Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 26 июл 2017, 09:27

Иқдоми нави мақомот барои мусодираи хонаҳои зану фарзандони Зайд Саидов

19 сентябр 2016, 14:28

Мақомоти Тоҷикистон барои мусодираи хонаҳои ҳамсару фарзандони Зайд Саидов, соҳибкори зиндонӣ иқдом кардаанд.

Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт судиҷрочиён охири ҳафтаи гузашта ба хона омада, талаби холӣ кардани онро кардаанд: “Варақаи дасташонро дидам. Тамоми молу амвол ва хонаҳои фарзандон дар он ҷо аст. Мо 10 фарзандем, ҳамроҳи фарзандҳои худ куҷо равем?”.

Хайрулло Саидов ба кӯча рондани писару набераҳои Зайд Саидовро ғайриқонунӣ хонд, зеро ин хонаҳо моли писаронанд ва ба парвандаҳои падар ҳеч рабте надоранд: “Бояд дар мавриди мусодираи ҳар хона мурофиа сурат бигирад ва исбот шавад, ки он моли кисту кайу чӣ гуна ба даст омадааст? Бояд дар додгоҳ муҳокима шавад, ки масалан, ғайриқонунӣ ба даст омадааст. Агар мусодира шавад он ҳам бояд аз падарам бошад. Он моле, ки аз ҳамсар ва фарзандонаш аст, бояд мавриди суол ҳам қарор нагирад. Набояд рафта ҳамаи фарзандонро берун куниву хонаҳояшонро бигирӣ”.

Ӯ афзуд додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бидуни иштироки намояндаи хонаводааш қарор кардааст, ки гӯиё Зайд Саидов ба Окушев С, соҳибкори қазоқ бояд беш аз 2,7 миллион сомонӣ ҷуброн пардозад ва дар назар аст, ки хонаҳо на ба давлат, балки барои ҷуброни ин қарз равона хоҳанд шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Алҳазар, алҳазар!
Посух додан
  • .

  • 19 сентябр 2016 14:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин мардакро говсуд карда 30 ба кунчи зиндон партофтед. Корхонахояшро мусодира намудед. акнун боз хонахояшро кашида гирифтани хастед ва фарзандонашро ба куча партофтани хастед?
Посух додан
  • насим

  • 19 сентябр 2016 17:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ё аллохи бузург мадад кун!!!!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар илат бар он мебуд, ки камбагале аз касе чуброни хакашро мехост, пас падар ба кирдори фарзанди болиг, писар бар кирдори падар чавобгу набуд, аммо инчо хама сархадхо валангор мешаванд. Сабаб чист. Ман казияе дорам, ки падару писар якчоя ба мо зарар расонидаанд, локин писарро гунахгор донистаанд, ки дар гурез аст, аммо падар барои писар чавоб намедихад, чунки конун инро мамну кардааст. Дар баъзе холатхо чунин нест хато ноболигон чавобгуй хастанду мусафедони 100- сола низ. Афсус афсус....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чархи фалака сварка када намешава
Посух додан
  • Салмоншо

  • 19 сентябр 2016 22:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
майли точико, хайр хуму казоки бечора чи гунох дошт ки фиребаш кради акаи Зайд
Посух додан
  • мехмон

  • 19 сентябр 2016 22:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар дар ин хонахо фарзандон ва наберагон ба кайд гирифта шуда бошанд хамагон хакки баробар доранд новобаста ба синну сол. Зайд Саидов дар кайди ин хонахо бошад метражи тааллук ба зиндони фурухта чуброни даъвогар шавад.
Посух додан
  • 看到

  • 22 сентябр 2016 16:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ҳар кас вақти худашро дорад
вақташ расад

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!