Тошпулод Юлдошев, сиёсатшиноси узбак гуфтааст, мардуми Узбакистон хоҳони муносибати хуб бо ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон ва Қирғизистон аст.
Юлдошев дар суҳбат бо бахши қирғизии “Радиои Озодӣ” гуфтааст, сиёсати инзивоӣ ва моил набудан барои ҳамкорӣ бо ҳамсояҳо ҳеч вақт пуштибонии дохилиро надошт:
“Вақт нишон медиҳад, ки оё ҳукумати феълӣ то кадом андоза афкори ҷомеаро ба назар мегирад ва ҷомеа барояшон вуҷуд дорад ё на”. Ин сиёсатшинос таъкид намуда, ки дар сурати мушоҳида шудани равандҳои мусбат бояд онҳоро дастгирӣ ва тавсеа дод:
“Фикр мекунам, ин чиз ҷониби Узбакистонро илҳом мебахшад ва марзҳоро боз нигоҳ медорад, ки ба манфиати ҳар ду тараф мебошад. Узбакистон бояд амалгаро бошад ва мушкилоти сунъиро аз роҳи гуфтугӯ ҳал кунад”.
Мӯҳр