Бахшҳо

Нархи оби нӯшокӣ дар Душанбе 9 дирам гарон мешавад

Шурӯъ аз якуми октябр дар шаҳри Душанбе арзиши истифодаи оби нушокӣ барои аҳолӣ ва корхонаҳои ғайрибуҷавӣ 20 дарсад боло меравад.

Аз корхонаи “Обу корези Душанбе” имрӯз, 17 сентябр ба “Озодагон” гуфтанд, ҳоло сокинони пойтахт барои 1 метри мукааб 52 дирам пардохт мекунанд: “Минбаъд 9 дирами дигар бар он зам хоҳад шуд”.

Ба иттилои манбаъ, корхонаҳои ғайрибуҷавӣ ба ҷойи 4 сомониву 48 дирами феълӣ шурӯъ аз якуми октябр барои 1 метри мукааб 5 сомониву 38 дирам пардохт хоҳанд кард: “Арзиши истифодаи об барои корхонаҳои буҷавӣ аз якуми январи соли 2017 боло бурда мешавад”.

Масъулини корхонаи “Обу корезӣ” мегӯянд, қарори болоравии наврхи оби нушокӣ дар ҳамдастӣ бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ 29 июни соли 2016 ба тасвиб расидааст.
Мӯҳр
Ҳеҷ шарму ҳаё ҳаст дар шумо мегуй RS cola бошад он оби ифлосеки ба мардум медиҳед бояд 1 дирам бошад дар ватани об шумо наход инқадар беинсоф бошед аз нархи бензинда зиёдаш кардед дар вақти кризис сохтумонои бустонсароятон ба таъхир афтод?

Вой дод.
ЭЭэээ безор каден кати хами обу светон безор каден. На оби тоза метен неки нархоша дарав дарав баланд мекнен.

обро ин кадар паст задед об сарчашмаи хаёт аст 9 дирам кам аст 9 сомон зиёд кунед

Хайом
Неки дар хакикат мардумро мехохед дар танги бимонед ва коре кунед ки гулом ё куч бандан ба кухистонхо шарм намедоред хар 6-7 мох пас кимат мекунед ва аз ними худ ину вай мекунед хайр кушодани дигар чохо иг шармандаги гайри инсони аст пастии инсонро нишон медихад бояд ба мардум осони биёред на душвори чунин сиёсатхои хирадмандона нашояд!!!

Дар магоза як бокал обро аз 2 то 6 сомон мехаред вале барои 100 литр 61 дирам бовар кунед арзон аст. Ин об бехарачот ба хонахои Мо намеояд-ку.

Хаму бандое ки барои дор кашидани мо дар дарвозахо шахр истифода мешавад, бо худ биорем? Мабодо хукумат банд надошта бошад?

Аз мост, ки бар мост! Аз инҳо ҷои гурез нест. Аҷиб аст, ки намояндаҳои мардум дар МО ҳамаи ин болоравии нархи обу барқро хомӯшона таҳаммул мекунанд. Магар ҳарфи гуфтанӣ надоранд. Маълум мешавад, ки ин намояндагони мардумӣ не, балки намояндагони давлатӣ болои мардум мебошанд. Агар инҳо манфиати мардумро ҳимоя карда натавонанд, пас барои ки даркоранд? Маоши калон хурда, мизу курсиҳоро шалақ карда, гаштаанд. Ҳамин ҳол бошад, банда минбаъд ба интихоботи депутатҳои МО намеравам ва ба дигарон ҳам ҳаминро маслиҳат медиҳам.
Агар ҳамин оби Душанбе соф меомад, инқадар алам намекад. Аз қубурҳои об доимо қуму кирму чирму чӣ гӯру балоҳо мерезад. Боре порчаи резин афтид. Намедонам, пораи презерватив буд, чӣ бало? Ба ин шакке нест, зеро соҳибони дачаҳои Варзоб оби бассейну фозилоби ҳоҷатхонаҳошонро рост ба дарёи Варзоб равон мекунанд. Вагарна он оби касифу ҳароми бассейнҳо куҷо мешаванд? Донед, ки мардуми қисммати маркази Душанбе ҳамин оби нопокро истеъмол мекунанд! Ҳамин обро боз гаронтар фурӯхтанианд! Ба инҳо чӣ гӯйи ва чӣ нагӯйи. Гӯшҳоро таги тоқӣ мекунанду кори ифлосашонро давом медиҳанд.

Дар кишварҳое, ки газ, бензин ва нефте, ки худашон истеҳсол мекунад, барои мардумаш ба тавари ройгон дома мешавад. Дур намеревем барои мисол дар кишвари ҳамсоя мо Туркманистон барои шаҳрвандонаш газ, бензин, хизматрасонии телефони хонагӣ, ҳар моҳ 4 -кг орд, шакар, равган, намак ба твари ройгон(бепул) дода мешавад. Об аз худамон аст, агар ройгон набошад, пешниҳод мекунем, ки арзон яъне барои шаҳрвандон 5 дирам барои 1 метро мукааб карда шавад.

Давлат
15-20% (фоизи) баланд бардоштагии маошро аз бинихоямон мебароранд

Адолат
Ана аку сар шуд. Маоша зиёд карданд тамом нархи хамаи хизматрасонихоро зиёд мекунанд. то ба кай чунин ноадолати? Наход то ин дарача ноинсофи бошад? Макомотхои дахлдор кучоро нигох мекунанд? Наход як касе пайдо нашавад, ки гами мардуми бечораро хурад?

Об барои хаёт
Орзу,
Орзу бародар холо ту онхоро намедони. Аввал нархи куаи барк 2 дирам буд ва 1000квт/ст 20 сомон месупориди айни хол нархи куваи барк 12,6 дирам аст ва барои 1000квт/ст 126 сомон месупори. Фаркашро фахмиди? Обро хам чунинд мекунанд. Обби тоза хам нест. Дар 33 мкр обби хлордор медиханд. Аз дастаи хлору намака на термикс монду на тефал хатто мошинаи чомашуи аз кор монд. На меъёрро нигох мекунанду на тозагиии обро.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)