Бахшҳо
23 сен 2016 16:09Тоҷикистон / Сиёсат

Ҳайати Тоҷикистон бо нишони эътироз ҷаласаи САҲА-ро тарк кард

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи САҲА, ки Зариф Ализода, омбудсмени тоҷик низ шомили он аст, имрӯз, 23 сентябр бо нишони эътироз аз ҳузури намояндагони ҳизбу гуруҳҳои мамнӯъ дар ин ҳамоиш, эълон кард, ки ҷаласаро тарк мекунад.

Дар изҳороти ҳайати Тоҷикистон, ки торнамои расмии САҲА нашр кардааст, таъкид мешавад, “мо ҳузури бархе аз афроди ҷинояткор ва мавриди кофтукоббударо дар ҷаласаи САҲА, таҳдиду фишорҳоро таҳаммул кардем. Аммо рӯзи гузашта онҳо аз ҳад гузаронданд ва моро водор карданд, ки вокуниш нишон диҳем”.

Ҳайати Тоҷикистон бо эълони ин нукта, ки ҷаласа дар мавриди демократию ҳуқуқи инсонро тарк мекунад, гуфтааст, даъвои гуруҳи эътирозгар дар мавриди таъқиби сиёсӣ асос надорад: “Ҳадафи онҳо бадном кардани ҳукумати Тоҷикистон ва худро ҷабрдида нишон додан аст. Ба ҳамин минвол мехоҳанд аз пуштибонии сиёсӣ бархӯрдор шаванду ҳаққи иқомати доимӣ дар Аврупо бигиранд. Агар барои ҷинояткорон ин роҳи гурез аз ҷавобгарӣ аст, барои бархеи дигар роҳи осони ба Аврупо рафтан мебошад”.

Дар мавриди таъқиби вакилони дифои 13 узви маҳкумшудаи раёсати ҲНИТ ҳайати расмии Тоҷикистон изҳор доштааст, ба ҳимояи маҳкумшудаҳо 16 вакили дифоъ машғул буданд: “Аммо ҳамагӣ ду нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд, ки ба иштирокашон дар парвандаи аъзои раёсати ҲНИТ рабт надорад”.

Ҳайати Тоҷикистон эълон кардааст, аз рӯзи аввали ҷаласа намояндаҳои гуруҳҳои мамнӯъ дар Тоҷикистон аъзои ҳайатро мавриди таъқибу фишор қарор доданд: “Дар пайи таъқибҳо се рӯзноманигор ҷаласаро тарк карданд ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз робита бо ин афрод мегурезанд. Роҳ ёфтани афроди ҷинояткор ба ҷаласа барои гуфтугӯи созанда мусоидат намекунад”.

Намояндагони Тоҷикистон аз аъзои кишварҳои узви САҲА, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ даъват кардаанд, ҷаласаи солонаи ин созмонро ба “бюрои шикоятҳо” табдил надиҳанд: “Изҳороти мо набояд чун баҳона баҳогузорӣ шаванд. Бо назардошти гуфтаҳои боло ҳайати Тоҷикистон ҷаласаи САҲА оид ба ҳуқуқии инсонро тарк мекунад”.
Мӯҳр
ватандуст
Ин бехтарин икдом З.Ализода. Ин созмон ОБСЕ дар Точикистон бояд баста шавад. ОБСЕ созмони терористи мебошад.

мехмон
Барои чи БА Аврупо мераванд ?

Хакгу
САХА барои чи Амрикоро доир ба поймолкунии хукуки мардуми Сурия, Афгонистон ва дигар кишвархоро назорат намекунад. Чаро мардуми озиятдидаи Сурияро ба толор рох намедихад то ин ки азобу кулфати худро ба чомеааи чахони арз намоянд? Аммо ба як Точикистони орому осуда часпидааст??? Ин чигуна созмон аст, ки аз чинояткорон бидуни тахкик пуштибони карда, чаласаро ба митинг табдил додааст???

бетараф
дар мукобили мухолифин шикаст хурдаанд бахои ин шармандагиро чигуна мепардохта бошанд тири худо садо надорад вакте, ки зад даво надорад

Бечора
Дар чунин чаласахо нишастанам даркор набуд чи гуна хайати Точикистон дар ин чаласа токат кардааст.... хайати Точикистонро мебоист хангоми даромадани террористон ба бино дохили онро тарк кард... чаро бо хамрохии хунхурон нишастаанд..

Ба ОБСЕ расонданием, ки аз оне, ки хоинони миллати тоҷикро пуштибони мекунед, беҳтараш оиди хатари парокандашавии Иттиҳоди Аврупо, бо ҳам носозгор шудани кишварҳои ин иттиҳод, хатари аз байн рафтани ибораи Европои чораандеши менамудед, беҳтар буд.

Ба ҳамин минвол мехоҳанд аз пуштибонии сиёсӣ бархӯрдор шаванду ҳаққи иқомати доимӣ дар Аврупо бигиранд. Агар барои ҷинояткорон ин роҳи гурез аз ҷавобгарӣ аст, барои бархеи дигар роҳи осони ба Аврупо рафтан мебошад”.
Барои чи як шахрванд дар кишвараш амният надощта ба кишвари дигар панох чуяд?

obo
ЧАВОНОНИ ФАЪОЛ? Мақомоти маҳаллии Қирғизистон 5-6 рӯз пеш ба ҳудди 500 метр дарунтари замини мо дар канори деҳаи Оқсой нишони давлати худро гузоштанд ва он заминро аз худ карданианд. Он ҷоро 24 соати шабонарӯз сарҳадбонҳои қирғиз посбонӣ мекунанд ва намегузоранд ба заминҳоямон дохил шавем. ” ЧУРЪАТ ДОРЕД ДАР ХАМИН ГАРМИ ТАНАТОН РАФТА ДАР НАЗДИ САФОРАТИ Қирғизистон ТАЗОХУРОТ КУНЕД КИ ЗАМИНИ МОРО БАР ГАРДОНЕД?

Devona
Хакгу,
Ба фикрам хамаи комментнависи боло 1 нафар аст. Сурияву Афгонистон мегуи , вале намегуи ки тамоми гурезахои суриягиву афгони мусулмони ту дар Аврупо чой ефтанд, на дар Точикистони гул-гулшукуфони ту. САХА аз хукумати ту хостаст,ки говсудкунира бас кунад, вассалом. ХУб ХНИТ, гурухи 24 гунахкор , вале чаро 5-6 нафар адвокатхо, Зайд Саид ва бисер нафарони дигар гунохашон исбот ношуда ба мухлати дароз паси панчара рафтан?

Virkan
Бародарони гироми САХА дар Точикистон ва дар тамоми кишвархо як корро ичро мекунад, отработать свой срок, свои гонорары и свою зарплату, им плевать что творится в мире и что творится в Таджикистане. Лучше полностью закрыть и отказаться от всего в рамках ОБСЕ.

у
Тарсида гурехтаанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)