27- 28-уми ноябри соли равон дар шаҳри «Сургут»-и Русия мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс баргузор мешавад.
Мавзуна Чориева ва Мирзо Шамсиев, шарафи ҷумҳурии моро дар ин сабқат ҳимоя хоҳанд кард. Зимнан, хабари дигари варзишӣ ин аст, ки 26-27-уми моҳи ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявии кӯҳнавардии варзишӣ гузаронида мешавад. Аз кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ки дар ин сабқат варзишгарон аз рӯи 3 сину сол, ҷавонон ва духтарони солҳои таваллуди 1993-1994 ва 1997 аз ВМКБ, вилояти Суғд, вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе ширкат меварзанд.
Мӯҳр