Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 23 июн 2017, 11:57

Вазифаи нави духтари президент дар парлумон

16 сентябр 2016, 15:42

Дарига Назарбоева, духтари бузурги Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон раҳбари Кумитаи муносибатҳои байналмилалӣ, мудофиа ва амнияти Сенат, палатаи болоии парлумон таъин шудааст.

Дарига чанд рӯз қабл бо фармони падараш узви сенат шуда буд ва имрӯз, 16 сентябр бори аввал ба ҳайси узв дар ҷаласаи палатаи болоии парлумон иштирок ва раҳбари кумита шудааст. Икром Адирбеков, раиси пешини Кумитаи муносибатҳои байналмилалӣ, мудофиа ва амнияти Сенат акнун ҳамчун узви қаторӣ фаъолият мекунад.

Моҳи сентябри соли 2015 Нурсултон Назарбоев, Даригаро муовини нахуствазир таъин карда буд. Дарига Назарбоева то ин замон ноиби раиси маҷилис (палатаи поёнӣ)-и парлумони Қазоқистон буда, раҳбарии ҷиноҳи ҳизби ҳокими “Нур Отан”-ро бар уҳда дошт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз духтару домодхои президенти худатон,чак чак кунед,Кортон чияй ба казокистон
Посух додан
  • Фалак

  • 16 сентябр 2016 21:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эпидемияи тоҷикӣ
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ошаш шавад.Ягон казок дар хорича ба мардикори машгул нест. Хам худашон мехуранд хам ба халк медиханд. Не как у нас.
Посух додан
  • секрет

  • 1 октябр 2016 16:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зато казоко бахиланд

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!