Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 16 январ 2017, 17:55

Пешниҳод: Барои ба пой хестани “Мадонна”-и тоҷик ёрӣ диҳед

21 сентябр 2016, 09:05

Корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аз Тоҷикистон пешниҳодӣ кумак ба Муҳаммад Холов, ҳаҷвнигори тоҷикро, ки замоне ҳамчун “Мадонна” маъруф буд, саривақтӣ хондаанд.

Шаҳноз Комилзода, як корбари Фейсбук ахиран аз хабарнигорон, продюсерон ва шоуменҳои тоҷик даъват кард, дар баргузории консерти Муҳаммад дар шаҳри Душанбе дасти ёрӣ дароз кунанд.

Муҳаммад Холов 11 сол қабл дар пайи як садамаи нақлиётӣ маъюб шуд ва ҳоло бо кумаки асобағал роҳ меравад. Шаҳноз менависад, табибон гуфтаанд, ки барои комилан сиҳат шудани ӯ бояд ҷарроҳӣ анҷом дода шавад. “Вай мехоҳад бо созмон додани барномаи ҳунарӣ барои ҷарроҳиаш пул ҷамъ биёрад. Сенарияи ин корсерт омода аст, вазири фарҳанг барояш толори ройгон ҷудо кардааст. Ҳоло барои корҳои ташкилӣ ва фурӯши чипта ба ёрӣ ниёз дорад. Ба кумаки одамони фаъол ва хуб умед дорам. Биёед, барои ба по хестани ӯ ёрӣ расонем”,-навиштааст хонум Комилзода.

Бештари шарҳнависон ваъда кардаанд, ки ҳатман ба Муҳаммад Холов кумак хоҳанд кард.

Акс аз саҳифаи фейсбуки Шаҳноз Комилзода


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хами вакти бепуливу бекорида на ханда мефорад на гапи зиёти гуш кардан!!! Асабо хароб шуда рафтаст аз гаму ташвиши зиндаги!!! Ина боз обу газу телфонпули 30%и кимат мешидааст мегуянд.
Хаму орумбеки фархангира гуед кумак кунад. Мардумро ба холи худ гузоред. Вакти хандидан гузаш. Холо хама чехрахои хира асабхои хароб ва кисахои холи дорад дар кишвар.
Посух додан
  • чеки

  • 21 сентябр 2016 09:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
орумбеки фарханги ......ба Падару Модарат бо хамин гапи макулатон ...РАХМАТ
Посух додан
  • .

  • 21 сентябр 2016 10:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Наход Мухаммад номатро Мадонна куни.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!