро бозпас гирифтааст ва парлумон бо тамоми оро аз номзадии Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистон ҳимоят кардааст. Албатта, низоми ғайридемократии 26 солаи Ислом Каримов бо ба вуҷуд овардани як фазои хафақон посухгӯии ҳукумат дар баробари мардум ва ҳақталошии худи мардумро аз онҳо гирифта буд. Вагарна чи басо як фазои муносиб аст, ки мардум барои тадовум пайдо накардани беқонунӣ садо баланд кунад. Ба идомаи низоми худкома на бигӯяд. Шавкат Мирзиёев, ки барои ҳамвор кардани роҳи сиёсиаш асли қонуни асосӣ риоят нашуд, чаро шумориши оро ба нафъи худаш анҷом нашавад?

Тамоми коршиносони минтақавӣ ва умури Осиёи Миёна низ сари Мирзиёев ҳисоб мекунанд ва ба эҳтимоли хеле қавӣ ӯро раисҷумҳури ояндаи Узбакистон медонанд. Рафтани Владимир Путин барои адои эҳтиром ба марҳум Ислом Каримов ва суҳбат бо Мирзиёев ин ҳадсро барҷаста кард.

Шавкат Мирзиёев кист?
Мирзиёев, ки акнун раисҷумҳури муввақати Узбакистон аст, фориғутаҳсили риштаи кишоварзӣ буда, дар гузашта аз нафарони наздик ба Ислом Каримов будааст. Таҷрибаи кор дар котиботи комсомолии донишгоҳ ӯро ба вазифаи муовини раиси донишгоҳ расондааст. Пас аз ин бо шурӯи солҳои 90-ум намояндаи мардум дар порлумон мешавад ва баъдаш ҳам ба раисии ноҳияи Мирзо Улуғбеки Тошканд мерасад. Соли 1996 бо фармони Ислом Каримов ҳокими зодгоҳи худ вилояти Ҷиззах таъйин мешавад ва соли 1999 дубора намояндаи мардуми ин вилоят дар парлумон баргузида мешавад. Шавкат Мирзиёев соли 2001 ҳокими вилояти Самарқанд таъйин мешавад. Аз 12-уми декабри соли 2003 ба ҳайси нахуствазири Узбакистон ифои вазифа кардааст.
Барои Тоҷикистон муҳимтарин таҳавулот дар Узбакистон ин аст, ки дар суртаи интихоб шудани Шавкат Мирзиёев ба ҳайси раисҷумҳури ин кишвар ӯ чӣ гуна сиёсатеро дар пеш мегирад. Ин раисҷумҳурии эҳтимолӣ дар суханрониҳояш гапҳое гуфтааст, ки нишонаи по ба пои Каримов гузоштани ӯро равшан мекунанд. Ӯ фарзан гуфтааст: “Мавқеи кишвари мо ин аст, ки мисли ҳамеша ба ҳеч блоки низомӣ сиёсӣ ворид намешавем, пойгоҳи низомии кишварҳои дигарро ба ҳудуди Узбакистон роҳ намедиҳем ва сарбозони худро хориҷ аз кишвар намефиристем”. Амалкардҳое, ки дар авлавияти сиёсати Ислом Каримов қарор доштанд. Аркадий Дубнов, коршиноси умури Осиёи Марказӣ як рӯз пас аз фавти Ислом Каримов таҳавулоти баъдӣ дар Узбакистонро дар як ҷумла чунин гуфтааст: “Шоҳ мурд, зинда бод шоҳ!”

Ба ин тартиб коршиносон ба мавзӯъи равобити хуби Узбакистон бо Тоҷикистон хушбин нестанд. Андрей Грозин, раиси бахши Осиёи Миёна ва Қазоқистони Институти кишварҳои ИДМ-и АИ Русия барои хубии муносиботи ин ду кишвар даҳ сол фурсат додааст. Ӯ таъкид кардааст, ки барои хуб шудани муносибати Тоҷикистону Узбакистон “ниёз ба тамоюли дуҷониба ба созиш” ишора кардааст. “Ин ҷо ба назар гирифтани мавқеи Узбакистон лозим аст”.

Ин коршиноси рус бо ишора ба иттилои зидду нақизи Мирзиёев, ки гуфта мешавад ба муносибати хуб бо Тоҷикистон мусоидат мекунад, гуфтааст: “Дар миёни нухбагони узбак ва ҳамин тавр байни мардуми оддӣ зеҳнияте дар бораи тоза набудани асолати узбакии ин ё он раҳбар мавҷуд аст. Ин хоси ҳамаи кишварҳои Осиёи Миёна аст. Ҳатто, агар бо ҳудуди Тоҷикистон ҳам рабт дошта бошад, онҳо инро рад мекунанд”.

Грозин гуфтааст ин гунна овозаҳо дар мавриди Ислом Каримов ҳам дар миён буданд. “Сиёсатмадорон ё қирғизи, тоҷик ва ё узбаки аслӣ нестанд. Ин дар фаҳмиши мардум аз замони Шӯравӣ ҷой дошт. Ин нуқтаҳои субективӣ, ки кӣ дар куҷо таваллуд шудааст ва ба кадом гуруҳи этникӣ дохил мешавад ба фазои сиёсӣ таъсир намерасонанд”.

Акнун ки “тавофуқи оро” дар бораи раисҷумҳури ояндаи Узбакистон ҳосил шудааст ва он ҳам Мирзиёеве, ки гуфта мешавад зодаи Тоҷикистон мебошад, умедвории ҷомеаи Тоҷикистон барои хубтар шудани равобит зиёд аст. Ба хусус, баъд аз он ки Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ҷанозаи ҳамтои узбакаш ширкат карду пояи тобути ӯро дошт, аз ҷониби коршиносон изҳори омодагӣ барои равобити хубтар маънидод шуд. Ҳар чи ҳам ҳаст, баъди 4-уми декабри ин сол шоҳиди он мешвем, ки Шавкат Мирзиёев чӣ муносибатеро бо Ватане пеш мегирад, ки он ҷо зода шудааст!
Мӯҳр
Номдор
Худо адлу инсофро бар миллатони хамсоя чори кунад Мирзиёев шахси окилу бофарханг аст муносибат хеле хуб мешавад иншоллох

точикистони нав
дар муносибат бо мо ягон таъгирот намешавад чунки бад мурду бадтар омад

Изхор
Бо омадани точик ба сари кудрат дар Узбекистон муносибати мо хеч гох хуб намешавад. Чаро? Чунки сарвари точик бояд худро дар назди узбекон, ки бо мо мухолифати марзию сиёси доранд содик нишон дихад ва онхоро бовар кунонад, ки у барои Узбакистон хизмат мекунад. Аз ин ру хеч гох сарвари точики Узбакистон мисли Каримов бо точикон муносибати хасана барпо намекунад. Агар президент узбак шавад, хатман муносибати Точикистон бо Узбакистон хуб мешавад..... ХЛОСА ХАМИН АСТ, ТАХЛИЛГАРОН ХАРЧИ ХОХАН ГУФТАН МЕГИРАНД,,,

Омилхое сабзиш доранд, ки метавонанд сабаби мулоим гардидани муносибати давлати хамсоя бо мо гардад:
-пурра манъ гардидани фаъолияти хизби дини;
-дастгирии кишвархои хорича барои бунёди НБО "Рогун";
-рушди саноат дар чумхури;
-ба давлати транзити табдил ёфтани кишвар;
-пиёдашудани сиёсати сулххохонаи Пешвои миллат ва г-хо.
Хулоса аз Мо вобастагии зиёд дорад на аз онхо........

ватанфуруш
мирзиёев дар Зомини вилояти чиззах зода шудааст, чаро дуруг менависед. Падари ӯ дар дехат яхтани уротеппа зода шудааст. шумо аклатун хай ми....

тарзан
хамааш хуб мешавад.точику-узбек чудо нашаванда мебошад.вакту соаташ омад бояд муросо шавад.варзиш.санат.маданиятро ба пеш бурд.кинаро аз дил дур кардандаркор.кариб ки хама дар узб.хешу табор дорад.барои як раводид як мох овора м-д

Цитата: Номдор
мардум

Ҳеҷгоҳ сарамон хам намекунем мо точикем уво узбек мо таърихи 3500 то 4000 сола дорем уво чи доран 700 сол таърих доран мо Ҷон метем ватан не мо ҳеҷ гоҳ ба Ӯзбакистон бовар надорем чунки бо Амрикоиҳо ҳамкори дора

Ягнаб
Хай тарих дори, бад чй хайр давомаша хам гап зан баъд чй? no

Чупонов
Namast,
Namast,
Чавобаша ман мегумут бародар то Бухорову Самарканда нагирем ё аз нав таксимотии миллии марзи ташкил накунем хечго ранги ман вори Точикхо то охириумрамон ором зиндаги намекунем.... Самарканду Бухоро ватани ачдодонамон фаруш намешаваду нахохад шуд.... Номдор,

Ҳоҷӣ
Аввалан, Мирзиёев дар Тоҷикистон таваллуд нашудааст. Сониян ӯ ягон раги тоҷики надорад ва дар деҳаи Яхтан ҳама узбаканд. Саввум, агар одам ақл дошта бошад. фарқаш не, ки ӯ аз кадом миллат аст, муҳимааш он,ки беиллат бошад. Ҳамин гапванда тзе гуфтед рафиқон? Номдор,
Номдор,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)