Бахшҳо

Туҳфаи Убайдуллоев ба донишҷӯёне, ки ба “маршировка” рафтанд: 9 моҳ ҳаракати ройгон дар автобусу троллейбус

Бар пояи як қарори шаҳрдории Душанбе донишҷӯёне, ки дар Намоиши ҷашнӣ бахшида ба 25-умин солгарди истиқлоли давлатӣ иштирок кардаанд, аз ҳисоби буҷаи шаҳр чиптаҳои истифодаи бемузд мегиранд.

Шавкат Саидов, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе мегӯяд, ин қарор 19 сентябр дар ҷаласаи шаҳрдорӣ содир шудааст. Ба гуфтаи ӯ, тавассути чиптаҳои мазкур донишҷӯён давоми 9 моҳ метавонанд аз “нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятии коммуналӣ – автобус ва троллейбус” истифода намоянд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ин ҷаласа ҳамчунин ба ҳар нафаре, ки дар баргузории Намоиши ҷашнӣ саҳм гузоштааст, изҳори сипос кардааст: “Дар ин зимн, Маҳмадсаид Убайдуллоев бо таъкиди нақш ва масъулияти беназири аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози баргузории Намоиши ҷашнӣ, ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр нисбати касбияташон оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дар баргузории чорабиниҳои оммавӣ изҳори сипос карда, фаъолияти дар ҳамоҳангӣ бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ анҷомдодаи ректорони донишгоҳҳои олӣ ва директорони коллеҷҳои дар пойтахт фаъолияткунандаро дар роҳи таъмини иштироки донишҷӯён ва дар ин равобит бо ғамхориҳо фаро гирифтани ҳар кадоми онҳоро шоистаи таҳсин маънидод кард”.

Бештари донишҷӯёни донишгоҳҳои Душанбе ҳанӯз се моҳ қабл ба тамрин ё “маршировка” даъват шуда буданд. Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон 11 июл дар нишасти хабарие гуфт, донишҷӯён ба “маршировка”-ю раҳпаймоиҳо ба муноосибати 25-умин солгарди Истиқлол бо фармоиши вазорат ҷалб шудаанд: “Ҷавонону донишҷӯёни мо -пайрави Пешвои Миллат худашон хоҳишманди иштирок дар ҷашни 25-солагии Истиқлолиятанд”.

Вазир таъкид намуда буд, ки иштирокдорон аз ҳисоби махсуси донишгоҳҳо маблағ мегиранд: “Як вақт бо ғизою нӯшокӣ ва инчунин бо нақлиёту хобгоҳҳои ройгон таъмин мешаванд”. Аммо баъдан бархе донишҷӯён шикоят карданд, ки ҳеч маблағ ё ғизою нушокие намегиранд.
Мӯҳр
safar hakdod
дар хар як чорабини ин кадар сарфкуни чи хел мешад?

Донишчу Маршировкаев
Мо троллейбусу афтобусро истифода намебарем. Илтимос чиптаи ройгон барои маршрутка тит. Ташаккур.

Каром
Адрес ё чигуна ба даст овардани ин чиптаро менавистед хуб мешуд масъуоли озодагон хохиш мекунам...дастутон дарда набинад....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)