Бахшҳо
27 сен 2016 19:08Тоҷикистон / Сиёсат

Факултаи ҳуқуқи ДМТ: САҲА бояд аз мардум ва Ҳукумати Тоҷикистон узрхоҳӣ намояд

Дар ин изҳороти ҳуқуқшиносони оянда омадааст, ки “ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонони кишвар ва дигар қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон имрӯз ба нақшаи тарҳрезинамудаи САҲА ҳангоми ҷаласаи солонааш оид ба ченакҳои инсонӣ дар Варшава бо нафрат нигариста, онро маҳкум менамоянд”.

Ин ҷавонон дар изҳороти худ гуфтаанд, ки “давлати мустақил ва соҳибихтиёри мо имрӯз «рашки» давлатҳои Аврупо гаштааст” ва “таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар рӯзу ҳар соат пеш рафта истодааст. Ҳасудони ин давлат ва душманони ин миллат аз ибтидо барои монеъ шудан ба ин ҳама пешравиҳо тамоми роҳу воситаҳоро истифода мебурданд ва ҳоло ҳам бурда истодаанд. Чун тамоми ҳиллаву найрангро истифода бурда, диданд, ки тирашон хок хӯрд, роҳи нави сад гузоштан ба рушди кишвари моро пеш гирифтанд”.

Созмонони ҷавонони факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ эътирозгарони мухолифро дар ҷаласаи Варшаваи САҲА “чанд хоини ин миллат”, “хоинони фурухташуда”, “бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ”, “манқурт” номида, ба гуфти худ “нақшаи тарҳрезинамудаи САҲА-ро чунин баҳогузорӣ” намудаанд:
“Ба ҷаласаи САҲА оид ба ченакҳои инсонӣ, ки дар Варшава баргузор гардид, роҳ додани мухолифони Ватани мо ва он ҳам шахсоне, ки бо гуноҳи терроризм ва экстремизм дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд, зидди мақсаду маромҳои ин созмон буда, пуштибонӣ аз террористон ва дастгиру ҳамфикри ташкилотҳои террористӣ будан маҳсуб меёбад”.

Дар поёни изҳороти худ “ҳамчун ҷавонони ҳуқуқшинос ба САҲА оид ба бартараф намудани чунин камбудӣ ва дубора баргардонидани обрӯ ва мавқеаш дар минтақа якчанд тавсия” додаанд: САҲА бояд бо намояндагони ҲНИТ ва дигар ташкилотҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташон дар асоси санадҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, ҳамкориро катъ намояд; ба мардум ва шаҳрвандони ин кишвар, қонунҳои қабулкардаи мақомоти қонунгузории мо ва иродаи халқи Тоҷикистон арҷ гузорад; вазъи ҳуқуқи инсон, риоя ё поймол шудани онро на аз террористон ё хоинони берунӣ, балки аз халқи Тоҷикистон ва шаҳрвандони ин мамлакат пурсон шавад; дастандаркорони нақшаи ғаразнок тарҳрезишудаи ҷаласаи Варшаваро оид ба ченакҳои инсонӣ барои вайрон намудани мақсаду маром ин созмон аз кор ронад.

Мӯҳр
Философ
Пешниход мекунем, ки кумаки башардустонаи Иттиходи Аврупо ба нишонаи эътироз кабул карда нашавад. Шояд онхо фахманд, ки то кадом дарача хатои бузург кардаанд. Мо ёрии онхоро бе ягон шарт кабул мекунему, онхо бошад нисбати мо нохурмати мекунанд.

агар ватани мо хамин хел бо суръати баландтарини чахони пеш рафтан гирад мо чавонон хамаи созмонхои бонуфузи дунёро гап зани намемонем факат мо метавонем


Аз рафтору кирдори САХА дар Польша маълум шудаистодааст, ки у давоми НАТО мебошад. Парда кушода мешавад..................

Инчо назар кунед.
https://catoday.org/centrasia/29327-kazahskiy-zhurnalist-v-centre-dushanbe-vozle-

pamyatnika-somoni-milicionery-vymogali-u-menya-dengi.html

Вакте дар ватан бошиву кор набошад, гурусна боши. Ин хел озоди чи дар кор. Россияхам рафта нашавад визахора махкам карданд, Депортапон карданд 5-сола. Дар Точикистон тамоман пешрави нест. Хар-руз дар телевизор факат таърифу -тавсиф меравад. Мегуянд дар фалончо корхона кушодем ниме чанд одам бо чои кор таъмин хаст. Баъди як хафта равед бинед. Худ Казоват кунед! Мардум! Дар чашми шумо Хок мепошанд..!

комунист
шармандахо боз худро ояндаи тч меноманд шумо чавонон лаганбардорони ояндаед.шумо худ намедонед демократияву озоди чист мардум Ноно хурдан надорад инхо митингу номанависи мекунанд киргизхо парчаму герби худро дар дохили точикистон задан кани баонхо номаю эхтироз баён кунед?шармандахо хайф башумо садкаи номи дониш чу шавед!

Ануши Суғдӣ
Умар садқаи номи донишҷӯи ДМТ шавӣ. Нону намаки ДМТ виҷдонатро азоб диҳад. Ҳар калимаву ҳарфи устодон, ки ёдат додаанд, ба нафъат нарасад.

Озоди маьнои озод будан ва мувофики иродаи худ амал кардан аст. Озоди бехтарин арзищ барои инсон аст. Дар Точикистон озоди то дарачае хаст, ки ба мисли хавои фазо, ки мо ба кадраш намерасем. Як лукмаи хароми душманро аз он волотар мехисобем. Захри ин гуна фитнахоро мардуми чабрдида аз тачовузхои чинояткорани Ироку Сурия мекашанд. Барои чи ту мегуи агар гурусна бошам озоди чи даркор. Пас хамин Суоли худро ба мардуми Сурия, Ирок, Яман ва г. дех ва гущ кун ба ту чи чавоб мегуянд?. Озоди барои ту шароит меорад,ки кор куни,мехнат куни, касб омузи,илм омузи ва зиндагиатро пеш бари. Маьнои онро надорад, ки озоди барои ту кор таьмин мекунад, дар холе ки ту акли гап задан надори, маьнои як калимаи точикиро сарфахм намерави. Хамон нафароне чунин саволхои бемаьни менависанд, ки на касб доранд,на савод доранд,на акл доранд, на дониш. Рузи дароз дар сари интерне нишаста ба хама хабархо тавсир менависанд аммо акле нест,ки хамин вакти дареги худро барои пешравии зиндагиашон сарф кунанд. Ва е касе хасти ки аз ин суханхоят маощ мегири, пас ин касби ту аст, пас акл дори зиндагиат пеш меравад ку, фикри худро кун. Хар кас фикри зиндагии хещро кунад, чомеа аз ин хам пеш меравад.
Философ,


Шоназар аз Бадахшон
Офарин факултети ҳуқуқшиносии ДМТ. Ман ҳам хатмкардаи ҳамин факултет ҳастам. Факултети ҳуқуқшиносӣ доим дар пеш аст. Манфиатҳои давлату миллатро пайвастам ҳифз менамояд. Ман фахр мекунам аз факултетам. Фаромӯш накунед, ки САҲА моро нон намедиҳад. Давлатамонро сахт қапем...

Ба комунист
Комунист агар Ленину Сталин зинда мешуд тувори коммунистро на танҳо ҷазо медод, балки аз 15 Республика бадарғаат мекард барои ин аврупоӣ ва амрикоипарастиат

Коммунист, садкаи номи коммуна шави. Чавонон ватандустанд ва фикри худро гуфтаанд. Хочагони хоричи дар мамлакати ту мехоханд ноамни кунанд, бо дасти Хнит ва гр 24. Мо инро намегузорем. Точикистон пеш меравад.иншоаллох!

Маҳмуд аз Рашт
Хуб мешуд дигар факултетҳо низ ин эмиссарони хориҷиро маҳкум мекарданд. САҲА ва дигар ташкилотҳои хориҷӣ доим ҳуқуқи инсон гуфта давлатҳоро лахтаи хун ва пора пора мекунанд.

Офарин! Ин часорати донишчуёни хукукшинос пеш аз хама аз хисси баланди ватандорист, ки аз рузхои нахустин кадам гузоштан ба донишгох омузгорон дар калби онхо тухми адолат, мардонаги, ватандусти ва часоратро мекоранд. Албата ин икдоми созмони чавонони факултети хукукшиносии ДМТ дар шароити кунуни як зарбаи аклони ба як созмони бонуфузи байналмилали, ки тули солиён зери никоби "ХУКУКИ ИНСОН" фаъолият намуда истодааст, мебoшад. На танхо ин хисси Ватандори дар калби гурухи хурд, бояд дар хуни 8 милён халки точик фавора зада, аъмоли САХА-ро махкум намуда ва аз он талаби узрхохи намоянд. Озодагон чоп намоед. Мисли Озоди гулро гирифта аз хор хазар накунед.


cobup
Ин хама спектакл мебошад ин митингу тазохуроти сценария шуда,агар дилатон ба миллат сузад мархамат ба Исфара ба дехаи Оксой ончо киргизо парчами худро ба замини мо заданд.
https://rus.ozodi.org/a/28008588.html

Ба cobup
Аз барои чӣ бошад ту ва баъзеи дигари иштирокчиёни ин муҳокима дар қиболи Тоҷикистон Қирғизистонро меоред. Чӣ мехоҳед? Қирғизистон низ аз САҲА хафа шуда чанд рӯз пеш мисли Тоҷикистон ҷаласаи САҲА-ро тарк кард. Мо бо қиргизҳо ҳамавақт дӯст будем ва ин анъанаро оянда низ идома хоҳем дод

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)