Бахшҳо

Изҳороти Human Rights Watch ва Norwegian Helsinki Committee дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Дидбони ҳуқуқи башар ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвеж бо пахши як изҳорот гуфтаанд, ниҳодҳои ҳукуматӣ ва байниҳукуматӣ бояд буҳрони бадтар шудани ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро маҳкум кунанд. Ин нукта инчунин дар ҷаласаи 19 сентябри Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар шаҳри Варшава бо пахши як навор ироа шудааст.

Дар изҳороти муштараки ин ду созмон азҷумла гуфта шудааст: “Амрико ва Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои аъзо, ҳамчунин кишварҳои узви САҲА бояд барои набуди ислоҳот таҳримҳои ҳадафманд ҷорӣ кунанд”.

Дар идома таъкид шудааст, ки Тоҷикистон миёни вахимтарин буҳрони ҳуқуқи башар дар тӯли 20 соли ахир қарор дорад: “Мақомот давоми 2 сол аъзои ҳизби мухолифро боздошт, зиндонӣ ва шиканҷа намуда, ҳизби мухолифи пештозро террористӣ унвон кард”.

Дар изҳороти Дидбони ҳуқуқи башар ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвеж омадааст, мақомот чанде аз вакилони мудофеъ, рӯзноманигорон ва касонеро, ки баёнияҳои интиқодиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷо мекарданд, боздошт намуд. Ин ду созмон аз Амрико ва Иттиҳоди Аврупо хостаанд, барои ҳукумати Тоҷикистон як ҷадвали замонӣ дуруст кунанд, то барои анҷоми беҳбудӣ дар заминаи ҳуқуқи башар уҳдадор шавад ва рӯшан кунад, ки пайгирӣ накардани он паёмадҳои хоси сиёсиро ба дунбол хоҳад дошт: “Иқдомҳое ба монанди маҳдудияти додани раводид, ҳабси дороиҳои мақомдорони давлатӣ ва уҳдадорӣ барои нақзи ҳуқуқи инсон бо шумули шиканҷа ва боздошти худсарона гирифта мешаванд”.

Мариус Фоссум, намояндаи Кумитаи Ҳелсинкии Норвеж дар умури Осиёи Марказӣ гуфтааст: “Шарикони байналмилалии Тоҷикистон бояд ба гунаи рӯшан ва ба иттифоқи оро нақзи феълии ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон маҳкум кунанд, чун вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикисон берун аз контрол шудааст. Вошингтон, Брусел ва аъзои дигари САҲА-ро лозим аст таҳримҳои мумкинро ба сурати қонунӣ дароваранд ва имтиҳон кунанд, то беҳбудии вазъи ҳуқуқи инсон ба амал биёяд”.
Мӯҳр
бисёр икдоми хуб аз тарафи созмонхои хукуки инсон аммо бефоида ба шаф шаф кардан шафтолу хосил намешавад.ва макомоти точикистон инро хуб медонад,ки ин созмонхо факат гап мезанад халос аммо дар амал татбик намекунад барои хамин хукуи инсон руз аз руз ру ба костаги оварда истодааст.кани бинем фабрикаи чавоб чи мегуфта бошад хай ман медонам чи мегуяд,гапошон факат инхо хоин милатфуруш дигару дигар аммо ин фабрикаи чавоб фаромуш кардааст,ки бадтарини мусалмон хамон мусалмоне аст,ки аз дасту забони у дигархо озор меёбад.алабата бисёр мусибати бузург чавононе,ки барокоти умраш холо ба бисту панч нарасидааст бо тухмати итихомоти гуногун пушти панчара меравад ё мусофири дар ба дар дар давлатхои бегона мешавад пас вой бар холи милати точик.

Темур
Баъд аз хондани изхороти Мариус Фоссум, намояндаи Кумитаи Ҳелсинкии Норвеж дар умури Осиёи Марказӣ, хулоса баровардан мумкин аст, ки шояд Вошингтон, Брусел ва аъзои дигари САҲА-ро лозим астки аз ноором сохтани субботу амнияти кишвар, харчи зудтар худори намоян. Хукумати Точикистон дар 20 соли охир 7,5 млн ахолиро аз оташи чан начот доду, барои башарият фазои сулху ором фарохам овардааст. Магар зиндагии 7,5 мил инсон дар фазои сулху ором болотар набошад аз нафаронеки ифротиянд......??:??? ва ба озоди, субботу оромии башарият зарари чидди расонида истодаанд. Вахимтарин буҳрони ҳуқуқи башар дар тӯли 3-4 соли охир дар ИРОК, СУРИЯ ЛИВИЯ УКРАИНА, АфГОНИСТОН давлатхои АФРИКО, ки зиеда аз 2,5 милон инсони бехгунохро вахшиёна ба катл расонда милленхо нафари дигар бе сарпанох мондаанд ин аст,ки чунин вазъи хукуки инсон аз контрол не балки аз тарафи Вошингтон, Брусел ва аъзои дигари САҲА ба назар гирифта намешавад... магар чунин созмонхо химоягари хукуки башариятан ,???????????????


мохтобсар
ягон чиз тагйир нахохад ёфт. Таърихан зиндагии авлоду ачдоди мо точикон дар хориву зори гузаштаги. Таърихро бихонед ё номхои кадимаро тахлил кунед.
Ориёи бо точик намечаспад. Бас худфиреби!

Мурод
Ин ду ниход факат ба манфиятхои давалтхои Аврупо ва ИМА кор мекунанд, чунки аз тарафи ин давлатхо контрол мешаванд. Аврупо ва ИМА бо максади ноором сохтани вазъи сиёсии дар осиёи маркази бо хар роху восита дар байни шахрвандони ин давалтх низо бардошта истодаанд... Муддати чандин соли охир Вошингтон, Брусел ва аъзои дигари САҲА чигуна мухофизат намудани хукуки башариятро дар тамоми чахон муарифи намудаанд... багайр аз фитнаю низои динию мазхаби ва ба миён овардани чанги шахрванди ягон натичаи хубро нишон надодаанд.... Бо дасти худи хамин давалтхо тамоми чахонро оташи чанг фаро гирифтааст.. Дидбони ҳуқуқи башар ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвеж бори дигар исбот намуданд, ки як ячейкаи игвогаронаи ин давлатхо мебошад. Чунки зиндагии осоиштаю ором ва озодонаи дигар давалтхо бо хиси норозигии давлатхои Аврупо ва Амрико мегардад..

Таърихи начандон дури сиёсии дунёи муосир аз он шаходат медихад, ки касе аз давлатхои гарб ва аврупо хохиши ислохоти сиёси намудааст, имруз хамчун давлат вучуд надоранд. Масалан давлатхои шарки наздик.
Барои хамин бародарони точик ва Точикистони биёен ами Ватанмона хдмон идора ва обод кнем.

мехмон
Темур,
Аз хамин 7.5 млн. 2.5 млн. дар хоричи кишвар ягон хукук надоранд ва хамчун коргари сиёх истисмор мешаванд. Ман аз сулху амният дар Точикистон шукрона мекунам. Лекин хамин мухочирон дар Ватан кор мекарданд хуб мешуд. Зиндаги як моротиба насиби инсон мешавад. Вой бар он одамоне ки дар чавониашон гарибанду гулом, дур аз падару модар , зану фарзанд!!!!

Изҳороти Human Rights Watch ва Norwegian Helsinki Commmittee оиди вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бори дигар онро исбот кард, ки меъёрҳои ҳуқуқи инсон худсарона аз тарафи давлатҳои Аврупо ва ШМА муайян карда мешавад. Ягон нафари онҳо фикри халқро ба назар гирифтан намехоханд (ё ин ки халқ барои онҳо хамин якчанд нафари гуреза). Аҳли ҷомеа , тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон ки будани аъзоёни ҲНИТ-ро дар амал бо чашмони худ диданд. Халқ баҳои худро ба ин нафарон кайҳо боз додааст ва намехоҳад, ки мисли Сурия ё Ироқ ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ фарогир бошад. Кас ба ҳайрат меояд, то чи андоза намояндагони ин ташкилотҳо кутоҳақл мебошанд. 20 соли тинҷию амонӣ танхо тавассути Ваҳдати миллӣ ва бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ бо роҳбарии Пешвои миллат ба даст омадааст.

Салом бародаро!
Ин Ватнфурушо дар тули 25 соли истилолияти давлати хочагони хоричии худро зери парда истифода бурдан, лекин ба ягон максади нопокашон нарасиданд. Акнун руирост аз хорича шишта у хочагоншон, ки холо пурра ба мардуми точик маълум шудаанд истифода бурда истодаанд. ман боварии комил дорам, ки халки точик дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат харгиз намемонад ин хоинон ба максадхои нопоки худ бирасанд.
зинда бош Точикистони азиз зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат!

Салом ба мардуми точик!
Мардуми точик зиракии сиёсира аз даст надихед, ки ин бадхохон боз кушиши расонидани зарири худро ба мардуми точик огоз карданд. лекин мо мардуми точик бисёр умеди калон дорем аз Пешвои миллат ки хеч вакт намегузорад дар сали миллати точик ягон бадбахти ояд. мо мардуми точик умеди калон дорем, ки хамаи кушишои ин хоинон бо хочахои хоричишон бе фоида мешавад. аз дасти онхо ягончи намеояд.

Сол то сол аз зомби шудани мардум дар ачабам
Яке озоди ва адолат мехохад барояшон газабнок мешаванд.
Яке дигар бардагию гуломи чоплусияшонро мехохад минатдоранд.
Лекин ба суи кореяи шимоли рафатанашон аникаст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)