Бахшҳо
20 сен 2016 15:18Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Ҷаҳиши $-у дастури мақомот: 1 дақиқаи тамос ба Русия 1 сомонӣ шуд

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон эълон карданд, ки дар асоси дастури Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 1-уми октябр нархи зангҳои телефонӣ ба Русия беш аз 30 дарсад боло хоҳад рафт.

Тавре аз "ТСЕЛЛ", “Мегафон” ва "Билайн" ширкатҳои калонтарини мобилии кишвар ба “Озодагон” иттилоъ доданд, бо назардошти қурби доллар нархи зангҳои телефонӣ ба Русия бозбинӣ шуда, аз 1-уми октябри соли равон арзиши як дақиқаи тамос ба ин кишвар баробари 1 сомонӣ хоҳад шуд. Феълан нархи як дақиқаи тамос бо Русия камтар аз 70 дирамро ташкил медиҳад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ соли 2012 ширкатҳои русии Мегафон ва Билайнро барои нархҳои аз ҳад арзони тамос бо Русия ҷарима баста, қарор карда буд, ки дақиқаи тамос бо Русия на камтар аз 10 сент нархгузорӣ шавад. Ин қарори Хадамот ва болоравии қурби доллар далел барои бозбинӣ ва болоравии нархи тамос бо Русия шудаст.
Мӯҳр
муйсафед
ой - ой наберахаком як бор ба манфияти хал кор кунед ,,,,,доим нарх баланд бардори,,,,о камакак нафс хай занед ,,, мекушед хамин халки печорара,,,,,ин ширкатхо руйрост машеник шидиян ,,,,мо дар болоравии долор чикор дорем ,,,,,,

Хакимбой
О гами халка мехуран-да. Чи гавго мебардоред? Давлат дилаш ба Шумо сухта арзиши занг ба Русияро баланд кардааст, ки бехуда пул сарф карда хар руз ба фарзандони донишчу ва гастрабайтери худ занг назанед! Ачаб халки ношукр. О шукрона гуфта гаштан гиред-да...

ҳайратзада
"Муҳтарам" кормандони Хадамоти зиддиинҳисорӣ-илтимос ва хоҳиши беандоза, нархҳои зангҳои дохилиро низ бозбинӣ кунед ва ҳатман боло баред. Нархи як дақиқа суҳбат дар дохил бояд на камтар аз 2 сомонӣ бошад. Илтимос кумак кунед ба мардуми тоҷик. Ҳатман ҳама бозорҳоро гардед ва тамоми арзонфурушонро ҷаримабандӣ кунед. Қимматӣ гарави саломатист!!

tt
Зиндабод Вайберу Имо

Хадамоти зиддиинсофии мо нархро бар мукобили мантиқ факат баланд карда метавонаду халос.

Антимонопольная служба дар хама давлатхо барои боло нарафтану монополя накардани корхо мубориза мебарад, дар мо бошад баръакс. Ин рафти кор окибат мардума ба табадулот тела мекунад. Чунки дар хама система корхои намешудани шуда истодааст. Андеша бояд кард, ки чаро ин хел шудаистодааст. Мардума хукумат бехад аз худ норози карда истодааст....

тарзан
русия ба мо дуст набуд ва намешавад.мо дар ватан бояд чои кор ебем

24
Рохи халоси ин кам гап задан аст кам ки гап задем ширкато хам кам даромад мегиранд ва мачбур мешаванд ки арзон кунанд ин аст талаботи иктисоди бозаргони ки бояд онро омухт.

Ракобати озод кучост!!?Танхо баланд бардоштан ва боз бугги кардани халк!!Курби доллар баланд шуд.ачаб бахонае.ТАРРИФУ ХИЗМАТРАСОНИХОИ БАЛАНДТАРИН ДАР МО.СИФАТИ ПАСТИ АЛОКАВУ ИНТЕРНЕТИ СУСТАРИНХАМ ДАР МОСТ!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)