Бахшҳо

Рӯдакӣ эҷод кард, ШУМО БИГӮЕД (ВИДЕО)

Дар Рӯзи Рӯдакӣ, ки имрӯз, 22 сентябр дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, “Озодагон” аз чанд нафар хост, аз эҷоди сардафтари адабиёти классики тоҷик шеър бихонанд. Гулчини онро дар як навори кутоҳ гирд овардем, ки манзури хонандаҳои гиромӣ мешавад. Зимнан, аз корбарони сомонаи хабаргузорӣ ҳам даъват мекунем, аз ашъори ғании Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар Ибни Муҳаммад Рӯдакӣ ҳар чӣ дар хотир доранд, зери ин матлаб бикоранд.



Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар Ибни Муҳаммад Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент зода шудааст. Дар даврони салтанати Сомониён ба дарёфти унвони “Маликушшуаро” мушарраф гардид. Рӯдакӣ соли 941 дар зодгоҳаш даргузашт. Аз соли 2002 ба ин сӯ 22 сентябр, ки рӯзи мавлуди Рӯдакӣ дониста мешавад, дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мегардад.
Мӯҳр
бино
Озоди!
Давлати Сомониён сальанат набуд, салтанат калимаи точики нест. Модоме ки салтанат менависед моро ба туркхо мубадал мекунед. Илтимос ба забон качиро рох надихед.

Нодири
Дило, то кай ҳамеҷӯйӣ манеро,
Чӣ дорӣ дӯст ҳарза душманеро?!
Чаро ҷӯйӣ вафо аз бевафое.
Чӣ кӯбӣ беҳуда сард оҳанеро?!
Аё савсан, баногӯше, ки дорӣ,
Ба рашки хештан ҳар савсанеро!
Яке з-ин барзане нороҳ баршав,
Ки бар оташ нишонӣ барзанеро.
Дили ман арзане, ишқи ту кӯҳе.
Чӣ сойӣ зери кӯҳе арзанеро?!
Бибахшо, эй писар, бар ман бибахшо,
Макуш дар ишқ хира чун манеро!
Биё, инак нигоҳ кун Рӯдакиро,
Агар беҷон равон хоҳӣ танеро.

Naberai Rudaki
Ман мӯи хешро на аз он мекунам сиёҳ,
То боз навҷавон шаваму нав кунам гуноҳ.
Чун ҷомаҳо ба вақти мусибат сияҳ кунанд,
Ман мӯй аз мусибати пирӣ кунам сиёҳ.

Фиғони ман ҳама з-он зулфи тобдори сиёҳ,
Ки гоҳ пардаи лолост, гоҳ меъҷари моҳ,
Ба вақти хуфтанаш аз мушки суда бошад ҷой,
Ба гоҳи рафтанаш аз сими сода бошад роҳ.
Ҳазор тавбаи садсоларо ба бод диҳад,
Ҳазор зоҳиди садсоларо барад аз роҳ.
Агар саодат ҷӯйӣ, ба ҷуз ризош маҷӯй
В-агар саломат хоҳӣ, ба ҷуз ҳавош махоҳ!
Агар ба кӯҳ расад боди хашми ӯ як бор
В-агар ба коҳ расад боди меҳри ӯ ногоҳ,
Ба соат-андар монанди коҳ гардад кӯҳ,
Ба лаҳза-андар монанди кӯҳ гардад коҳ!

Изхоруддин
Ангушт макун ранча ба дар куфтани кас,
То кас накунад ранча ба дар куфтанат мушт!

Umedjon
Хар бод ки аз суи Бухоро ба ман ояд,
Бо буи гулу мушки насими суман ояд,
Бар хар зану хар мард кучо барвазад он бод,
Гуи магар он бод хаме аз Хутан ояд,..
Не, не зи Хутан бод чунин хуш навазад хеч,
К-ин бод хаме аз бари маъшуки ман ояд,
Хар шаб нигаронам ба Яман, то ту барои..
Зеро, ки Сухайливу Сухайл аз Яман ояд,
Бо харки сухан гуяму гар хохаму гар не..,
Аввал суханам номи ту андар дахан ояд..

Виркани арабзан
Нохияи Панчакент не да акнун. дар Панчакенти Самарканди бостон бояд гуфт, хечо панчакенти ёд нашудааст ( манзурам таърихномахо) ё бояд ин номи Самарканд бояд дар давоми Панчакенти буданаш бошад вагарна сахех намешавад. Рудакии Самарканди, харчанд аз Рудаки пештар хам Самарканд шоироне хамтарози у парварда буду чизе аз онхо боки намонд на ному на ёдгоре, бозёфтхо ва сангнавиштахое ки ахиран ёфтем гувох бар он аст ки Рудакиро мухите парвард ки бисёр араббадбин ва озодидусту фарханги буд ва забону адаби форсии дари дар он додгари мекард.

Said
Гирифт хоҳам зулфайни анбарини туро
Ба буса нақш кунам барги ёсумини туро

Бар он замин ту як раҳ бар ӯ қадам биниҳи
Ҳазор саҷда барам хоки он замини туро

Ҳазор буса диҳам бар саҳои номаи ту
Агар бубинам бар муҳри ӯ нигини туро

Ба теғи ҳинди бигу дасти ман ҷуд бикунанд
Агар нагирам рузе ман остини туро

Агар чи хомуши мардум ки шеър бояд гуфт
Забони ман бар вай гардад офарини туро

Умар
Биё, дилу ҷонро ба Худованд бисупорем,
Андуҳи дираму ғами динор надорем.
Ҷонро зи пайи дину диёнат бифурушем,
Вин умри фаноро ба раҳи ғазв гузорем.

В
Бӯи ҷӯи мулиён ояд ҳаме
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Реги Ому бо дуруштиҳои ӯ,
Зери по чун парниён ояд ҳаме.
Оби Ҷайҳун аз нишоти рӯи дуст,
Хинги моро то миён ояд ҳаме.
Эй Бухоро! Шод бошу дер зи,
Мир наздат шодмон ояд ҳаме.
Мир моҳ асту Бухоро осмон,
Соҳ сӯи осмон ояд ҳаме.
Мир сарв асту Бухоро бустон,
Сарв сӯи бустон ояд ҳаме.
Офарину мадҳи суд ояд ҳаме,
Гар ба ганҷ андар зиён ояд ҳаме

Аз Рудак
Агар амири ҷаҳондор доди ман надиҳад,
Чаҳор сола навиди маро ки ҳаст харом.
Ҳама ниюшаи хоҷа ба некуӣву ба сулҳ,
Ҳама ниюшаи нодон ба ҷангу кори ниғом..

Точик
Зулфи туро ҷим ки кард? Онки у,
Холи туро нуқтаи он ҷим кард.
Вон даҳани танги ту гӯӣ касе,
Донагаке нор ба ду ним кард.

Ҳасани Раштӣ
Малико, ҷашни меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.
Хез ба ҷои мулҳиму харгоҳ,
Бадали боғу бустон омад.
Маврид ба ҷойи савсан омад боз,
Май ба ҷои арғувон омад.
Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон,
Май ба бахти ту навҷавон омад

Бедандон
Маро бисуду фуру рехт ҳарчи дандон буд,
Набуд дандон лобал чароғи тобон буд,
Сапеду симзада буду дурру гуҳар марҷон буд,
Ситораи саҳари буду қатраборон буд.
Яке намонд кунун зон ҳама, бисуду бирехт,
Чи наҳс буд! Ҳамоно ки наҳси кайвон буд.
На наҳси кайвон буду на рӯзгори дароз,
Чи буд? Манат бигуям: қазои Яздон буд.
Ҷаҳон ҳамеша чунин аст, гирди гардон аст,
Ҳамеша то буд оини гард, гардон буд.
Ҳамон ки дармон бошад, ба ҷойи дард шав,
Ва боз дард, ҳамон кози нахуст дармон буд.
Куҳан кунад ба замоне ҳамон куҷо нав буд,
Ва нав кунад ба замоне ҳамон ки халқон буд.
Басо шикаста биёбон, ки боғи хуррам буд.
Ва боғи хуррам гашт он куҷо биёбон буд.

Бухорои
Ҳар бод ки аз сӯи Бухоро ма ман ояд,
Бо бӯи гулу мушку насими суман ояд.
Бар ҳар зану ҳар мард, куҷо барвазад он бод,
Гуӣ: магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Не не, зи Хутан бод чунин барнавазад ҳеч,
Кон бад ҳаме аз бари маъшуқи ман ояд.
Ҳар шаб нигаронам ба Яман то: ту бароӣ,
Зероки Суҳайливу Суҳайл аз Яман ояд.
Кушам ки: бипушам, санамо, номи ту аз халқ,
То номи ту кам дар даҳани анҷуман ояд.
Бо ҳар ки сухан гуям, гар хоҳаму гар не,
Аввал суханам номи ту андар даҳан ояд

amir
Нигорино, шунидастам ки: гоҳ меҳнату роҳат,
Се пироҳан салби дусти Юсуфро ба умр андар.
Яке аз кайд шуд пурхун, дувум шуд чок аз туҳмат.
Савум Яъқубро аз буш равшан гашт чашм тар.
Рухам монад бадон аввал, дилам монад бадон сони,
Насиби ман шавад дар васли он пироҳани дигар?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)