Бахшҳо
22 сен 2016 11:20Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Президент хостори грантҳои БОР дар шароити буҳронӣ шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 22-юми сентябр дар мулоқот бо Венкай Жангро, ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд густариши ҳамкориҳо дар шароити буҳрониро баррасӣ кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Венкай Жангро вобаста ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ва таъсири бӯҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ пешниҳод гардид, ки ҳаҷми маблағгузорӣ дар намуди маблағҳои имтиёзноки грантӣ аз ҷониби Бонк мавриди баррасӣ қарор дода шавад: “Чунин як пешниҳоди дигар дар робита ба таҷдиду барқарорсозии Нерӯгоҳи барқии обии Норак, инчунин ворид кардани Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Қӯрғонтеппа-Данғара-Кӯлоб ва Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Ваҳдат-Ҷиргатол-Қарамиқ дар соли 2017 ба Нақшаи индикативии маблағгузории Бонк барои солҳои 2016-2018 ба миён гузошта шуд”.

Манбаъ афзуд, дар маҷмуъ Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии Бонк дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, буҷети давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ, рушди бахши хусусӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намудаст, ки тӯли солҳои ҳамкорӣ Бонк тақрибан 1,5 миллиард доллар ба Тоҷикистон маблағгузорӣ намуд: “Лоиҳаҳои фаъоли он ба маблағи зиёда аз 785 миллион доллар дар соҳаҳои гуногун амалӣ шуда истодааст”.
Мӯҳр
Барои ояндагон сохтани роху пулу дигар лозим, аммо барои имруз зиндаги мекардагихо чи?! О агроинвестбонкро, ки 51 фоизаш давлатист, пул намегузаронанд, ки мардуме, ки як умр нахурдаву напушида тамоми умрро сарф карда ду сум пул чамъ кардааст, диханд. Мо хам дар хонаи худамон мурем,охир на дар квартираи бегона.

Агар агроинвесбонк ба ихтиёри худ бонкрот мешуд, ин давлати Точики хамашона ба дор бо бандхои худашон овардаги меовехт, аммо афсус ки ин чо низ дасти пуркудрате расидааст, ки пула гирифта бонка банкрот кардааст. Хама маълум аст. Ягон чиз пинхон дуру дароз нахохад монд. Хар чизе ки пинхон аст рузе нихон мешавад.

Шамшер, ш. Душанбе.
Бонк бояд он кадар мустакиле бошад, ки дар халли масъалахои молияви дахолатнопазирияшро ягон ниход вайрон карда натавонад. Чанобони бонкирхо! Вакте ки ба пули мардум сару кор мегиред, бояд масъулияти оханин дошта бошед. Агар ба руи дор хам бубарантон, аз масъулиятхои доштаатон сарфи назар накунед. Холо ба пули мардум, ки ба нуги сузан чамъ овардаю бо риштаи чонашон пайваст аст, чи чавоб медихед? Чаро амонатро хиёнат кардед? Чаро тпулро харч мекунеду аз сохибонашон намепурсед?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)