Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 21 феврал 2019, 04:17

Узрхоҳии Резеда барои клипи баҳсбарангезаш дар саҳни масҷид (ВИДЕО)

26 сентябр 2016, 12:09

Резеда Ганиуллина, сарояндаи маъруфи Тотористон дар пайи интиқодҳо аз клипи наваш, ки дар пасманзари масҷиди Сафеди шаҳри Болгар сабт шуд, узрхоҳӣ кардааст.

Дар ин клип, ки бар таронаи “Жаним” бардошта шудааст, Резеда бо либосҳои нимбараҳна мерақсад. Ӯ дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" навиштааст, "агар ин клип эҳсоси касеро нохун зада бошад, маъзарат мехоҳам. Ин образи саҳнавии ман аст. Рақси шарқӣ –стил ва махсусияти ман аст".

Нашри клипи "Женим" сару садоҳои зиёдеро дар пай дошт. Аз ҷумла Комил Самигулин, муфтии Тотористон дар вокуниш ба он дар саҳфаи интернетиаш навишт, масҷид Хонаи Худо буда, на ҷои рақс, балки макони тоату ибодат мебошад.

Дар ҳамин ҳол, Рустам Батров, муовини аввали муфтии Тотористон гуфтааст, муфтиёт барои аз шабакаҳои иҷтимоӣ тоза кардани клипи Резеда талош хоҳад кард.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Абдурахим

  • 26 сентябр 2016 12:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
э рут ... кати ами стилит мембри рафта дар дискатека хта хамитари кни бо ягон стилдустдорт пулут медод............
Посух додан
  • Abdullo

  • 26 сентябр 2016 13:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба навор гирифтани клип бо либоси барахна дар сахни масчид, ки чои тоату ибодат мебошад ин худ бе аклу фаросат ва бе маданият будани сарояндаро нишон медихад.
Посух додан
  • Сарманшаъ

  • 26 сентябр 2016 13:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
И мардум ёфтиян гапаву кора мекунан ва дар паяш узр мехоханд. Мисле ки Амрико артиши Сурияро заду сони узр хост.
Посух додан
  • Devona

  • 26 сентябр 2016 13:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Honai hudo bo hamin raksi zebo boz didanivu hush metobad...
Посух додан
  • Али

  • 29 сентябр 2016 02:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин нишонаи беғайратии Мусулмонон аст,ки руз то руз беғайрат шуда рафтестан. Аз Хонаи Офаридагорат,ки дифоъ карда натони пас дигар чист???... Худо рахм кунад.
Посух додан
  • Мусалмон

  • 30 сентябр 2016 19:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Али,
Рост гуфти бародар руз то руз бегайрат шуда истодаем. Худованд нигах дорад мусалмонхоро ва гайрати онхоро зиёд гардонад. Ин нишонаи заифии имони мост. Ба зиндагии дунё зиёд дил бастаем.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!