Бахшҳо

Ислоҳоти кадрӣ дар ҳукумат: Баъди Референдум, баъди Истиқлол. Кай?

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Дар Тоҷикистон қабл аз ҷашнҳои муҳими давлатӣ сару садоҳое баланд мешавад, ки ҳукумат ва ё раисҷумҳур баъди ҳамин ҷашн даст ба ислоҳоти густардаи кадрӣ мезанад. Ин сару садоҳо ҳамеша аз ҷашне ба ҷашне мунтақил мешаванд. Ин гуна шоеъотро қабл аз ҳама ду гуруҳе аз мардум оммавӣ мекунанд:
1. Онҳое, ки аз ин ё он роҳ ваъдаи соҳиби мансаб шуданро гирифтаанд ва мехоҳанд, ки дар наздиктарин фурсат ба мансаб бирасанд;
2. Гуруҳе, ки ҳанӯз ба ислоҳот дар низом, хусусан ислоҳоти кадрӣ умед доранд ва яке аз роҳҳои пешрафту суботро маҳз ҳамин амал медонанд.

Пайдо шудани ин гуна овозаҳо пеши мо як суолро мегузорад, ки оё метавонем шоҳиди чунин як ислоҳот шавем? Ҷавоб ба ин суол аз сӯ агар мушкил бошад, вале аз сӯйи дигар, бо дар назар гирифтани сиёсати кадрии ҳукумат дар давоми 24 сол осон аст. Масъала ин ҷост, ки ҳукумати мо ҳеч вақте ба ислоҳоти кадрӣ даст назадааст. Агар ҳам даст зада бошад, наметавонем онро ислоҳот биномем, балки ҳамеша тағйироти кадрӣ сурат гирифта, ки як мансабдоре мансабашро бо мансаби дигаре бадал кардааст ё бознишаста шудааст. Албатта, дар Тоҷикистон баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ як чунин ислоҳоти кадрӣ сурат гирифт, вале ин ислоҳот як ислоҳоти тавофуқӣ буд, на ислоҳоти огоҳонаву решаӣ. Дар ин ислоҳот дар баробари ба мансаб расидани сӣ дар сад аз чеҳраҳои мухолифин, инчунин чеҳраҳои ҷангсолори зиёде аз ҳукумат ҳам соҳиби мансабҳои давлатӣ шуданд. Ба ин нукта ҳам бояд ишора кард, дар он замон, аз ду тараф хелеҳое соҳиби мансаб шуданд, ки аслан шоистагӣ ва лаёқаташро надоштанд. Аммо бо такя бар ин асл, ки вазъ ва шароити ҳамон рӯз чунин як тасмимро тақозо мекард, мо ҳам наметавонем дар мавридаш зиёд андеша биронем.

Вале аз соли 2000 ба баъд мо ҳеч мавриди дигар шоҳиди ислоҳоти кадрӣ дар ҳукумат набудем. Албатта тағйирот, хусусан тағйироти пурсару садо зиёд иттифоқ афтод. Аммо ислоҳоте, ки ҳукумат дар лаҳзаҳои буҳронӣ тими навре вориди худ карда бошаду он тим масъули аз буҳрон берун кардани давлат шуда бошад, шоҳид нашудем. Ҳамчунин мо шоҳиди иродаи сиёсии ҳукумат, ки битавонад аз шумули намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои мухолиф ва ё мутахассисони муваффақе, ки дар хориҷ таҳсил кардаанду нафарони шинохташудае мебошанд, сафҳои худро мутанавеъ бигардонад, набудаем.

Ҷорҷ Фрост Кеннан, сиёсатшинос ва дипломати маъруфи амрикоӣ, падари идеявии доктринаи сиёсати хориҷии ИМА бо номи “сиёсати маҳоркунӣ” дар замони Ҷанги сард дар яке аз мақолаҳои маъруфи худ бо номи “Манобеи рафтори Шӯравӣ” дар мавриди сиёсати кадрӣ чунин мегӯяд: “Сиёсати кадриро ба ман вогузор кунед, то ман тамоми сиёсатро таҳти назорати худ қарор бидиҳам”.

Дар мудирияти сиёсӣ кайҳо собит шудааст, ки асли муваффақияти ҳар ҳукумат дар сиёсати кадрии он аст. Ин ҳарфи Кеннан, пеш аз ҳама ба ҳукуматҳое дахл дорад, ки ба вуҷуди солиёни зиёд дар даст доштани идораи давлат натавонистаанд сиёсати муваффақи кадриро соҳиб шаванд. Тоҷикистон ҳам аз шумули кишварҳоест, ки сиёсати кадрияш борҳо ва борҳо мавридин интиқоди шадиди мухолифин ва коршиносони дохилу хориҷ қарор гирифтааст. Хусусан вуҷуди непотизм дар сиёсати кадрии Тоҷикистонро коршиносон яке аз омилҳои хатарзо ба суботу амният ва омилҳои боздорандаи рушди кишвар медонанд.

Акнун, ки ҷашни 25-солагии Истиқлол ҳам пушти сар шуд, дар такя ба ҳамон овозаҳое, ки пайдо шудааст, оё мо ба ислоҳоти кадрӣ дар ҳукумат метавонем умед бибандем? Бар асоси таҳлиле, ки дар боло сурат гирифт, мешавад гуфт, ки ислоҳоти кадрӣ сурат намегирад, вале шояд то охирҳои сол тағйироти кадрӣ ба амал биояд. Вале ин тағйироти кадрӣ чандон тағйироти махсусе намешавад ва умдатан соҳибони мансабҳои калидии ҳукумат дар ҷойи худ боқӣ мемонанд. Албатта, хонанда савол медиҳад, ки чаро ислоҳоти кадрӣ сурат намегирифтааст? Ҷавоб ҳам метавонад ин бошад. Аз соли гузашта бар пайи буҳрони молиявию иқтисодии Русия Тоҷикистони вобаста аз пули муҳоҷирин низ ба буҳрон расид, умедвории ҳама ин буд, ки ҳукумат як ислоҳоти кадрӣ, ҳадди аққал дар блоки иқтисодӣ мекунад, то дар даврони буҳрон бишавад аз оқибатҳои манфии он пешгирӣ кард. Вақте дар лаҳзаи ҳасос мо натавонистем шоҳиди як чунин ислоҳот бошем, пас дар замоне ки гуфта мешавад марҳилаи наҷоти иқтисоди Русия шурӯъ шудааст, ислоҳоти кадриро умедвор буданд мантиқи устуворе надорад.

Вале новобаста аз ин ки Тоҷикистон аз буҳрон бо чӣ роҳе бадар мешавад (аслан вазъи Тоҷикистон ҳамеша буҳронист) ниёзи як ислоҳоти фарогир, аз ҷумла ислоҳоти кадрӣ ҳамеша вуҷуд дорад. Мо дар чандин лаҳзаҳои ҳассоси сиёсиву иқтисодӣ дидем, ки ҳукумат аз худ иродаи сиёсии ислоҳотро нишон надод. Оё дар оянда мо чунин як иродаи ҳукуматро мебинем ё не, посухи рушане надорад. Вале улгуйи дигаре, ки эътибори мардумро назди ҷомеа ва мардум зиёд кунад, ба ҷуз ислоҳот, вуҷуд надорад. Эътимоди мардумро ҳукумат дар натиҷаи изҳори иродаи сиёсӣ ва пазируфтани интизороти ҷомеа ба даст меоварад ва аз ҳамин роҳ суботи ҷомеа ва қудрати худро тамдид мекунад.

Ҳоло агар ба он овозаҳо ҳам бовар бикунем ниёзи ҷомеа аз ислоҳот чист? Ниёзи бештари мардум аз ин тағйирот чизи дигарест. Барои мардум ва ҷомеа хеле муҳим аст, ки ҳар ислоҳот ва бигузор тағйироти кадрӣ, битавонад пешрафте дар зиндагии онҳо эҷод кунад. Ислоҳот бояд тарзе сурат бигирад, ки муҷиби ҷаҳишҳои тозаи иҷтимоӣ гардад. Албатта бо омадани фигураҳои нав ба ҳайати ҳукумати кишвар ҳам мешавад ба пешрафтҳо умед баст. Вале ин ки чаро кадрҳо аз ҳисоби нафарони ҷомеаи маданӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, соҳибкорони муваффақ ва дигар пештозони ҷамъиятӣ таъин намегарданд ва ё мо шоҳиди кам ворид шудани фигураҳои нав ба ҳукумат намешавем, посухашро бояд аз хосияти қудрат дар кишвар ҷӯст.
Мӯҳр
Султон
Иршодбой !!! Пояҳо давлатдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам ва сиёсати кадриаш муваффақ аст. Аз он, ки вақти худро барои интизори ба тағйироти кадри сарф мекунӣ бирав пайи омузишшу касби пешакардаат шав, чун насиби навиштаи пешониат ҳамун аст. Аз он, ки Ҳукумат киро куҷо мемонаду киро аз куҷо мегирад салоҳияту кори худаш аст.

Огои султон хеле бо эхсосот сухан мекуни аммо чи гуфтанатро худат нафахмида мемони аммо ин дарде ки шумо доред ман хуб мефахмам,шумо коре кунед бояд чавоб дихед гандами бадми шумо коре карда онро ба гуши мардум нагз нишон дихед ин коро накунедам намешад зеро шумо намехохед чои гарматон хунук шавад хаминхел не аммо шумо фикри милат мекунед чи кадар инсонхо имрузхо сарсону саргардон ба як бурда нон зор хастан бирав бозорхои душанбе пури талбандахо шудаст ибрат гир чашмони мубаракатонро калон кушоед?

Озод
Салому дуруд ба кормандони Сайти Озодагон барои чунин мавзухои чолибу пурмазмун!
Вокеан, имруз Хукумати мо дар масъалахои интихоб ва чобачогузори мутахассисони сохикасбу боистеъдод бояд бисер бодиккат бошанд.


Шахрванд
Султон,
хукумат киро кучо мемонад, кори худаш не - кори МАН аст - шахрванде, ки андоз месупорад ва аз ин маблаг ин хукумат мохона мегирад.

Самад
Аз начальник кадр сар кардан даркор

Darvesh
Шахрванд,
Andoz in rohi asossi giriftani mohonai khud nest beilm!!!

мехмон
[b]Шахрванд
то он даме ки кадрхо таъин мешаванд ислохот намешавад. Бояд тамоми структураи давлатии идоракунанда бо тарзи овоздихии умумишахрвандии махали зист интихоб гарданд. Он вакт интихобшуда масъулият хис мекунад. Шахсони таъиншуда тасодуфи буда бо умеди тагояшон мешаванду кор намекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)