Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 23 июн 2017, 01:29

Исми ду рақиби Мирзиёев барои ишғоли курсии президенти Узбакистон маълум шуд

17 сентябр 2016, 12:18

Ҳизби сосиал-демократии Узбакистон – “Адолат” эълон кард, номзадии Наримон Умаров, раиси ин ташкилоти сиёсиро ба интихоботи раёсатҷумҳурӣ пешбарӣ мекунад. Бино ба иттилои расонаҳои узбакӣ, ин тасмим имрӯз, 17 сентябр дар ҷаласаи VI-уми Шӯрои сиёсии “Адолат” гирифта шудааст.

Аз ин пештар Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон эълон кард, Ҳизби Эҳёи миллӣ номзадии Сарвар Отамуродовро барои интихоботи раёсатҷумҳурӣ пешниҳод кардааст. Эҳёи миллӣ як ҳизби ҳукуматгаро буда, шомили парлумони Узбакистон аст.

Ба ҷуз аз Отамуродов Шавкат Мирзиёев, раҳбари муваққатии Узбакистон низ муддаии курсии президентӣ мебошад. Номзадии ӯро Ҳизби ҳокими либерал-демократ пешниҳод кардааст.

Мирзиёев, ки то замони марги Ислом Каримов курсии нахуствазириро дар ихтиёр дошт, 8 сентябр дар пайи ҷаласаи парлумони Узбакистон раҳбари муваққатӣ интихоб гардид.

Интихоботи президентӣ дар Узбакистон 4 декабр баргузор мешавад. Қаблан, Мирзоулуғбек Абдусаломов, раиси комиссияи интихобот гуфта буд, пешбарии номзадҳо то 20 октябр идома хоҳад ёфт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Енды-худыш

  • 19 сентябр 2016 09:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бачахо беухда хдтона гамнатиен...Шавкаткул кати Путинбек маслихатоша пазонд...так, что шумода ходнест...Президенти ояндаи узбако аллакай малумаст...барои хами пулотона барои сагирахо ва камбизотахо сарф кунед бехтар аст...чун, ки неки бимонад човидон...хайру саховат кунед хубтар мешавад...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!